Тоҷикистон

Роғун: Ҳама розӣ, ба ҷуз аз Узбакистон

Президент Раҳмон ба ҳини боздид аз Роғун дар таърихи 30 майи соли 2008

10.10.2008

Даҳ дарсади ҳаҷми буҷаи соли 2009-и Тоҷикистон ба эҳдоси нерӯгоҳи Роғун ихтисос дода шудааст, ки нисбат ба нақшаи қаблӣ ду баробар зиёд аст ва 170 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон тамсим дорад, алорағми иддаоҳои Узбакистон, ки гӯё эҳдоси ин нерӯгоҳ ба фазои эколожӣ ва камобӣ дар минтақа таҳдид мекунад, ин нерӯгоҳу обанборро эҳдос кунад. Ба ин далел, ки мақомоти Тоҷикистон иддаоҳои Узбакистон дар ин заминаро беасос медонанд ва ба гуфтаи онҳо, ин иддаоҳо ҷузъ аҳдофи сиёсӣ чизи дигареро дар пай надорад.

 

Ҳомидҷон Орифов, муовини раиси Маркази давлатии пажӯҳиш ва тарроҳии «Нурофар»дар Тоҷикистон далели ҷолиберо барои хонандагони сомонаи Озодӣ дар ин замина ироа кард ва ин далел ин аст, ки Институти Гидроводхлопоки Тошканд дар соли 1990 ва Институти Гидропроекти Тошканд дар соли 1993 дар тарҳҳои ироакардаи худ эҳдоси обанбор ва нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистонро далели аслии ҷилавгирӣ аз камобӣ дар минтақа, бахусус дар Узбакистон талаққӣ кардаанд. Оқои Орифов мегӯяд,  табиат аз соли 1993 то бад ин сӯ тағйир накардааст, ва ин сиёсат аст ки тағйир мекунад.

 

Оқои Орифов мегӯяд, Узбакистон бо ҳар баҳона ба эҳдоси нерӯгоҳи Роғун мухолифат мекунад, то Тоҷикистон ба истиқлоли энержӣ даст наёбад ва ба бозорҳои кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ нерӯи барқи худро арза накунад.

 

Ин дар ҳолест, ки Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Афғонистон аз эҳдоси нерӯгоҳи Роғун пуштибонӣ кардаанд. Ин пуштибонӣ дар машварати ахири Бонки ҷаҳонӣ бо намояндагони ин кишварҳо дар шаҳри Душанбе сурат гирифт ва Бонки ҷаҳонӣ дар ин машварат пешниҳоди худ дар мавриди ташкили Консорсиюми байнулмилалӣ дар эҳдоси нерӯгоҳи Роғунро ироа кард.  

 

Бо вуҷуди ин, Бонки ҷаҳонӣ бар он аст, ки Тоҷикистон дар эҳдоси нерӯгоҳи Роғун бояд ризоияти кишварҳои минтақаро ба даст биорад.

 

Узбакистон рӯдхонаи Вахшро рӯдхонаи фаромарзӣ меҳисобанд ва ба гуфтаи онҳо, бар асоси меъёрҳои байнулмилалӣ Тоҷикистон бидуни ризоияти кишварҳои ҳамҷавор ҳаққи эҳдоси нерӯгоҳи бузурги обӣ дар ин рӯдхонаро надорад. Вале Тоҷикистон мегӯяд, ки рӯдхонаи Вахш рӯдхонаи фаромарзӣ ба ҳисоб намеояд, зеро ин рӯдхона дар қаламрави Тоҷикистон ҷорист ва танҳо дар марзи Афғонистон ба рӯдхонаи Панҷ мерезад. Ба ин далел, таҳно рӯдхонаи Панҷ рӯдхонаи фаромарзӣ ҳисоб мешавад.  

 

Мақомоти Тоҷикистон гуфтааст, ки тибқи асосномаи Созмони милал ҳақ дорад аз рӯдхонаи Вахш барои пешрафти иқтисоди худ баҳра бубарад.

 

Рагувир Шарм, коршиноси энержии Бонки ҷаҳонӣ дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба нақл аз қавли мақомоти Туркманистон гуфт, ки Тоҷикистон 100 % ҳақ дорад, то дар рӯдхонаи Вахш нерӯгоҳи Роғунро эҳдос кунад. Ба ин далел, Бонки ҷаҳонӣ тасмим дорад, машваратҳо бо Узбакистон дар ин заминаро то авохири моҳи ҷорӣ анҷом бидиҳад.  Ин дар ҳолест, ки қарор аст, Бонки ҷаҳонӣ тарҳи молӣ ва фанниву эколожии нерӯгоҳи Роғунро дар авоили соли оянда муаррифӣ кунад. Ин тарҳ бо дарназардошти иддаоҳои Узбакистон бо сармояи Бонки ҷаҳонӣ аз сӯи мутахассисони мустақили кишвраҳои хориҷӣ омода хоҳад шуд.   

