Нархи нафт рекорди нав гузошт

20.05.2008

 Имрӯз дар бозори Ню Йорк нархи нафт рекорди нав гузошт. Рӯзи сешанбе барои як баррел ва ё як бушка нафти хом 129,58 доллари амрикоӣ медоданд. Ин қимат дар муқоиса бо соли гузашта ду баробар бештар аст. Яке аз сабабҳои болоравии нархи нафт доллари заиф унвон дода шудааст.

20 Май 2008
 
20 Май 2008