Фарҳанг

Форсӣ ё сириллик? (Видео)

Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ

10.03.2008

Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ, номзади улуми таърихи Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Тоҷикистон мегӯяд, ҳангоми мулоқоти анъанавии Эмомалии Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо зиёиёни кишвар хостори ба хати форсӣ гузаштани Тоҷикистон хоҳад шуд. Оқои Амиршоҳӣ тайи як нома ба унвони раисҷумҳур бо далелҳои мӯътамад ҳамчунин заруратро барои Тоҷикистон асоснок кардааст.

«Ҳарфи кириллӣ моро аз олам ҷудо ва бехабар кардааст. Дастовардҳои ҷаҳонӣ тавассути ин хат барои мо дастрас нестанд. Аз осори гузаштаи худ на фақат мардуми оддӣ, балки олимони мо низ хабар надоранд. Аммо бо хати форсӣ дар Эрон ҳамаи адабиёти ҷаҳониро метавон дастрас кард. Мо имрӯз китоб менависем, аммо намедонем барои кӣ? Ҳудуди 4 миллион моро мехонанд. Дар ҳоли гузаштан ба хати форсӣ моро ҳудуди 100 млн хоҳад хонд»

Тоҷикистон, кишваре, ки дар ҳайати салтанати Шӯравӣ соли 1929 таъсис ёфта буд, аз солҳои сиюми асри гузашта аввал ба алифбои лотинӣ, баъд ба кириллӣ гузашт. Дар ҳоле ки тайи беш аз ҳазор соли ахир тоҷикон – сокинони бумии Осиёи Марказӣ дар баробари дигар порсигӯёни ҷаҳон бо алифбои арабиасос ва маъмул ба форсӣ сарукор доштанд.

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсатиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, гузаштан ба алифбоҳои лотиниву кириллӣ дар солҳои сиюм барои тоҷикон хавфнок буд ва ҳоло аз хати кириллик ба форсӣ низ паёмадҳои манфӣ хоҳад дошт:

«Инро ба сиёсати давлат қарор додан ва ба хати форсӣ дар сатҳи ҳукумат гузаштан зарурат надорад, зеро аввал хароҷот муҳим хоҳад дошт ва болотар аз ҳама, ба мисли ду дафъаи гузашта миёни тоҷиконро хоҳад шикаст. Сеюм бор мешиканад ва ин миллат дигар қудрати онро нахоҳад дошт, ки ин алифбои душворфаҳмро таҳаммул кунад. Хуб ё бад дар ҳоли ҳозир мардум хондаву навишта метавонад ва савод орад. Ман намехоҳам, ки мардуми ман бесавод шавад»



Аввалин баҳсҳо рӯйи гузариш аз хатти кирилик ба форсӣ дар Тоҷикистон интиҳоли солҳои 80 ба ҳангоми бозсозиҳои горбачёфӣ сар заданд. Тибқи Қонуни забони тоҷикӣ, ки соли 1989 ба тасвиб расид, Тоҷикистон бояд батадриҷ ба хати форсӣ мегузашт. Омӯзиши хати форсӣ то ба ҳол дар мактабҳои кишвар вуҷуд дорад, аммо теъдоди дарсҳо маҳдуд ҳастанд. Тибқи иттилоъи Вазорати маорифи Тоҷикистон, хати форсӣ дар мактабҳои кишвар аз синфи 4 то синфи 7, яъне се сол дарс дода мешавад.

Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ, номзади улуми таърихи Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Тоҷикистон мегӯяд, ин гуна омӯзиш барои гузариши Тоҷикистон ба хати форсӣ мусоидат намекунад:

«Мо намехоҳем, ки мардум яку якбора ба хати форсӣ гузарад. Аввал дар мактабҳо бояд таълим дуруст ба роҳ монда шавад. Китобҳои дарсӣ таҳия шаванд. Устодон барномаҳои таълимии муосир таҳия шаванд. Барои ин тақрибан 30 сол зарур аст»

Дар ҳамин ҳол, Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсатиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, омӯзиши хати форсӣ бояд тариқи мактабҳо сурат гирад ва аммо аз худи ҷавонон вобаста бошад, ки то кадом андоза ба он майл доранд:

