Билл Гейтс "Майкрософт"-ро тарк мегӯяд

27.06.2008

Билл Гейтс, поягузори ширкати "Майкрософт" имрӯз курсии раиси ин ширкати бузургро тарк мегӯяд. Аз ин баъд Гейтс, ки 52 сол дорад, бештари вақтро ба хайрия ва кор Бунёди Билл ва Мелинда Гейтс сарф хоҳад кард. Билл Гейтс яке аз сарватмандтарин афроди сайёра маҳсуб мешавад.