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-10 (of 36)
Ном: Фаридун аз: Душанбе
19.10.2008 12:06

Чаро забони точикиро махлут месозед, бародарон? Пружа, пуружа -ин чи забони махшушест? Чаро лоиха намегуед, вакте ин калимаро солиёни дароз истифода мебарем ва маъмули аст? Боз контрул низ бигуед...Умуман забони шевову тозаи моро махлут месозед бо хар гуна калимоти ачнаби - эхдос??? Чаро сохтмон не? "...таҳно рӯдхонаи Панҷ рӯдхонаи фаромарзӣ ҳисоб мешавад." Чи маъни дорад ин калимаи "тахно"??? ё калимаи дигаре -"талакки"?? магар забони Рудакиву Хоча Камол ин калимаро дошт??? Харом накунед забони моро, чанобони ачнабитабор!!!!!!!!!


Ном: shahromjon аз: Dushanbe
19.10.2008 09:09

AHSAN AHSAN AHSAN BA OQOI EMOMALI RAHMON DAR HAMIN MAVZU 100% TARAFDORATON HASTAM! TO KAIA MO MUHTOJI UZBAKISTON BOSHEM 4 DAVLATI DIGARHAM TARAFDORAMON HASTAND CHARO NE HAQDOREM AZ HAQQAMON NAMEGARDEM, UZBAKISTONA HAMUTAKUNED KI MUHTOJ BAR OB SHAVAD WA HAR SHARWANDI UZBAKISTON KI DOXILI XOKI TOJIKISTON MESHA BOIAD JIDI AZ ZERI NAZAR GUZARNONDA SHAWAD KI UZBAKISTON XUDI DAWLATASH KUSHSIH KARDESTAND KI DAR TOJIKISTON NO AMIRO BAR PO KUNAND IN BOIAD JIDIGIRIFTA SHAWAD.
AZ HAMIN 2AXBOR BISEOR XURSAND SHUDAM 1KESH HAMIN DAR BORAI ROGUN 2UMASH ROHI OHAN DUSHANBE BA XUJAND AZ TARAFI HISOR BE DUNE KI DOXILI XOKI UZBAKISTON SHAWEM,
DAR PANOHI XUDO BOSEHD HAMWATANOI AZIZU MEHRABON HARJOI BOSHED SARSABZU SAR BALAND BOSHE HEJ WAXT TANUBADANATON DARDRO NABINAD HAMESHA ZINDAU JOWIDON BOSHED TOJIKHOI AZIZU MEHRABONAM XUDO EORU MADADGORATONBOD OMIN EO RABIL OLAMIN.


Ном: саид аз: с. петербург
18.10.2008 22:44

агар дар хакикат имруз сохтмони Рогун огоз ёбад кори хело бузурге мешуд.


Ном: Namoz аз: Dushanbe
14.10.2008 16:56

Дуруд! Инхама овоза ва сафсата аст. дар сурати буд шудани неругохи Рогун Узбакистон харидори асосии барки худ-Точикистонро аз даст медихад. хама аламаш барои хамин. ва бо хар восита тавассути матубот, Вао ва дигар чизхо барои зарбаи маънави задани халки точик кушиш мекунад....
Аммо хар амалро подошест....


Ном: ЗОИР аз: РОССИЯ
14.10.2008 15:46

КАМБАГАЛ БУДАНИ ТОЧИКИСТОН ФОИДА БАР УЗБАКИСТОН РАФИК ИСЛОМ КАРИМОВ ФИКРАТОН ХОМ АСТ ДАР ОН ВАКТЕКИ ТОЧИКИСТОН РОГУНРО КУШОЯД ДАР ЧИЛЛАИ ЗИМИСТОН КИ ЛАРЗОНДИ МОРО ГАЗРО ХОМУШ МЕКАРДИ


Ном: Rasul аз: Iron
14.10.2008 13:21

Salom.Avvalan agar az ruyi siyoyat ba in mashala nigoh kunim Uzbakiston haq nadorad dar sokhtan in nerugoh mushkili ijod kunad. va duvuman Uzbekisto agar rozi ba in mashala shavav goz onhoro ki mekharad va bo narkhi baland ki ba Tojikiston dar holi hozir mefurushand.Va agar in nerugoh bunyod shavad va Inshoalloh bunyod meshavad Tojikiston digar ba inerjii Uzbakiston niyoz nadorad va khosti onho in ast ,ki Tojikiston hamisha nyozmand ba inerjii v goz Uzbakiston boshad


