Ҷавонон

Мусоҳиба бо Муҳаммади Раҳматуллоҳ, раҳбари салафиёни Тоҷикистон

23.09.2008

Як соли ахир аст, ки дар Тоҷикистон баҳси салафиёну ҳанафиён рӯ задааст. Миёни мардум марди 35-солае бо номи Муҳаммади Раҳматулло ҳамчун раҳбари салафиёни Тоҷикистон маъруф ва шинохта шудааст.

Суоли нахустини барномаи «Ояндасоз» ба Муҳаммади Раҳматуллоҳ ин буд, ки чӣ гуна ӯ ба ҷараёни Салафия рӯ овардааст?  

 

«- Аслан, ин ҷараён нест, ин ақида аст, ақидаи гузаштаҳои мо. Мо дар ақида бо мардуми Тоҷикистон ягон мухолифат надорем. Мо фақат дар фиқҳ, баъзе амалҳоеро иҷро мекунем, ки ҳаминам аз дохили 4 мазҳаб берун нест. Барои мисол, дар тарзи намозхонӣ мо оминро баланд мегӯем, дар мазҳаби Имом Шофеъӣ ва Имом Аҳмад ибни Ҳанбал ҳам оминро баланд мегӯянд, ё ин ки мо рафъи ядайн мекунем, дар мазҳаби Имом Шофеъӣ ҳам рафъи ядайн мекунанд, ё мо дар вақти ат-Таҳиёт хондан дасти худро ҷунбонда меистем, яъне, ҳар чизе, ки мо мекунем дар дохили ин 4 мазҳаб ҳаст, фақат чаро як фарқият пайдо шуд байни мо ва онҳо? Мо ба кулли як равиши мӯайян пайравӣ намекунем, на ба мазҳаби Ҳанафӣ, на Шофеъӣ ва на Моликиву на мазҳаби Ҳанбалӣ.» 

 

- Аммо худи Шумо кай ва чаро пайрави ин ақида шудед?

 

«- Аслан ман дар Покистон таҳсил кардаам, ҳамагон медонанд, ки шояд 90 дар сади мардуми ин кишвар пайрави мазҳаби Ҳанафӣ бошанд ва ин ақидаро ман дар Покистон ҳосил накардам, тавре ки мардум ба мо нисбат медиҳанд. Тақрибан, солҳои 2001 ба Тоҷикистон омадам ва баъзе дигар ҷавонҳо ҳам аз ҳар кишвар таҳсилро хатм карда омаданд. Мо бо онҳо ҳамсӯҳбат мешудем. Як миқдоре аз онҳо фикрҳои хуб доштанд, вале дар ин байн ҷавононе буданд, ки фикрҳои тундравӣ доштанд ва ман ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон, ҳамчун як ҷавон, хостам дар байни ин ҷавонон даромада, ба онҳое, ки ақидаҳои тундравӣ доштанд, бифаҳмонам, ки не, шумо дар роҳи дуруст нестед. Роҳи дуруст ин аст.»

 

- Зимнан мегӯянд, дар миёни ҷавонони ҳамақидаатон шумо чун раҳбар шинохта мешавед ва дар расонаҳо ҳам ғолибан чун раҳбари салафиҳо муаррифӣ мешавед.

 

«- Бале, аммо вақте мо ташкилот нестем, ҷараён нестем, ҳизб нестем, пас роҳбар доштан ин маънӣ надорад. Вале ҳамчун як пешво маро қабул кардаанд, аммо ман танҳо нестам, миёни тарафдорони ин ақида фаъолон зиёданд.»

 

- Аксаран, гуфта мешавад, тарафдорони ақидаи Салафия ҷавононанд.

 

«- На танҳо ҷавононанд тарафдорони ҷараёни салафия, вале дуруст, шумори зиёдашон ҷавонони ҳудудан аз 20 то 40-солаанд.»

 

- Аммо чаро бештар ҷавонон рӯ меоранд ба ин ақида?

