Минтақаҳо

Нархи пахта дар дасти пахтакор

16.09.2008

Ҳукумати вилояти Хатлон тасмим гирифтааст, ки шурўъ аз мавсими нави ғунучини ҳосили пахта нархи онро бояд худи кишоварз таъин кунад, на каси дигар.

Бо таъкид ба ин нукта, Ғайбулло Авзалов, раиси вилояти Хатлон, дар як ҷаласаи хосаи ҳукуматӣ гуфт, аз ин ба баъд корхонаҳои коркарди пахта бояд аз деҳқонон пахтаро бо нархи баланд харидорӣ кунанд, чун пахтакорон низ барои чиниши пахта алоқамандии бештар зоҳир намоянд. Вай афзуд, дар сурати татбиқ нашудани механизми ҷадиди харид ё қабули пахта аз хоҷагии деҳқонӣ, низоми нави маблағгузории хоҷагиҳои пахтакор, ки ҳамагӣ аз бонкҳо қарз гирифтаанд, натоиҷи қобили пазириш нахоҳад дод. Ба андешаи раиси вилоят, хоҷагии кишоварзӣ бояд дар интихоби харидори «тиллои сафед» озод бошад ва ҳамзамон, корхонаҳои коркарди пахта низ хидматрасонии босифату ба қимати дастрасро роҳандозӣ намоянд.

 

Ба тахмини мақомоти кишоварзии Хатлон, дар сурати ба қимати 600 доллар харидани ҳар тонн пахта, кишоварзон ниҳоятан хароҷоташонро пўшиш дода ва низ даромад ба даст меоранд.

 

Аммо раиси Хатлон дар ҷаласаи ахири ҳукуматӣ масъулини корхонаҳои коркарди пахтаро амр дод, ҳар тон пахтаи хоҷагиҳоро ба қимати на кам аз 700-800 доллари амрикоӣ бихаранд, дар сурати акс, фаъолияти корхонаҳои мазкур аз ҷониби мақомоти давлатӣ манъ хоҳад гардид.

 

Дар вилояти Хатлон айни замон дастикам 35 корхонаи коркарди пахта фаъолият дошта ва аммо раҳбарони бисёре аз ин корхонаҳо иқрор мекунанд, ки дар ҳоли ҳозир пуле барои харидории пахта аз кишоварзонро дар ихтиёр надоранд. Иқтидори солонаи корхонаҳои пахтатозакунӣ ба ҳисоби миёна то 16 ҳазор тоннро ташкил медиҳад ва барои ба қимати то 800 доллар харидани ҳар тонна пахта ҳар яке аз корхонаҳои Хатлонро миллионҳо доллар лозим меояд.

 

Тибқи иттилои расмӣ, қарзи пахтакорони хатлонӣ ба 1-уми январи соли 2008 беш аз 300 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-6 (of 6)
Ном: дарё аз: к.теппа
03.10.2008 15:35

ман хар як икдомеро дар ин росто ба хуби мепазирам зеро акаллан ин нишон медихад ки баъзе аз ишон дар фикри мардум хастанд факат ба ин раванд суръат бахшидан лозим ва ин вобастагии зиёд аз худи бобои дехкон низ дорад. То кадом андоза онхо аз хукуки худ бохабаранду чуръати талаб кардани онро доранд?


Ном: Dustmurod аз: panjakent
19.09.2008 02:09

to kay inxel fireb mekunand mardumi mazlumro ki dar dar oftobi saxt kaland zada mehnat mekunad boz in firedbho to kay /????????????????


Ном: Shurik аз: Zargar- chapaev(Kurgon-Teppa
18.09.2008 20:06

Agar ki zuri korkhonaho ba kharidani yak tonna pakhta ba narkhi 700-800$ narasad pas ba khorija barovarda furushand Korkhonaho ba darajae kuhna shudaand ki az 10 hissa 3 hissaash kor mekunad boz hamon daomade ki dorad raisoni korkhonaho rafta 2 3 zani girifta megardand

Yagona chize ki sari rohi in korkhonahoro giriftaast in besavodi hast man 100% bovari doram ki hamai raisoni korkhonahoi tojikiston besavod hastand

raisi viloyati khatlon pesh az korkhonahoro farmon dodan avval taftish guzaron kani dar hamon korkhona yagon mutakhasis hast? ana bad koru faoliyatro ogoz kunad

Ba joi 35 korkhonai shalakai vairon 20 korkhonai nav bo tekhnologiyai nav daromadash sad maroiba khubtar meshavad agar mutakahsis boshad mana farzandoni tojik dar davlathoi khorija khonda kadrho baroi asri 21 alakai tayor ast

I gotta go and it was wonderful to share and discuss our ideas about this topic.


Ном: Ahmad аз: Kurghonteppa
18.09.2008 09:20

Ман бо шумо мувофикам бародар Рустам. Агар шахсоне ки фоидаи пахтаро аз хама зиёд мибинанд як руз пахта чинанд, нархи як кило пахтаро на 20 ва 30 дирам мекунанд, балки 2 ва ё 3 сомони мекунанд. Мардуми гулом мечинанду фоидаашро ким кихо мебинанд. Шояд ки гуломи ин табиати мардуми точик бошад! Чун яке аз пахтачинхо модари худам хаст, аз у зори ва тавалло мекунам вакте аз пахтачини меояд, ки модарчон биё мон, даркор нест хамун 20-30 сомоне ки меёби, на ним халта орд мешаваду на 5 литр равган, вале чун мардум мераванд аз рама кафо намонам гуфта у хам меравад. Канда зананд раисхо! Тавонистанд тамоми мардумро гулом кунанд, чи коргари сохтори давлати бошад, чи омузгору мардуми хонашин. Ба фикри шахсии ман бо ин рафтор пулдор пулдортар мешаваду мардуми кашоку камбагал кашоктару камбагалтар. Биёву Точикистони Сохибистиклол пеш равад. На рохи соз ба назар мерасаду на транспорити умуми, такси бошад, чой нест аз дасти таксихо дар атрофи бозори Марказии шахри Кургонтеппа, то ба бозор даромадан, агар Худованд гуши бакувват точикро намедод аз шунавои мемонди аз дасти таксихо гирди бозор, на тартиб ба назар мерасаду на интизом, коркунони БДА бошанд баъди хакашона гирифтан мисли як хайкал меистанд, хамин ки фахмиданд ягон раис меояд, каме ба интизом меоранд. Мехохам Точикистон Шукуфон, мутаракки ва пешрафта бошад ва бо ин хол оё мумкин аст!?


Ном: siraj аз: xorug
17.09.2008 21:51

besyore eqdome xub,kosh rost mebud to dehqon mablage xubero ba dast beorad.vale en vadahoro dehqonone me zeyod shunedand va lekin guftaho dar kogaz monadand va amale nashudand.ba fikre man agar hamen vadahoe hukumatdoron amale shavand,dehqonon dar oyanda zahmane zeyod mekashand to mablage xubero ba dast orand va shoyad mushkelotohe xeyode en dehqonon hal gardad.


Ном: рустам аз: сарбанд
16.09.2008 12:52

боз фиреби халки гуломи точик! то кай ин халки бечора дар гуломи ба сар мебарад?

Шарҳҳо 1-6 (of 6)