Ном: Вахиёчи аз: Вахиё
14.10.2008 10:01

Ассалому алайкум ва рахматуллохи ва баракотуху.
Бародарон!!!
Ин масъалае хаст ки дар ояндаи наздик иншооллох хали худро меёбад. Ин пуружаи нимсохт, ки аз замони шурави ба мо ба меърос мандааст, имруз барои Точикистон характери хам энержи, хам стратеги ва хам сиёсиро дароад. Сохани ин пуружа талаби замони гузашта буд, талаби замони имруза хаст ва талаби замони оянда низ хохад буд. Он руз дур нест, ки дар катори ин неругох сохтмони неругоххои азимтаре дар ин Чумхурии азизамон шуруъ шаванд. Ин хакикат аст, бародарон шумо нагз медонед, ки руз то руз талабот ба энергия зиёд шудаистодааст Имруз ин пуружае хаст, ки ояндаи Точикистонро, мавкеъи ин давлати азизамонро дар ин минтака муайян мекунад. Пас аз ин лихоз моро зарур аст, ки хар вактро ганимат шуморему бунёди онро амали намоем. Ба хеч вачх хеч давлат намехохад, ки аз хисоби маводи сухти табии, ки аз он фоидаи нагз ба даст меорад махрум шавад. Ин хам дар холест, давлати хамсояи мо ба мо маводи сухтро бо маблаги хеле гарон мефурушад. Имруз, ки барои ин сохтмон, ки тасдики сохани он дар замони шурави шуда буд ва имруз низ хамаи давлатхо розианд ба чузъ Узбекистон фардо ки пуружахои нав шуруъ шаванд чи холат рух медихад!!!
Халли ин масъала бояд дар сахтхи баланди ДИПЛОМАТИ амали шавад. Бояд дар ин сатх ДИПЛОМАТИ Точикистони азиз фикри ояндаи кишварро кунад, фикри ояндаи миллату ачдодрро кунад. Иншооллох, банда боварии комил дорам, ки ДИПЛОМАТИ Точикистони азизи мо бо рохбарии чаноби оли Эмомали Рахмон ва сиёсати дурбинонаи он моро ва тамоми мардуми точики дар тули таърихи дароз факат азият дидаро ба кулахои мурод мерасонанд.Худованд барори корашон дихад. омин!


Ном: Чумъабой аз: Самара
14.10.2008 04:14

Ислом Каримов пешниходи Владимир Путинро бечавоб гузошт. Чаро?
Баъд аз чанги серузаи Россия ва Осетияи Чануби, сарвазири пуркудрати Федератсияи Россия Владимир Путин ба Тошканд парвоз кард. Максади асосии сафари Путин пешниход ба Каримов, шарики стратегияш, оид ба эътирофи чумхурихои Осетияи Чануби ва Абхозистон аз тарафи Узбекистон буд.

Чанд руз кабл аз ин, Раисичумхури Россия Дмитрий Медведев ба Точикистон рафта буду дар он чо аз авзои пойгохи низомии кишвараш дидан кард. Бояд икрор шуд, ки он сулхи нисбии имруз вучуддошта дар Точикистон, аз пушти пойгохи низомии Россия аст. Агар ин пойгохи руси набошад, эхтимоли аланга задани оташи чанги нави шахрванди дар Точикистон нихоят зиёд аст. Дар он холат, точикистониён мачбур мешаванд ба неруи дигаре ру биёранд, – илоче намемонад!

Дар натичаи мулокот, домулло Каримов ва сэр Путин чанд шартномаи дуюмдарачаро имзо карданду, халос. Аммо масъалаи асоси, яъне эътирофи Давлати Узбекистон аз чумхурихои Осетияи Чануби ва Абхозистон, хал ношуда монд. Пас саволе ба миён меояд, ки чаро Ислом Каримов пешниходи дуст ва шарики стратегияш Владимир Путинро бе чавоб гузошт, хол он ки баъди пахши хунсардонаи шуриши Андичон, Каримов аз Путин пуштибони дида буд?!


Ном: ДИЛШОД аз: ДУШАНБЕ
13.10.2008 18:02

салому сад салом бар хамватанони азизу мехрубонам ки хануз хам гайрати точикию миллиашон дар рагхояшон вучуд дорад ва умедворам ки рузе шаваду точики мо сохиби тахту точи аз дастрафтаи худ ва сохиби тамаддуну пешрфти илимми худ гардад ва абуали синохо носир хисравхо рудакихо мотуридихо ва форобихоро ба чахон такдим кунаду тамоми башарро шогирди худ гардонад
дар мавриди узбакистон ман гуфтани хастам ки чаро дубора мехоханд зарар расоннанду мо дидаву дониста бо онхо созиш кунем не бас аст... мо набояд гузорем ки онхо ба хостаи худ расанд. тамаддуни моро дздиданд олимону шоирони мора дзиданду пойтахти машхури точикора то имруз хам дар ислом ва хам дар фалсафаву фикху тафсиру риёзиву духтури олимоне ба чахон арза кард ки ханузам ки ханузаст чахон бо доштани хамчун олимон мефахраду меболад


Ном: SERA
13.10.2008 15:32

дустони азиз хма дуруст кайд кардед вале ба хеч чиз нигох накарда мо бояд ин пуружаи азимро созем зеро дигар хали проблемаи энержии ватани азизамонро дидла наметавонам вали чизи дигар нис мухим аст ки муносибатхо мо бо Тошканд набояд сард бошад зеро мо бо хамдигар метавонем манфиатхои зиед ба даст орем узбакитон ва точикисто Аз онхо нафт пз мо об ин дар хакикат хам ду чизи стратежи да асри 21 шудааст агар рохбарони давлатхои мо дипломятаи хубро ба рох монанд фик мекунам ки ин ду кишвар метавон бо ерии хамдигар яке аз давлатхои пешрафтаи ментака бишавад вале танхо бо хамкории хамдигар мисли конадо ва амрико .

Шарҳҳо 1-10 (of 36)