Сербистон ду санади муҳимро қабул кард

09.05.2008

Ҳукумати эътилофии Сербистон созишномаҳои муҳими ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи Аврупо ва Русияро ду рӯз пеш аз интихоботи парлумони ин кишвар қабул кард. Ҳукумат созишномаи "Эътидол ва ҳамкорӣ"-и Иттиҳодияи Аврупо ва инчунин як қарордоди энержиро бо Русия пазируфт. Қарододи энержӣ барномаҳои бунёди лӯлаи газ тавассути Сербистон ва фурӯши ширкати давлатии нафти NIS-и ин кишварро ба ширкати воҳиди Газпроми Русия дар назар мегирад.

09 Май 2008
 
09 Май 2008