«Алифбои форсӣ барои мо бегона нест. Онро ҳатто наметавон арабӣ гуфт, балки форсӣ, яъне аз мо шудааст. Аз ин хотир, аз синфи 2 дар мактаб бояд дарс дода шавад ва ҷавонон аз он чӣ ки дар Эрону Афғонистон чоп мешавад, истифода баранд. Аммо ин кор набояд ба як сиёсати давлатӣ табдил ёбад»

Иддае дигар аз коршиносон бар онанд, ки дар ҳоли заъфи мактабҳо омӯзиши хати форсӣ ба афзоиши рӯҳияҳои тундгароёна дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард, зеро ҳанӯз ҳам бар асари таблиғоти даврони шӯравӣ дар зеҳни мардуми Тоҷикистон хати форсӣ танҳо ва танҳо бо дини Ислом тавъам шуморида мешавад. Интизор меравад, ин мавзӯъ тайи як нишасти вижаи уламои Тоҷикистон дар маркази таҳлилии мавсум ба Диалог мавриди баррасӣ қарор гирад.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-10 (of 26)
Ном: Alijon аз: tjk
20.03.2008 20:28

Barodar FARUKH,agar az harfi man ozurda shudi,mazarat mekhoham,agar chande bandaro ba doshtani matiqi dagal mutahham namudi ,ammo ba khudo qasam,banda 6/7 -sol meshavad IRON hastam va dar in sarzamin donishgohhro tamom kardam va in mushkiliyero ,ki janob oli dar rostoi zabonomuzi dar madorisi IRON gufti , nadidaam .
Digar in ,ki agar peshvo va doiyat -FRIDRIKH ENGELS 70-zabon donad,bo payravi az vay chi ishkol dorad janob oli yak zaboni digarro gayr az srilik biomuzi ,onam zabone ,ki zaboni padaronad budaast ?????


Ном: Olim
19.03.2008 07:51

Man ham bo Farrukh va Manizha hamfikr hastam. Tojikiston dar hamin sharoit nametavonad ba khati Forsi guzarand, chunki baroi hamin kor mablaghi kalon zarur ast. Ba'd az in bo ivaz kardani alifbo bo Forsi kafolat namedihad ki mardum bo niyokoni xud beshtar shinos xoxad shud. Beshtari ejodiyoti niyokoni mo bo alifboi krilik dastras ast.


Ном: Farrukh аз: Florida
18.03.2008 06:52

Ba Alijon,

Man ba fikrhoi ki dar poin ovardai tu erodhoi khudro meovaram.

1) ...

2) Avvalan in ki on sukhanoni ba haqiqat nazdikro Manizha gufta boshadu Alijon yo kasi digar ne, charo man boyad ba on hamfikr nabosham. Duvvuman, khele fikri ahmaqona mebud, agar dar bahsu munozira, ki aqlu donish muboriza mebarad, jinshoi mukhtalif hamdigarro na az jihati on ki chi guft bali ki guft muinosibat kunand. Meguyand, ki "Bingar, ki chi meguyad, mangar ki ki meguyad". Va hol on
ki tu in jo az mantiqi ghalat roh pesh giriftai. Agar isboti gapi man dar sukhanoni Manizha namebud, pas mantiqat shoyad ma'ni medosht.

3) Man hanuz ham dar fikri khud boqatiyatam ki khati cyrillic az khati forsi beshtar ba nasli navras foida meovarad. Sababi avvalinash, baroi omukhtani khati cyrillic yak moh kifoya ast. Khati forsiro boshad, dar
hamon Eron ham solho meomuzand ba kudakon. Ba joi on vaqti behuda, metavon az matematika yo tabiatshinosi kudak ilm meomukht, to donishnoktar gardad. Fridrikh Engels, ki besh az 72 zabonro medonist, guftaast, ki dushvortarin khat baroyash khati forsi budaast, ki ba on
du moh sarf namudaast (hol on ki, khati lotiniro metavon dar yak ruz omukht). Va duvvumash behuda megui, ki dar 70 sol mo hej chi naomukhtem. 70 soli shuravi 98% i mardumi tojikro sohibi ma'lumot sokht, hol on ki hazorsolaho na bneshtar az 10 foizi tojikon khati
forsiro khonda metavonistand. Behuda Sadriddin Ayni ba khati cyrillic guzashtanro peshkash nakarda bud. Agar bovar namekuni, metavoni az isbothoi ustod Ayni khonda baroi, purratar ma'lumotu dalelu burhon ovarda shudaast.


