Фарҳанг

Ид кадом рӯз аст?

30.09.2008

Мардуми Тоҷикистон иди Рамазонро рӯзи чаҳоршанбе ҷашн мегиранд.

Дар Тоҷикистон ин ид ҷашни расмӣ шинохта шудааст ва мардум дар ин рӯз ба баргузор кардани маросими ин ид машғул мешаванд.

 

Аз ин ид дар кишварҳои мусулмоннишин ё ҷаҳони Ислом ба таври мухталиф ном мебаранд. Иди Рамазон, иди Фитр ё Эйд ал- Фитр. Дар Тоҷикистон аз ин ид бештар Иди Рамазон ном мебаранд, чун онро хатми моҳи мубораки Рамазон мешиносанд. Аммо дар кишварҳои дигари исломӣ чӣ тавр? Оё иди Рамазон дар ин кишварҳо дар як рӯз баргузор мешавад?

 

Дар бисёре аз кишварҳои Ховари Миёна, аз ҷумла Арабистони Саъудӣ, Лубнон, Либиё, Урдун, Кувайту Қатар, Имороти Муттаҳидаи Араб рӯзи сешанбе, 30 сентябр ид буд. Ин кишварҳо дар адои маносики динӣ бештар ба Арабистони Саъудӣ пайравӣ мекунанд.

 

Аммо мақомоти эронӣ ҳайъатҳоеро барои дидани моҳи нав сафарбар мекунанд ва баъд аз дидани моҳ рӯзи иди Рамазонро эълон мекунанд. Дар ин бора Алиризо Кирмонӣ - корманди радиои «Фардо» чунин мегӯяд:

 

"Дар Эрон ҳамеша ҳилоли моҳи Рамазон ва моҳи Шаввол ба мушкилот рӯбарӯ будааст. Рӯҳониюни олирутба ҳайъатҳои мухталиферо барои дидани моҳ эъзом мекунанд, гоҳе вақтҳо бо  кишварҳое тафовутҳое дорад дар эълони рӯзи аввали моҳи Рамазон ё рӯзи Иди Фитр. Имсол гуфтанд, ки ҳилоли моҳ дар шаби сешанбе мушоҳида хоҳад шуд. Ҳайъатҳои мухталиферо ҳам басиҷ кардаанд, то моҳро бубинанд. Ба эҳтимоли зиёд, дар Эрон рӯзи чаҳоршанбе Иди Фитр хоҳад буд".

 

Аммо дар Афғонистон ҳам мисли аксари кишварҳои Ховари Миёна аз тасмими Арабистони Саъудӣ итоъат мекунанд. Ҳелено Маликёр - корманди радиои «Афғонистони озод» дар ин бора чунин мегӯяд:

 

"Дар Афғонистон иди Рамазон ба асоси эълони рӯзи ид дар Арабистони Саъудӣ ҳамеша ҷашн гирифта мешавад. Як Шӯрои Уламо дар Афғонистон вуҷуд дорад, ки ба асоси эълони Арабистони Саъудӣ ва ҳамчунон ба асоси дидани моҳи нав, ба сурати умум шаби қабл аз ид охири Рамазон ва оғози идро эълон мекунанд. Имсол иди Рамазон рӯзи сешанбест".

 

Миср ҳам бо тафовут аз кишварҳои дигари арабӣ иди Рамазонро мисли Эрон рӯзи чаҳоршанбе, якуми октябр таҷлил мекунад. Дар ин бора телевизиони давлатии Миср хабаре мунташир сохтааст. Пайравони мазҳаби шиъа дар кишварҳои арабӣ мисли Эрон рӯзи чаҳоршанбе ба таҷлили ид шурӯъ мекунанд.

 

Дар кишварҳои дигари ҳамсояи Тоҷикистон низ рӯзҳои иди Рамазон аз ҳам тафовут дорад. Масалан, Узбакистону Қазоқистон рӯзи сешанбе якҷо бо аксари кишварҳои арабӣ иди Фитрро ҷашн мегиранд. Вале Туркманистону Қирғизистон мисли Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанберо рӯзи иди Рамазон эълон кардаанд.

 

Иди Фитр ё Рамазон аз идҳои муҳими ҷаҳони Ислом шинохта шудааст ва он дар бисёре аз кишварҳо се рӯз ҷашни расмӣ эълон шудааст. Гузашта аз ин, дар рӯзҳои ид бозорҳо баста мешаванд. Масалан, бозори бурси Арабистони Саъудӣ,  ки бузургтарин бозор дар Ховари Миёна ба шумор меравад, то рӯзи 6-уми октябр баста хоҳад буд. Ин тӯлонитарин таътили бозори мазкур дар давоми сол аст.  

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-3 (of 3)
Ном: dilovar аз: kulob
05.10.2008 21:32

Пайгамбари худо хадис дорад ки мегуяд вахтоки шумо мохро дидед руза гиред вахто ки мохро дидед руза атонро хуред мо мохра рузи сешанбе дида будем ва рузахомона хурдем ба мисли арабистони сауди ид кем чазакалоху хаиран


Ном: MAN
30.09.2008 23:06

Idi mohi sharifi Ramazon ruzi 1 oktyabr jash girifta meshavad ki i ba fikram durust ast. Yani az rui mohi nave ki mebaroyad boyad ruzi chahorshanbe bigaltad. Yoki Panjshanbe. Davlathoe ki ruzi seshanbero id elon kardaand tamoman sahv ast. Arabiston gufta ba u pairavi kardan in khatogii kalon ast...


Ном: Dangaragi аз: Алмаато
30.09.2008 21:02

Масалан, Узбакистону Қазоқистон рӯзи сешанбе якҷо бо аксари кишварҳои арабӣ иди Фитрро ҷашн мегиранд.
--
Ishteboh karded, Uzbakiston idi Fitrro rouze chahorshanbe qhayd megerad))

Шарҳҳо 1-3 (of 3)