 

«-Ин чанд омил дорад. Нахуст интернет аст. Яъне, ҷавонҳо чун имрӯз ба интернет алоқаи зиёд доранд, вақте китобу маълумотҳои зиёдеро дар ин мавзӯъ мехонанд ва мебинанд, ки як чизе ҳаст холӣ аз таассуб, албатта ба он гароиш пайдо мекунанд. Ва дигар омили пайравии ҷавонон ба ин ақида ин шабакаҳои телевизионии моҳвораӣ аст. Шумо бубинед, ки мардум шабакаи Арабистони Саудиро тамошо мекунанд ва президенти кишвар ҳам гуфта буданд, ки Арабистони Саудӣ гаҳвораи Ислом аст. Ва дар он ҷо мардум ба тариқи мо (салафиҳо) намоз мехонанд ва ҷавононе, ки мебинанд мардум дар гаҳвораи Ислом ба ин тариқ намоз мехонанд, дар онҳо суолҳо пайдо мешавад, омада ба мо муроҷиат мекунанд, вақте мо мефаҳмонем, онҳо ҳам ин ақидаро қабул карданд.  Ва дигар ин, ки як идда домуллоҳое, ки бо мо дар ақида мухолифанд, дар минбарҳои худ ба тариқи дашному таҳқир намуда, номи моро бисёр зикр карданд ва ин ҷавонҳоро тарғиб кард ва онҳо ба назди мо омада, сӯҳбат мекарданд, ки оё ин гуфтаҳои домуллоҳо то куҷо дуруст аст? Иллати дигар ин аст, ки ҷавонони мо имрӯз дар Миср, дар Арабистони Саудӣ, Яман, Покистон ва дар Сурия дарс мехонанд ва дар он кишварҳо мардум ба ин тариқ намоз мехонанд. Вақте аз он ҷо бармегарданд, албатта инсон чизи таҳсилкардаи худро ба мардум пешкаш мекунад. Ва сабаби дигарро ман дар муҳоҷирати кории ҷавонон ба Русия мебинам. Дар масоҷиди Русия мардуми Доғистон, Ингушистон, Чечен ва як қисми мардуми Тотористон  низ ба тариқи мо намоз мегузоранд, вақте муҳориҷони меҳнатии мо як ё ду сол ба ин тариқ намоз адо мекунанд, пас омада дар ин ҷо ҳам идома медиҳанд. Яъне, ин сабабҳои гуногун дорад, на ин ки танҳо ман дар Покистон хонда бошаму, омада, мардумро ба ин ақида ташвиқ карда бошам. 5 ё 10 сол пас ин чизҳо пайдо мешуд, аз ин ҷои гурез нест.»

 

- Муҳаммад, аҳли оилаатон ҳам ҳамақидаи шумоянд ё шумо танҳо пайрави ақидаи салафиед?

 

«- Бархе аз бародарҳоям ба мисли ман намоз мегузоранд, аммо ҳастанд наздиконам, ки дар мазҳаби ҳанафиянд. Вале ман доимо ба мардум таъкид мекунем, ки мо ҳанӯз ҳам худро яке аз пайравони Имом Абӯ Ҳанифа медонем.»

 

- Дӯстону наздикон ё умуман атрофиёнатон, онҳое, ки пайрави ақидаи Шумо нестанд, бо Шумо чӣ гуна муносибат доранд?

 

«- Нисбати шахсияти ман мардум муносибати хуб доранд ва алҳамдулиллоҳ, то ба ҳол ман ягон амале накардаам, ки мухолифи ақидаи ҷомеа бошад. Онҳо маро мебинанд, медонанд, ки ман ҳеҷ тағйир нахӯрдаам, ҳамон шахсияте ҳастам, ки 10 – 15 сол пеш будам. Ва муносибатам ҳам бо дигарон тағйир наёфтааст.»

 

- Имрӯз агар як ҷавонеро бо ришу шими кӯтоҳ дар кӯча бубинанд, ӯро салафӣ фикр мекунанд. Оё метавон гуфт, ки ин ҷавонон ҳамақидаи шумо ҳастанд?