Ном: Alijon аз: tjk
17.03.2008 19:19

Ba Frrukh... :
1-In harfat durust ,ki avononi mo hissi milli dorand,kosh janob oli ham juvze az onho mebudi.
2-Az in ki ba Manija hamfikri,in ham rushan ast,chun az jinsi zan tanho ishon vujud dorad injo.
3-In ki gufti khati sirilik metavonad javononi moro ba kamol rasonad,galat ast,chun agar merasond dar muddati 70-sol merasond,ammo mebinem ,ki intavr nashud.
4-In ki gufti guzashtan ba khati digar moro ba aqib mekashonad,bigzor bikashonad,modome ,ki khati hazoronsolaro shud ,ki bolshevik tagir dihad,biguzor yakbori digar in kor takror shavad.Ammo in dafa maziyati beshtar nasibamon khohad shud,chun ba asli khesh bozmegardem.
5-In ki gufti TJK dar rostoi intishori kutub qudrati mablag judo kardan nadorad ,in rabte ba asli qaziya nadorad,chun imkon doran sad soli digar ham natavonad qudrat paydo kunad ,dar hole ,ki khati sirilik ham tagir nakunad.
6-In ki gufti ustod /galat/ meguyad samarayi hamin khati sirilik ast,zero agar ba khati niyogon oshnoyi medoshti va kalomi ishonro dar borayi hurmati uston mekhondi,hargiz in harfro namezadi.
7-In ki gufti in kor /osonak / nest,ishkol nadorad,chun ki ustodoni khati forsi guftaand: Mard boyad ,ki haroson nashavad,,,Hej mushkil nest ,ki oson nashavad.
8-In ki gufti Uzbakiston dar asari guzashtan ba khati lotin ba mushkiloti farovon muvojeh shudaast,boyad arz bikunam ,ki TOJIK va TOJIKISTON gayr az UZBAK va UZBAKISTON ast,ki bo hamdigar hej rabte nadorand.
9-Vaqte ba khati forsi bargardem,chunon matlab va maorif farovon ast ,ki niyoz ba chand afsonaye ,ki zikr kardi,digar nest.
10-Ore,dar asari guzashtan ba khati forsi ba qadr meshavem,chun dar in surat va asl va farhangi asili khud bargashtaem, va har ki az asli khud ogoh boshad haroina dar chashmi olamiyon bo ehtirom khohad bud.Buzurgoni forsizabon va niyogoni khushbayoni mo guftaand, ki :Agar sesad zabon doni fuzun nest,,,Hama ruze ba kor oyad zabun nest,,,,Nadoni gar zaboni daltati khud,,,,Pashimoni nadorad oqibat sud.......
Boyad donist ,ki avvalin davlati mo va davlati shoire ki in abyotro surudaast, forsi budaast na chizi digar...


Ном: Фаррух аз: Флорида
16.03.2008 22:06

Фикри ҳамаро хонда баромада мебинам ки дар дили чавонони мо ҳисси миллӣ туғён дорад. Вале аз ҳамаи онҳо танҳо бо Манижа ҳамфирк ҳастам.

Аввалан, барои рушду равнақи ҷомеаи мо хати форсӣ аҳамияти бузурге ҳам надорад. Бо ҳамон хати сирриллик ҳам метавон насли ҷавонро ба камол расонид. Дигар, ғайр аз он ки аз як хат ба хати дигаргузарӣ моро чанд сол ба ақиб хоҳад кашид, боз муаммои аз ин ҳам бузургтаре ҳаст. Имрӯзҳо Тоҷикистон барои китобҳои дарсӣ низ баъзан наметавонад маблағ ҷудо созад. Китобҳои бадеӣ як тараф истанд. Ку, ба ман гӯед, пас аз истиқлол чанд адади нашр китоб баровардааст, ҳамон нашриётҳои Адибу Маориф? Умуман ҳанӯз вуҷуд доранд? Барои ба хати форсӣ гузоштан маблағи зиёде лозим аст. Тоҷикистони имрӯза дорои ин кор нест. Устод ғалат мегӯянд. Ин кор "осонакак" нест ва нахоҳад буд. Ӯзбекистон агарчӣ ба хати лотинӣ гузаштааст, ба душвориҳои зиёде низ дучор шудааст. Насли ҷавон ягон китоби дурустеро бо забони лотинӣ ёфта наметавонад. Ку, "Савораи Бесар" у дар куҷо мондааст "Бачаҳои капитан Грант", канӣ "Саргузашти Ҷим" ва аз куҷо метавон пайдо кард "Шаҳзода ва гадо" ро? Ин китобҳои нодирро барои он ки баргардониш кунанд, маблағи беандоза зарур аст.

