Тоҷикистон

Назарҳо ба парвандаи Додоҷони Атовуллоҳ

Додоҷони Атовуллоҳ, шаҳри Душанбе, соли 2004

29.09.2008

Дар байни созмонҳои ватаниву хориҷӣ боз намудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи журналисти шинохта Додоҷони Атовуллоҳ вокунишҳои мухталиферо ба бор овардааст.

Бунёди дифоъ аз озодии баён дар Русия ва Pen-club ё маҳфили “Хома”-и ин кишвар дар як паёми катбӣ аз раисҷумҳур ва додситони кулли ин кишвар тақозо кардаанд, то аз истирдоди Додоҷони Атовуллоҳ, сардабири нашрияи дар Русия нашршавандаи “Чароғи рӯз” ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ кунанд. Дар ҳамин ҳол, Алексей Симонов, раиси Бунёди дифоъ аз озодии баён, истирдоди эҳтимолии Д. Атовуллоҳ ба Тоҷикистонро ҷиноят талаққӣ кардааст.

 

Ин ҳам дар ҳолест, ки ахиран Додситонии кулли Тоҷикистон дар як нишасти матбуъотӣ эълом кардааст, ки бо иттиҳоми тавҳин ба раисҷумҳури кишвар ва даъват ба кудатои сиёсӣ дар ҷумҳурӣ алайҳи Додоҷони Атовуллоҳ парвандаи ҷиноӣ боз намудааст ва аз мақомоти Русия тақозои истирдоди ӯро хоҳад кард.

 

Ин ду созмони русӣ аз он изҳори нигаронӣ кардаанд, ки имкон дорад ҷиҳати истирдоди журналисти тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон дар миёни гурӯҳҳое дар ду кишвар тавофуқ ҳосил шуда бошад. Зеро, шарҳ додаанд ин созмонҳо, дар акси ҳол додситонии кулли Тоҷикистон ин мавзӯъро дар як нишасти матбуъотӣ матраҳ намекард.

 

Ин ҳам дар ҳолест, ки Додоҷони Атовуллоҳ чанд сол қабл бо дархости мақомоти ватанаш аз тарафи пулиси Русия дар фурӯдгоҳи Шереметевои шаҳри Маскав боздошт шуда буд. Он вақт баъд аз ба тарафдории Додоҷони Атоуллоҳ дар рӯзномаи “New York Times” нашр шудани як матлаб ва пуштибонии расмии Йошка Фишер, вазири вақти хориҷаи Олмон, аз ӯ мақомоти русӣ Д. Атовуллоевро озод карда буданд.

 

Дар паёми мазкур, аз ҷумла омадааст, ки алайҳи Додоҷони Атовуллоҳ аз тарафи додситонии кулли Тоҷикистон боз кардани парвандаи ҷиноӣ аслан ангезаи сиёсӣ дорад. Ба эътиқоди ин созмонҳои русӣ, мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд, ки ба ин васила рақиби сарсахти сиёсии худро саркӯб кунанд.

 

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақили иттилоъотии Тоҷикистон, низ ба ҳамин назар аст ва аз иқдоми ин созмонҳои русӣ пуштибонӣ мекунад: “Сарқонуни Тоҷикистон, қонуни матбуъот, ҳамчунин меъёрҳои байнулмилалӣ дар робита ба озодии баён ба Додоҷони Атовуллоҳ тазмини озодии баёнро додаанд ва барои озодандешӣ таъқиб кардани журналист хилофи қавонини Тоҷикистон ва меъёрҳои байнулмилалист. Аз сӯи дигар, додситони кулли кишвар бояд на танҳо аз ҳуқуқи мақомдорон дифоъ кунад. Алайҳи Додоҷон Атовуллоев аз сӯи додситони кулл парвандаи ҷиноӣ боз кардан ҷуз ангезаи сиёсӣ чизи дигареро дунбол намекунад, ба ин далел, ки ба чи далел дафтари раёсатҷумҳурӣ барои мақолаҳои Атовуллоев, ки гӯиё ба раиси ҷумҳур тавҳин намудааст, ба додгоҳ муроҷиъат накардааст”.

 

Бо вуҷуди ин, Н. Қаршибоев баъид медонад, ки мақомоти зирабти Русия дар истирдоди Додоҷони Атовуллоҳ ба Тоҷикистон иқдом кунанд.

