Тоҷикистон

Шикояти соҳибкорон аз мақомоти андозситонӣ

13.06.2008

Субҳи имрӯз, 13-уми июн, беш аз 200 нафар соҳибкори шаҳри Душанбе дар назди бинои Кумитаи андози Тоҷикистон ҷамъ омаданд.

Сипас бо пешниҳоди раҳбарияти кумита онҳо вориди толори маҷлисгоҳи кумита шуда ҳудуди 3 соат бо намояндагони Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (КАҶТ) мулоқот карданд. Дар рафти мулоқот Нусратулло Давлатов ва Бахтиёр Султонов, ҷонишинони раиси КАҶТ, кӯшиш карданд, ки муҳтавои асосии тағйироти аз 1-уми июл ба Ойинномаи андози Тоҷикистон воридшавандаро ба соҳибкорони ҷамъомада фаҳмонанд.
 
Дар навбати худ, соҳибкорони марказҳои савдо ва бозорҳои пойтахт аз бесарусомонӣ ва беадолатиҳои, ба бовари онҳо, дар соҳаи андоз ҷойдошта шикоятҳои мушаххас карданд. 

Раҳбарияти кумита тасмим гирифт, ки арзу шикоят ва пешниҳодҳои соҳибкорони шаҳри Душанберо гурӯҳбандӣ намуда, ҷиҳати баррасӣ ба Вазорати молия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-4 (of 4)
Ном: точик
14.06.2008 12:10

Кумита дигар кор надорад


Ном: ali аз: eron
14.06.2008 10:53

salom ba shumo korkunoni radioi ozozzzzz


Ном: Zinda-dil
14.06.2008 09:36

Alhamdulilloh ki tojikho haqqi xudashonro ham talab karda metawonand.. InshaALLAH, ki diga in solhoi 1993 to 2005 nest, harchi hukumat khohad kunadu mardum khap binishinand..Imruz hukumat za'if shidast, va Rahmon raftanist...Hukumat hamai haddu hududi zulmu sitamra ubur kardast...Diga un waqte nest ki mardum misli ghulomho dar paxtazorho be pul kor kunand...InshaALLAH, ki misli in meetingho dar hama manotiqi tojikiston ziyod xohad shid..
Ammo ai andoz, in awwalin qadame hast dar barobari zulme ki hukumatiyon dar sari mardumi tojik bor mekunand...Xonai zolim torik khohad bud..
Bo umedi taghiirot dar watan.


Ном: andoz аз: andozshahr
13.06.2008 17:15

системаи андозбандиро дар точикистон иваз бояд кард,ки инвесторони хоричи омада кор кунанд.кормандони махалли аз андози бисьёра дилгир шуданд хоричихо умуман намеоянд.
аз мамлакатхои аврупо мисол гирифтан даркор ва чори намудан лозим

Шарҳҳо 1-4 (of 4)