Як чизро ҳеҷ намефаҳмам. Аз гузаштан ба хати форсӣ магар бо қадриятшиностар мешавем? Магар ҷомеа босаводтар хоҳанд шуд? Куҷои хати сириллик айб дорад? Бисёрии мардуми Аврупо ё Амрико бо лотинӣ менависанд. Магар амрикоӣ, ё мексикоӣ, ё бразилҳо лотин будаанд ки доранд аз хаташон фахр мекунанд?


Ном: Bezhan аз: Oslo
15.03.2008 03:16

Yagona rohi najtoti zabon az murdan, beduni shak
guzashtan ba khati Forsi ast.
Daleli unki, zaboni rusi yo khati cirilik baroi mardikoron va iqtisodi Tojik muhim ast, hej robitae ba khati Forsi nadorad.
mardikoroni tojik, ki dar zamoni shuravi tavvalud va buzurg shudand, to aloonam ba rusi khub balad nestand, ba khotire ki zaboni modariashonro ham namidonand.
Agar bo zaboni modariat durust takkkalum bikuni digar zabonro ham durust yod megiri.
Durust gufted, ruznomanigoron va zabonshinosoni mo khudashon namitavonand ravon tojiki suhbat bikunand,
hatto ovozi gushkharosh dorand.


Ном: Alijon аз: tjk
13.03.2008 18:56

Barodar Said.....
Ayni va amsoli ishon fatat niyogoni shakhsi shumo hastand,ammo niyogoni khalqi tojik Rudaki,Firdavsi,Sino,Hofizu Sadi va sadho toi digar hastand ,ki qidmati besh az hazorsola dorand.Man bo in sukhan shoir va donishmandi buzurgi tojik-S.Ayniro tavhin kardani nestam,ammo nuktafahmho fahmidaand,ki maqsadi banda chist,yane naboyad qidmat va sobiqayi besh az hazoronsolayi khudro nodida girift.....


Ном: Суман аз: Кулоб
13.03.2008 15:28

Салом устоди донишманди гироми. Ман ин андешаи шуморо чонибдор хастам. Мо бояд аз тупик берун оем. Точикистон як чазираеро мемонад, ки миёни чумхурихои туркзабони минтака дар мухосира карор дорад. Аз ин ки мо алифбои кирили дорем хеч осори чумхурихои туркиро ва хатто русиро фахмида наметавонем. Бехтарин рох баргузидани алифбои форсист. имруз мо барои чо кардани алифбо дар интернет ба пул мухточем рохи арзону осон баргаштан ба хати форси аст мо ин тачрибаро дорем аввал духатиро чори кунанд баъд ба охистаги ба форси гузарем. мо он кадар осори гаронбахову пурарзише аз донишмандони асри гузашта надорем агар дорем он хам бо забони русист аз ин ру баргардони чанд асари Айниву икромиву улугзода чандон кори мушкиле нест.
Боки вобаста ба хукуматдорон аст ки ин масъалаи бисёр мухимро дарк кунанд.
Дуогуи шумо


Ном: Olim
13.03.2008 11:24

90 foyizi daromadi Tojikistoniyon az Russiya hast, mardumi mo boyad ba omuzishi aliphboi kiriliro dar yakjoyagi bo omuzishi zaboni Rusi ahmiyati beshtar dihad. Amirshohi boshad mardumro az nav besavod kardani ast. Alifboi kirili omuzishi zaboni Rusiro ostontar kardaast. Jori kardani alifboi Forsi omuzishi zaboni Rusiro mushkiltar hohad kard. Zaboni rusi hozir yagona rohe ast ki bo on mardumi Tojik risqu ruzi dar Mascaw daryof kardan metavonad.


Ном: SAID
13.03.2008 09:30

Osori niyokon gufta shumo chiro dar nazar dored????? Tojikiston soli 20um tashkil shud, niyogonamon Ayni, qaharamoni millati mo, va digar nigonhoi mo ba'di u hama bo alifboi kirili navishtaand

Шарҳҳо 1-10 (of 26)
Ҳаҷми матн