Тоҷикистон

Беморие, ки ба касе раҳм надорад

14.11.2008

14 ноябр рӯзи байнулмилалии мубориза бо бемории қанд аст, беморие, ки ҳар сол садҳо ҳазор нафар дар ҷаҳон, аз ҷумла даҳҳо нафарро дар Тоҷикистон мекушад.

Дар маҷмӯъ, ҳоло дар саросари ҷаҳон 180 миллион нафар гирифторанд ва солона 70 ҳазор мавриди нави гирифторӣ ба бемории қанд дар миёни кӯдакони то 15 сола сабт мешавад. Дар Тоҷикистон, ки камбизоатии густурда гиребонгири он аст, бемории қанд солҳои ахир ба гуфтаи мақомот афзудааст.

Бемории диабет ва ё қанд бемориест, ки бар асари афзоиши миқдори қанд дар хуни инсон ба вуҷуд меояд ва дар сурати пешгирӣ накардан метавонад, сабаби бемориҳои қалбу гурда, нобиноӣ ва даҳҳо дарди дигар шавад. Дар Тоҷикистон тақрибан 17 ҳазор нафар гирифтори бемории қанд мебошанд, ки расман дар маркази ҷумҳуриявии табобати бемориҳои эндокринологӣ сабт шудааанд. Аммо, ба гуфтаи мақомоти расмӣ, ҳазорон нафари дигар ҳастанд, ки ба табибон муроҷиат намекунанд ва ё худ намедонанд, ки ба беморие гирифторанд, ки дар сурати монеъ нашудан ба рушди он метавонад сабаби марг ва ҳамин гуна сабаби мусибате дар як хонавода шавад. Ба гуфтаи Саломат Қосимова, мудири маркази эндокринологии Тоҷикистон, бемории қанд дар ин кишвар чун дар дигар кишварҳои дар ҳоли рушд дар солҳои ахир домани худро васеътар мекунад. Ба гуфтаи вай, солона дар Тоҷикистон аз 2500 то 3500 ҳазор мавриди нави гирифторӣ ба бемории қанд ошкор мешавад.

Ин беморӣ ба кӯдакон низ раҳм намекунад ва ба гуфтаи Абдусалом Воҳидов, табиби маркази бемориҳои эндрокринологӣ, шумори кӯдакони бемор дар ин авохир афзудааст ва дар маркази онҳо 300 кӯдаки бемор сабти ном шудаанд, ки таҳти муроқибати табибон қарор доранд.

Саломат Қосимова, мудири маркази бемориҳои эндрокринологӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукумати Тоҷикистон бемории қандро ҷиддӣ мегирад ва ба хотири монеъ шудан ба афзоиши бемории қанд дар кишвар барномаи махсуси давлатии мубориза ба зидди ин бемориро дар соли 2006 тасвиб кардааст. Бар асоси ин барнома, бояд аз соли 2006 то соли 2008 шиддат гирифтани вазъи беморон, аз ҷумла, гангрена, нобиноӣ то 30 дар сад кам карда шавад.

Бемории қанд на танҳо барои худи бемор, балки барои наздикони ӯ ҳам мушкилоти зиёд эҷод мекунад. Пайваста харидани дору барои афроди камбизоат, ки дар Тоҷикистон теъдодашон зиёд аст, кори саҳле нест. Раҳматулло ном бемор аз ноҳияи Ҳисор мегӯяд, ӯ ҳар моҳ тақрибан 30 доллар барои харидани дору сарф мекунад. Аммо гирифторони бемории диабет танҳо ба дору ниёз надоранд. Онҳо ҳамчунин бояд парҳез ҳам кунанд ва масалан, Раҳматулло ҳар моҳ сад сомонии дигар барои харидани гречка, гӯшти буз  ва дигар маводи ғизоии парҳезӣ сарф мекунад.

Раҳматулло аз хонаводаи миёнаҳолест, ки имкони харидани маводи ғизоии зарурӣ барои худро дорад, аммо наздикони як ҳамсояи камбизоати ӯ, ки солҳо бемории қанд дошт, фақат инро шоҳид шудаанд, ки чӣ гуна саробони хона батадриҷ пажмурда ва сипас ҷон дод.

Вале бемории қанд, беморие нест, ки табобат нашавад, танҳо ба беморон зарур аст, ки муназзам доруи худро истеъмол намуда ва муназзам аз назорати духтур гузаранд.

Аммо беҳтарин роҳи табобат ба гуфтаи табибон пешгирии беморист ва агар бихоҳем, ки ба бемории қанд гирифтор нашавем, пас бояд тавсияҳои табиб ва раҳбари маркази бемориҳои эндокринологии Тоҷикистон Саломат Қосимоваро иҷро кунем:
“Аввал, ин ки камҳаракатӣ нашавад, дуввум, истеъмоли сабзиҷоту меваҷоте, ки қандро баланд намекунанд, ки табиати Тоҷикистон аз онҳо бой аст. Масалан, наск, лӯбиё, мош барои беморӣ пайдо нашудан мусоидат мекунад. Ва тавсия медиҳем, ки аз сигоркашӣ, аз арақнӯшӣ ва аз стресс (афсурдагӣ) худро нигоҳ доштан даркор.”
 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-4 (of 4)
Ном: ZAINIDDIN
17.11.2008 11:33

БИСЁР ХУБ


Ном: Mavluda аз: Dushanbe
15.11.2008 21:38

Tashakkur bisyor khub navishted.


Ном: ДИАБЕТ аз: ДУШАНБЕ
14.11.2008 19:41

Ассалому алейкум.Банда 4-сол мешавад.ки гирифтори ин бемори хастам.Пешгирии ин бемори бисёр аст вале вобаста ба худи хомон бемор.Ин бемори факат пархез талаб мекунад. Аз тачрибаи хеш гуфтани хастам.ки канди ман то 20-26 рафта мерасид.Дар мудати 1-2 руз ба 6-7 оварда мерасондам бо кадом рох ;Аз истеъмол кардани,биринчи донаги мавизу канду ва гайрахо......пархез мекардам.Ба беморихои гирифтори диабет гуфтаниям.ки карамшурбо бе картошкаву илочаш бошад бе гушт лекин шурбои точики не бе ягон намуди руган.Нони сафед тамоман истеъмол накунед нони сиёх ё инки хлеб бошад дар як аз 150-200 грамм агар илочаш бошад аз ин хам камтар.Хурдани ягон чиз манъ нест валекин бо як микдори муаян истеъмол кардан даркор.


Ном: ДИАБЕТ аз: ДУШАНБЕ
14.11.2008 19:04

Роххои пешгирии ин бемори бисёр аст.Танхо пархез акалан шаш мох иншоолох нагз мешавед.Банда гирифтори ин бемори хастам.Вале пархез кардан барои ман душвор чи илоч.

Шарҳҳо 1-4 (of 4)