Ба иттилоъи Ғайрат Неъматов, мураббии дастаи мунтахаби варзиши сабуки Тоҷикистон, варзишгари мумтози тоҷик Дилшод Назаров дар рақобатҳои инфиродӣ байни мардон гурзро ба масофаи 79 метру 5 сантиметр ҳаво дод, ки рекорди нави ин мусобиқоти анъанавӣ мебошад. Ӯ, ҳамчунин, натиҷаи шахсиашро беҳтар намуд.