Ҳушдори Лигаи Арабӣ дар бораи қазияи Башир

12.07.2008

Лигаи давлатҳои арабӣ ба дунболи нашри гузоришҳо пиромуни эҳтимоли ба ҷиноёти ҷангӣ муттаҳам шудани раисиҷумҳури Судон Умар ал-Башир алайҳи сиёсӣ шудани Додгоҳи байналмилалӣ ҳушдор додааст. Нишасти вузарои хориҷаи ин созмон бо даъвати Судон ҳамин мавзӯъи эҳтимоли ба ҷиноёти ҷангӣ дар вилояти ҷангзадаи Дарфур айбдор шудани Умар ал-Баширро баррасӣ кардааст.

Хартум рӯзи ҷумъа гуфт, агар Додгоҳи байналмилалӣ раисиҷумҳури Судонро расман айбдор карда ва дастури боздошти ӯро содир кунад, ин иқдом талошҳои сулҳ дар кишварро ба ҳам хоҳад зад.