Ҳолномаи муаллиф
Муҳаммадраҳими Сайдар
Аз соли 2001 хабарнигори радиои "Озодӣ" дар Маскав аст. Дар соли 1952 дар деҳи Шаҳринави ноҳияи Рашти Тоҷикистон ба дунё омадааст. Пас аз хатми донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе дар Радиои Тоҷикистон ва маҷаллаи "Садои Шарқ" кор карда, дар Маскав сардабирии нашрияи "Паём"-ро дар ӯҳда дошт. Муаллифи чандин асари насрии бадеӣ мебошад, ки бархе аз онҳо ба забонҳои гуногун баргардонида шудаанд.