Минтақаҳо

Ҳезумкаш хирсро буғӣ кард

01.11.2008

Мирзомуддин Ҳалимов, сокини 36-солаи деҳаи Сари Шухони Ғарм, дар ҷанги тан ба тан бо хирс ғолиб омадааст.

Мирзомуддин Ҳалимов ба хабарнигори радиои Озодӣ дар водии Рашт нақл кардааст, ки вай дар боғи назди деҳаи Сари Шухон  ба ҷамъоварии ҳезум машғул будааст ва ногаҳон як хирси бузургҷуса пайдо шуда, ба вай ҳамла кардааст. Хирс аз пойи ӯ доштааст ва Мирзомуддин, ки дар даст дастпуш доштааст, бо тамоми неру даҳони хирсро боз ва пояшро раҳо кардааст. Ва ҳини задухурд бо хирс ӯ дасташро ба гулуи хирс андохтааст, то роҳи нафаси хирсро бубандад.

 

Гирудори Мирзомуддин бо хирс беш аз 40 дақиқа идома кардааст ва дар охир хирс беҳол шуда, аз пой афтодааст. Ва сипас аз бими дубора бархестани хирси бадқаҳр Мирзомуддин уро бо каланди боғбонӣ зада куштааст.

 

Мирзомуддин Ҳалимов мегӯяд, ҷони ӯро пандҳои бобояш аз марг раҳо кардааст. Ӯ дар хурдӣ борҳо аз бобояш ва дигар мӯйсафедони деҳ шунидааст, ки дар сурати ҳуҷуми хирс ба одам ягона роҳи наҷот - ба ҳалқи хирс андохтани даст ва бастани роҳи нафаси вай мебошад.

 

Сокинони деҳ мегӯянд, онҳо ин хирсро борҳо дар боғи назди деҳа дидаанд ва мавридҳои ҳамлаи хирс ва даррандаҳои дигар ба ҳайвоноти хонагии сокинон дар ин маҳал мушоҳида шудааст.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-10 (of 31)
Ном: Tabiatdust аз: Dushanbe
15.11.2008 13:55

Khirs ser budast da...Vagarna akai Mirzomuddina bo yak chapottiash meafkand.
Khubtar mebud bo kaland vaya zada namukushtu ba khonash meraft. Vai bechora agar aql medosht hamla namekard. Be in ham dar Tojikistan haivonoi vahshi nisbat ba odamoi vahshi kamtar mondand.
Tabiat/haivonhoi nodirro boyad ehtiyot kunem!!


Ном: Alijon аз: Misr
15.11.2008 09:30

Yagon afsonai ba hakikat nazdiktarash nabud?


Ном: Farhod аз: Qarotegin
11.11.2008 16:59

Olimjon, baroi hamin in khabarro dar injo jo dodaand, ki hodisai ajib ast va odam khirsro bughi kardaast, na baraks.
Ba barodaroni nobovar guftaniam, ki in hodisa haqiqat ast, na durugh. Man khudam hamshahrii Mirzomuddin hastam va hamai mo hama pas az in hodisai gharib hayron shudem. Mirzo niz az jang bo khirs zakhmhoi jiddi bardoshta bud. Jismi khirs to ba hol dar dar khonai knhost.


Ном: олим аз: истаравшан
10.11.2008 17:08

барои чи инкадар афсонахо? ки бовар мекунад ки одам хирсро буги крда кушта бошад хандаовар. бехтараш ягон гапи ба хакикат наздик мебаровардед ман аз коргарони радио ин хохишро карда истодам.


Ном: ГЛАДИАТОР аз: гарм.ШУЛ
08.11.2008 18:45

ДАР КИШЛОКИ ШУЛ ЯК МИРЗОМУДИН БУД.ХОЗИР ДАР САМАРКАНД ЗИНДАГИ МЕНА.ДУРУГА БА ДАРАЧАШ МЕГУФТ.ИН ОДАМАМ БОША ХАМНОМИ ВАЙ МЕБОШАД.ХАЙ ХУДО КУВАТАТ ДИХАДУ ОДАМОРА АЙ ХИРСОИ 2 ПО ХАЛОС КУНИ


Ном: Farhod аз: Dushanbe
08.11.2008 11:57

SALOM ,,ahsan bar in kahramon, ki khudashro himoyat karda tavonist az chunin hayvonhoi zarar rason.


Ном: Ахмад аз: Кулоб
08.11.2008 09:01

Хафтаи гузашта дар Кулоб, як зан се шерро бардошта мебурд.Хирсро бошад дидам, ки кудаки панчсолааш тикка-тикка кард.


Ном: Бедор аз: Далерон
07.11.2008 18:16

Хирсону харони борбардор
Бех з-одамиёни мардумозор!


Ном: Амирчон аз: Даштичум
07.11.2008 16:02

Хайкали ин "кахрамони хирскушро" ах чуби заранг бояд тарошид.


Ном: ZARA
05.11.2008 15:17

Дилам барои хирс ва ба табиат месузад бозз як хайвони нодире аз китоби сурхи кишварамонро бой додем шармандаги

Шарҳҳо 1-10 (of 31)