Тағйири ҳаҷми ҳуруф   |  Чоп

07.03.2004

Паёми табрикии Раҳмонов ба занони кишвар


Салими Аюбзод

аияваимявмв

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ба муносибати иди байнулмилалии занон як паёми табрикӣ нашр кард. Дар он гуфта мешавад, ки дар ҳамаи марҳилаҳои таърихи Тоҷикистон занон дар ҷомеъа мақоми хос дошта, нақши муҳим бозидаанд.

Раҳмонов гуфт, дар давраи истиқлолияти кишвар раванди ба идораи давлат ҷалб кардани занон суръат гирифта, саҳми онҳо рӯ ба афзойиш аст, вале ин саҳм ҳанӯз кофӣ нест. Раҳмонов изҳори умедворӣ кард, ки занон дар татбиқи барномаҳои танзими оила ва тарбияи насли солим нақши арзанда хоҳанд бозид. Президенти Тоҷикистон ба ҳар як оилаи тоҷик хушбахтӣ ва фаровонӣ орзу намуд.

Аммо нашрияҳои ин ҳафтаи Тоҷикистон, ки бахши умдаи матолиби худро ба занон бахшидаанд, менависанд, вазъи занони тоҷик ташвишовар буда, онҳо дар зери фишори сахти мушкилоти рӯзгор назокати занона ва нақши парваришгари наслро аз даст медиҳад. Даҳҳо ҳазор зан аз шавҳари худ, ки дар Русия мардикорӣ мекунанд, маҳруманд ва сафи муҳоҷирони корӣ аз ҳисоби худи занон рӯ ба афзойиш аст.


Радиои Урупои Озод / Радиои Озод © 2007 RFE/RL. Inc. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. Ба мо нависед: tajikweb@rferl.org