 

«- Бале ин чизро ба мо нисбат медиҳанд, вале ин ҳам дар мазҳаби Ҳанафӣ ҳатмӣ аст. Яъне, риш гузоштан воҷиб ва шимро аз буҷулак боло бардоштан лозим аст ё яке аз суннатҳои Ислом аст. Вале, мутаассифона, вақте мардум инро танҳо ба мо нисбат медиҳанд, домуллоҳое, ки худашон пайрави ин мазҳаб ҳастанд, аз ақида ё рафтори худ дифоъ карда наметавонанд. Ин чиз ҳам сабаби пешравии мо шуд.»

 

- Дар миёни ҳамақидаҳоятон шумори духтарон ҳам зиёд аст?

 

«- Бале, духтарони пайрави ақидаи салафӣ ҳам ҳастанд ва ҳамон чизҳое, ки мо мегӯем, алҳамдуллилоҳ онҳо ҳам риоя мекунанд ва дар айни замон дар макотиб дарс мехонанд ва корҳои давлатӣ ҳам мекунанд.»

 

- Шахсан худатон имрӯз ба чӣ корҳо машғулед?  

 

«- Донандаи забонҳои арабӣ, англисӣ, урду ҳастам. Курсҳои забономӯзӣ дорам. Ҳам дар забони анлисӣ ва дар арабӣ то имрӯз шояд бо ҳудудан садҳо нафар донишҷӯён ҳамкорӣ карда бошам. Дар зимн бо баъзе аз тоҷироне, ки бо кишварҳои хориҷӣ ҳамкорӣ доранду коргузориашон бо ин забонҳо аст, ман тарҷумонӣ мекунам. Ва аз ҳамин ҳисоб зиндагиамро пеш мебарам. Яъне, зиндагии мо аз дигар ҷавонон ҳеҷ фарқ надорад. Шумо биёед бубинед, кадом ҷавони салафӣ побанди варзиш нест? Кадом ҷавони салафӣ бо интернет кор карда наметавонад ё кадом ҷавони салафӣ ҳадди аққал як забони хориҷиро намедонад? Ё кадом ҷавони ин ақида таҳсилнодидааст? Албатта, ин ҳама таҳқирҳо муваққатиянд. Як рӯзе ҳатман мардум бо мо аз наздик оншо мешаванд.»

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-10 (of 91)
Ном: Ozod аз: Душанбе
23.10.2008 12:18

Фикр мекунам, набояд ба чунин бахсхое, ки боиси ихтилоф ва акибмондаги дар чомеъа мегарданд дода шуд. Мо хуб медонем, ки имруз мрдуми мо ба бухрони иктисоди, ичтимои ва фарханги гирифтор аст. Бояд сари ана хамин масълахо бояд фикрони кард. Бояд роххои рахои аз ин бухронро пайдо намуд. Бещтар ба илмхои замонави бояд дода шуд. Огои Мухаммаи мегуянд, ки хама пайравони онхо аз илмхои замонави бохабаранд, агар чунин бошад, пас бигуянд, ки кадоме аз пайравони онхо чизе тавонистааст барои бехбудии чомеъа анчом бидихад. Ман ба гуфтахои у онкадр бовар надорам, чунки аксарияти он чавононе, ки аз ин акида пайрави доранд аз сиёсат бу намебаранд. Ягар онхо донандаи илмхои замонви мебуданд, якбор меандешиданд, ки ин боро ба куч мебарад. Албатта ба парокандаги. Имруз бояд хама мусулмонон муттахид бошанд. Шахсе, ки сиёсатр ва таърихро медонад, харгиз аз пайи чунинхо намеравад. ИН бешебха кори дасти сеюм аст, ки мехохад боз дар Точикистон ноамниро рохандози кунанд ва аз ин ба нафъи шахсии худ истифода баранд. Чавононро мебояд бедорфикр ва бо тафаккур бошанд, чунки ба доми чунинхо наафтанд. Ин хеч пайомади хубе барои мо намеорад...


Ном: amon аз: tojikiston
12.10.2008 13:17

assalomu alaikum barodarhoi aziz shumo az xotir nabarored, ki Alloh taolo moro amr kardaast, ki yro itoat kunem va rasulullohro itoat kunem va olimonro. va abu hanifa guftaand:suxanhoi maro ba quronu sunnat barkashida binaed agar muvofiq oyad qabul kuned agar muvofiq naoyad suxanhoi maro partofta quronu sunnatro gired.va az shumo yak chizro iltimos mekunam, dini islomro bo yagon shaxsiyat nashinosed(chunki onho agar yagon xato karda monand on xatoro ba islom nibat doda meshavad), balki onhoro bo islom shinosed.domullo parast nashaved xudo parast shaved.


