Римма Казакова аз олам даргузашт

19.05.2008

Имрӯз дар Маскав шоираи маъруф Рима Казакова аз ҷаҳон даргузашт. Римма Казакова муаллифи чандин дафтари шеър аст ва нахустин маҷмӯъи ашъораш 50 сол пеш бо унвони “Мулоқот дар Шарқ” нашр шуда буд. Ин шоираи рус ба Шарқ ва аз ҷумла, ба Тоҷикистон муҳаббати зиёд дошт ва ашъори шоирони тоҷик, аз ҷумла, Гулрухсор, Қаноат, Лоиқ ва Бозорро ба русӣ тарҷума кардааст.

19 Май 2008
 
19 Май 2008