Эронро боз танбеҳ медиҳанд?

06.08.2008

Шаш қудрати ҷаҳонӣ аз ҷумла Амрико ва Русия мувофиқат кардаанд, то дар Созмони Милал таҳримоти нави байналмилалӣ ба зидди Эрон баррасӣ шавад. Пеш аз ин Эрон ба талаби ин қудратҳо ҷиҳати боздоштани фаъолиятҳои ғанисозии ураниум дар ивази бастаи имтиёзҳои иқтисодиву сиёсӣ посухи мусбат надодааст. Ба гуфтаи сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико Гонзало Галлегос, намояндагони ин шаш кишвар рӯзи 6 август дар бораи барномаҳои атомии Эрон сӯҳбати телефонии якҷоя доштанд ва ба тарҳрезии қатъномаи наве ба зидди Эрон оғоз мекунанд. Як мақоми расмии Амрико мегӯяд, зоҳиран Эрон кашолкорӣ мекунад ва аз ин сабаб илоҷи дигаре ба ғайр аз иқдомоти нави танбеҳӣ ба зидди он кишвар вуҷуд надорад.

06 Август 2008
 
06 Август 2008