 

Мухтори Боқизода, раиси Хазинаи гиромидошти журналистони фақиди Тоҷикистон, низ мутмаъин аст, ки иддаъоҳои додситонии кулли кишвар дар нисбати оқои Атоуллоҳ аз ангезаи сиёсӣ бархӯрдор аст. Вагарна, суъол мегузорад М. Боқизода, чаро ин қаблан додситонӣ Додоҷони Атовуллоҳро барои, ба қавли худ, чопи мақолаҳое, ки дар онҳо “тавҳин ба раисҷумҳур” бошад, ба додгоҳ накашид?

 

Дар ҳамин ҳол, ҳарчанд Акбари Саттор, раиси Итттиҳодияи журналистони Тоҷикистон, истирдоди оқои Атовуллоҳро баъид медонад, ҳангоми суҳбат бо родиюи “Озодӣ” изҳор намуд, ки танҳо дар сурати ҷиҳати истирдоди Д. Атовуллоев аз ҷониби Русия расман тақозо намудани Додситонии кулли Тоҷикистон назари худ ба амалкарди мақомоти кишварро ироъа хоҳад кард.
 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-7 (of 7)
Ном: Кушон аз: Душанбе
06.10.2008 18:41

Аз Додо пайгамбар натарошед.У солхост, ки журналист нест ва ба фаъолияти афсонабофи сару кор дорад. Бо боздошти у танхо як мансабталоши дигар кам охад шуд, боки хеч. Ба вазъи кории журналистон боздошти у дар кишвар хеч таъсир нахохад дошт. Ман, ки хам аз хукумати кунуни ва хам аз чехраи шумхабаронаи Додочон безорам,интизори амалишудани ин парванда мешавам.


Ном: Самир аз: Волгоград
05.10.2008 21:47

Додочони азизи ман.
Маъюс мабош. Номи неки ту хамеша вирди забонхост. Мо хама дуогуи туем ва умедворем, ки бо сари баланд ба Ватан бармегарди. Зиндагии ту мактаби мардонаги ва миханпарастистст.


Ном: rustam
05.10.2008 11:51

meguyand atoullo odami uzbakiston ast.


Ном: Кова
03.10.2008 16:18

Огои Атовулло, Омир-хабарнигори Точикистон,Муборизи чанбаи озод ва демукроти!!!
Ба Худо, агар имруз оиди Точикистон ва точикон(сарфи назар аз марзхои олам)масоиле, хабаре ва е "буе" аз озодандеши ва е прастиши демукроти биеяд, то албатта бо исми ин марди якин(Додочон) ва родиюи озоди пайваста аст!


Ном: husniddin аз: tehron
30.09.2008 15:14

ammo jomeai tojik ham ki az siyosati E Rahmon osuda nest vale boz ham umedi zistan dorand kahramonand,ba har hol chorai digar nest pas boyad zist bo komahdai noodilon va dar hamin muhiti nopok kore baroi jomeai hud kard.Valle dodoro shoyad bo Gesi Rohun ivaz kunand. va havopaimoi Rusal Dodojonro ba Tojikiston Biyorad. ammo digaron boyad bo digar roh muboriza barand kam-kam hukumati Rahmonro tankid kunand agar har ruze yak suhani hak guyahd in ham khizmat ba halki hud hast


Ном: Афшин аз: Сургут
30.09.2008 10:32

Офарин бар Додочони Атовуллох!Як тани танхо бо хукумати золим чангид ва маглубашон намуд,каламкашони дигар чехра иваз карданд.Вале Додо то охир рафт ва ба хадаф расид.Додо кореро дар Точикистон анчом дод,ки Пётри Кабир барои русхо кард.


Ном: Донишчуён-журналистон аз: Бошед Додочон!
29.09.2008 17:48

Зинда бошед Додочони Атовулло,генерали журналистони точик. Шумо марди бузургед, ки хар чизро нотарсида бо номи худаш мегуед. "Дуздро дузду порахуро порахур" Касе Шуморо "хороший грантополучатель" гуфтаст, худ маддохи Хукумат аст. Чамъият бе Шумо барин шахсиятхо бенуру беранг аст.Вагарна онро мансабдорони худкома чи хеле хоханд истисмор мекунанд.Ба андешаи мо Шумо барин шахсиятхоро русхо "дрожи обшество" мегуянд. Зиндаю саломат бошед Додочон.
Бо умеди саломатию бурдбории Шумо як гурух хамкасбони чавонатон, ки донишчуянд дуо мегуянд.

Шарҳҳо 1-7 (of 7)