Мушкили беруншавии сарбозони рус аз Гурҷистон

18.08.2008

 

Низомиёни Русия мегӯянд, ки ихроҷи сарбозон аз Гурҷистон оғоз ёфт.  Дар ин бора муовини раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия генерал-полковник Анатолий Ноговитсин маълумот дод. 

Пеш аз ӯ хабарнигорон ва сухангӯи вазорати корҳои дохилии Гурҷистон Шота Утиашвилӣ изҳор намуданд , ҳеҷ шаҳодат нест, ки беруншавии  воҳидҳои ҷангии Русия аз хоки Гурҷистон шурӯъ шудаастПрезиденти Русия Дмитрий Медведев ваъда дода буд, ки  имрӯз беруншавии нерӯҳои Русия аз Гурҷистон оғоз меёбад. 
Дар ҳамин ҳол президенти Русия ба шаҳри Владикавказ:маркази минтақаи Осетияи Шимолии Русия рафтааст. Пешбинӣ мешавад, ӯ ба низомиёни Русия, ки дар амалиёти Осетияи Ҷанубӣ ширкат варзидаанд, ҷоиза хоҳад дод. 

18 Август 2008
 
18 Август 2008