Ангела Меркел ба Украина сафар кардааст

21.07.2008

Масоили энержӣ ва ҳамин тавр, азми Украина барои пайвастан ба ИА ва НАТО аз ҷумлаи масоили аслиест, ки имрӯз дар Киев дар мулоқоти садри аъзами Олмон Ангела Меркел бо раҳбарони Украина баҳс мешаванд. Хонум Меркел гуфт, Берлин аз ҳаракати Киев ба сӯи узвият дар ИА ва НАТО ҳимоят мекунад ва умедвор аст, сафари ӯ ба Украина қадами муҳиме дар роҳи расидан ба созишномае шавад, ки ба Украина ҳаққи номзадӣ ба узвияти Иттиҳодияи Аврупоро эъто хоҳад кард.

21 Июл 2008
 
21 Июл 2008