Тағйири ҳаҷми ҳуруф   |  Чоп

26.06.2008

Олмон ба финали EURO-2008 роҳ ёфт

 Нарзуллоҳи Латиф

Баъди пирӯзии душвор бар дастаи Туркия тими миллии футболи Олмон ба бозии ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Аврупо-2008 роҳ ёфт.

 
Дастаи Олмон дар бозии аввали ниманиҳоӣ 25-уми июн дар варзишгоҳи Санкт-Якоб Парк (Базел, Швейтсария) дастаи мунтахаби Туркияро бо ҳисоби 3:2 мағлуб кард.
 
Ҳисобро Угур Борал, аз тими Туркия, дар дақиқаи 21-ум боз кард. Вале баъди 5 дақиқа бозигари дастаи Олмон Бастиан Швайнштайгер ҳисобро баробар намуд. Мирослав Клозе дар дақиқаи 78-ум Олмонро ба пеш баровард. Вале дар дақиқаи 86-ум пас аз зарбаи Семих Шентурк ҳисоб боз мусовӣ шуд. Филипп Лаҳм дар дақиқаи 90-ум голи севуми Олмонро ба самар расонда, ба дастааш пирӯзӣ овард.
 
Бад-ин тартиб, дастаи Олмон – қаҳрамони секаратаи Аврупо – ба бозии ниҳоии мусобиқот роҳхат гирифт. Бозии ниҳоӣ якшанбеи 29-уми июн дар варзишгоҳи Эрнст-Ҳаппели шаҳри Вена, пойтахти Австрия, доир мегардад. Рақиби дастаи Олмон дар бозии дувуми ниманиҳоӣ байни тимҳои Русия ва Испания, ки 26-уми июн баргузор мешавад, муайян хоҳад шуд.

Радиои Урупои Озод / Радиои Озод © 2007 RFE/RL. Inc. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. Ба мо нависед: tajikweb@rferl.org