Ном: Фаридун аз: Душанбе
10.10.2008 12:11

Ахмад 555!!! Хамаи бахси Шуморо бо Алишер аз Душанбе дар ин бахсгох хонда ба хулосае омадам, ки Ахмад 555 умуман аз маданияти бахс огохи надорад, ва аксаран Алишерро руирост тахкир менамояд. Аз ин ру, чунин мешуморам, ки Ахмад555-ро мебоист пеш аз воридгарди ба бахс аз нав дарси одоб омухт, ва вакте одоби муоширатро надорад, чи мекунад дар ин бахс? Сониян, Ахмад555 чизеро дар ин бахс исбот накард, танхо ба гуфтахои Алишер норизогии хешро ба тарики батамом беодобона баён месозаду халос... Вакте шахсе аз одоб дур аст, чи илме аз у нигарон мешавед? Беадабии Ахмадро навиштахои у исбот менамоянд. Ба чуз ин, у бо навиштахои худ исбот намуд ки чонибдори салафиён аст...


Ном: rustam
05.10.2008 12:25

bined, imruz salafiho bo sababi hamin khel ikhtilofhoi kuchak, ki in kori aslan olimonu mutakhasison ast va boyad bayni khudashon boshad na dar mala3, chi guna musalmononi tojikistonro ba tashvish ovardaand, islomi azizro tahti tuhmat karor dodaand.in ikhtilofi salafihoi besavodro dida albatta mardum dilash sard meshavad, zero onho islomro dar simoi haminho mebinand, hol on ki islom chunin nest.ey voy bar holi shumo, ki islomi azizro nusrat neyu shikast medihed.dar sarosari oyahoi kuron amr ba ilm omukhtan shudaast, in mano dorad ki moro tanho ilm pa pesh mebarad na ikhtilof.
imruz salafiho sababi akibmonii musalmonon shuda istodaand na tanho dar tjk bal, ki dar tamomi jo. khudovand hidoyat kunad shumoro


Ном: Носир аз: Гарм
02.10.2008 17:05

Пас аз мубохисахои чавонони миллат дар сари хадисхо фикре ба хотир мезанад ки чанд фоизи ин хадисхо моли Хазрати Пайгамбар (с)бошанд?????


Ном: комил аз: вахш
02.10.2008 16:56

Агар чавонони точик даргири ин гуна бахсхо бошанду умре хешро дар рохи исботи суннату хадисхои будаву набуда сарф кунанд пас миёни эшон ва чавонони Амороати Бухорои асри 19 ки мамлакатро ба дасти лашкари бегона супорида буданд хеч тафовуте набудааст. Вой бар холи ояндаи милате ки ту салафу ман ханаф гуфта сари хешро мисли чучаи шутурмург аз тарси хаводиси рузгор зери буттае пинхон кардааст.


