Порлумони Ироқ "минтақаи сабз"-ро тарк мегӯяд

17.06.2008

Як мақоми Ироқ изҳор кард, ки шурӯъ аз тирамоҳ иҷлосияҳои порлумони кишвар на дар "минтақаи сабз", балки дар маркази Бағдод баргузор хоҳанд шуд. Муовини раиси порлумон Шайх Холид Алттия гуфт, ки аз рӯзи 1 сентябр сар карда порлумон дар бинои Маҷлиси Миллӣ фаъолият хоҳад дошт, дар биное, ки порлумони замони Саддом Ҳусейн иҷлосия доир мекард.

17 Июн 2008
 
17 Июн 2008