Ном: Alisher аз: Dyshanbe
02.10.2008 16:19

Ислоҳ:
Ном: A аз: Dyshanbe 02.10.2008 15:53
Ном: Alisher аз: Dyshanbe


Ном: A аз: Dyshanbe
02.10.2008 15:53

Бародар Муҳаммади Раҳматулло ба масъалаи "поро аз бучулак боло бардоштан" ишора кардааст.
Бояд гуфт Салафиҳо дар ин бора гирифтори хатои бузург шудаанд ва бо ин кор, худ ва дигаронро ба мазҳака кашидаанд. Ончи аз ҳадисҳо фаҳмида мешавад, ғайр аз он чизе аст ки Салафиҳо мегўянд.
Дар ин бора нигоҳ кунед ба "Саҳеҳ Бухори" аввали "китабул-либас" (китоби либос) , ки чандинто ҳадис дар ин мавзўъ зикр шуда аст ва қариб дар ҳамаи он ҳадисҳо Пайғамбар(с) моро аз такаббуру ғуруру худбени ҳангоми пўшидани либос, барҳазар кардаанд. Чанд намуна:
Ҳадиси рақами 1)
عن النبی(ص) قال: «ما أسفل من الکعبین من الإزار ففی النار»
Тарчума:
Аз Набийи гироми(с) нақл шуда, ки: "Ҳар либосе, ки пойинтар аз бучулаки пой қарор гирад, дар оташ (-и чаҳаннам) аст".
("Изор الإزار- " ба маънои куртаи дарози араби аст, на ба маънои эзори точики, зеро эзори точикиро дар забони араби "саровил-السراویل" гўянд. Далелаш ин ҳадис аст, ки Пайғамбар(с) фармуданд:
"من لم یجد ازراً فلیلبس سراویل..."
[صحیح بخاری-کتاب اللباس-باب السراویل]).

Ҳадиси рақами 2)
قال رسول الله(ص): «لا ینظر الله إلی من جرَّ ثوبه خُیَلاء»
Тарчума:
Расули Худо(с) фармуданд: "Худованд ба касе, ки либосашро аз рўи такаббуру ғуруру худбени мепўшад, нигоҳ намекунад (яъне аз рўи лутфу раҳмат нигоҳ намекунад)".
Ҳадиси рақами 3)
عن النبی(ص) قال: «من جرّ ثوبه خیلاء لم ینظر الله إلیه یوم القیامة» ، قال ابوبکر(رض): یا رسول الله، إنّ احد شقی إزاری یسترخی، إلا أن أتعاهد ذلک منه؟ فقال النبی(ص): «لستَ ممّن یصنعه خُیلاء»
Тарчума:
Аз Набии гироми(с) нақл шуда, ки: "Ҳар кас, ки либосашро аз рўи такаббуру ғуруру худбени бипўшад, Худованд дар рўзи қиёмат ба ў нигоҳ намекунад", ҳазрати Абўбакр(рз) гуфтанд: Эй Расули Худо! Яке аз қисматҳои либосам фаррох ва дароз шудааст, магар инки доимо (барои васеъ ва дароз нашуданаш) бар он назорат ва эҳтиёткори кунам. Набии гироми(с) фармуданд: "Ту аз онҳое нести, ки ин корро (яъне пўшидани либоси васеъ ва дарозро) аз рўи такаббуру худбени мекунанд".
Ҳадиси рақами 4)
عن ابی هریرة(رض) یقول: قال النبی(ص): «بینما رجل یمشی فی حلة تعجبه نفسه، مرجل جمته، إذ خسف الله به فهو یتجلجل (و فی روایة: فی الارض) إلی یوم القیامة»
Тарчума:
Набии гироми(с) фармуданд: "Ҳар гоҳ касе, ки либоси комил(пурра) бар тан кардааст, роҳ биравад ва мағрурона аз худ рози буда ва зулфони мўяшро дароз сар дода бошад, Худованд ўро ба хотири ин такаббуру худбениаш хору залил мекунад ва ў дар ҳоли чунбону ларзон, то рўзи қиёмат ба замин фурў меравад".
(нг.кунед: "Саҳеҳ Бухори" аввали "китабул-либас" (китоби либос)).
(Давом дорад)


Ном: Alisher аз: Dyshanbe
02.10.2008 15:52


(Давомаш)
Ҳамон тавре, ки мебинед, дар ин ҳадисҳо Пайғамбар(с) моро аз такаббуру ғуруру худбени ҳангоми пўшидани либос, барҳазар кардаанд. Танҳо дар ҳадиси рақами як, яъне:
«ما أسفل من الکعبین من الإزار ففی النار»
дар бораи такаббуру ғуруру худбени ҳеч чиз гуфта нашудааст, яъне ин ҳадис ба истилоҳ "МУТЛАҚ" аст, ки ба василаи се ҳадиси баъди, "МУҚАЙЯД" мешавад. Яъне бо ҳадисҳои рақами 2 ва 3 ва 4 фаҳмида мешавад, ки сабаби дар оташ будани либосе, ки пойинтар аз бучулаки пой қарор дорад, сабабаш такаббуру ғуруру худбении соҳиби он либос аст. Аммо агар касе на ба сабаби такаббуру худбени, балки ба сабаби дигаре, либосаш пойинтар аз бучулаки пой қарор гирад, гуноҳе барои ў навишта намешавад (нигоҳ кунед ба ҳадиси рақами 3). Масалан "расму одоби либоспўши"-и мардуми Точикистон ва ҳамчунин бисёре аз миллатҳои дигар ин тавр аст, ки брюкҳояшонро ба андозае дароз мепўшанд, ки қариб ба замин мерасад ва ин гуна брюкпўширо нишонаи такаббуру ғуруру худбени намедонанд, балки як чизи одди ва як навъ одоби либоспўши медонанд. Ва чунки дар замони Пайғамбар(с) либосу куртаи арабиро дарозтар аз бучулаки пой пўшидан як чизи одди набуд, балки нишонаи такаббуру ғуруру худбени ба ҳисоб меомад, бинобар ин Пайғамбар(с) ҳамаро аз ин кор манъ карданд.
Дар ҳадисҳои рақами 2 ва 3 ин иборат омадааст:
من جرّ ثوبه
яъне: ҳар кас либосашро кашонида ва ё кашолонда бипўшад, зеро "جرّ-чарра" ба маънои кашола кардан ва кашонидан аст. Пас маълум мешавад, ки дар замони Пайғамбар(с) баъзеҳо, курта ва либосашонро он қадар дароз карда мепўшиданд, ки аз бучулаки пой ҳам мегузашт ва бар рўи замин кашол буд ва заминро чоруб мекард. Ва ин гуна либоспўширо барои худ як навъ фахру бартари ва бузурги медонистанд. Пайғамбари гироми(с) ин гуна либоспўширо манъ карданд, зеро сабаби такаббуру ғуруру худбени мешуд.
Як чизи дигар ҳам ҳаст ва бояд ба он таваччўҳ шавад! Аз ҳадиси рақами 4 фаҳмида мешавад, ки агар инсон ҳар навъ либосро ҳар хел пўшад ва қасди такаббуру ғуруру худбени дошта бошад, гунаҳкор ба ҳисоб меояд. Аммо агар такаббуру худбени надошта бошад, гунаҳкор намешавад.
(Давом дорад)


Ном: Alisher аз: Dyshanbe
02.10.2008 15:48

(Давомаш)
Ҳоло хитоб ба САЛАФИҲО ва бародар Муҳаммади бояд гуфт:
Эй бародарон! Кўшиш кунед ҳадисро дуруст бифаҳмед ва ба ду илми "фиқҳул-ҳадис" ва "усули фиқҳ"таваччўҳ кунед! Аз бучулаки пой поинтар пўшидани брюку эзор, як чизи одди ва прастой аст ва ҳеч марду чавони точик ба сабаби ин гуна либоспўши, қасди такаббуру ғуруру худбени надорад (балки агар эҳтимол диҳем, ки қасди такаббуру худбени дорад, ин қасд, ба хотири худи либоспўши аст на ба хотири аз бучулаки пой поинтар будани брюку эзори ў). Ва ҳамчунин ҳеч кас брюку эзорашро он қадар дароз карда намепўшад, ки дар замин кашол бошад ва заминро "рўфта ва лесида" гардад. Яъне "ман чарра савбаҳу" нест.
Бо ин ҳол, чи гуна Шумо эй САЛАФИҲО, чавонону мардони точикро ба кўтоҳ карда пўшидани брюку эзорашон фатво медиҳед?! Мумкин аст ҳар кас бо пўшидани ҳар навъ либосе гирифтори такаббуру ғуруру худбени шавад, оё бояд ҳамаро ба ин сабаб, аз либоспўши манъ кард?!
Не, роҳаш ин нест, балки роҳаш ин аст, ки ба мардум ва чавонон биомўзем, ки чигуна худро аз гирифтор шудан ба такаббуру ғуруру худбени ҳифз кунанд ва дар ҳамаи ҳолатҳо, хоксору мутавозеъ бошанд.

Шарҳҳо 1-10 (of 91)