Фарҳанг

Шоири тоҷик Бозор Собир 70-сола шуд

20.11.2008

Бозор Собир, шоири маҳбуби тоҷик, 70-сола шуд, аммо мақомоти Тоҷикистон зодрӯзи шоирро ҷашн нагирифтанд.

Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон мегӯяд, 70-солагии шоири маъруфи тоҷик Бозор Собирро, ки дар Амрико ба сар мебарад, баҳори оянда дар Душанбе таҷлил хоҳад кард. Абдулҳамид Самадов, муовини раиси Иттифоқи нависандагон мегӯяд, ин созмон мехост, ҳафтодсолагии Бозор Собирро дар рӯзи таваллудаш таҷлил кунад, аммо бо иллати набудани соҳибҷашн дар Тоҷикистон ин ҷашн то иди Наврӯз мавқуф гузошта шудааст. Ба қавли оқои Самадов, Бозор Собир гуфтааст, баҳори соли оянда ба Душанбе бармегардад.

 

Оқои Самадов меафзояд, Иттифоқи нависандагон ба муносибати  70-солагиии  Бозор Собир,  ӯро дар нашрияи хусусиаш «Адабиёт ва санъат» табрик карда, порае аз ашъорашро нашр кардааст.

 

Ин дар ҳолест, ки нашрияҳои мустақили Тоҷикистон дар як соли ахир бахшида ба 70-солагии Бозор Собир матолиби зиёде ба нашр расонида, аз мақомоти Тоҷикистон дархост мекарданд, ки аз зодрӯзи ӯ ба таври расмӣ таҷлил шавад.

 

Вале Абдуғаффор Абдуҷабборов, раиси дастгоҳи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон ҳеҷ барномаеро ҷиҳати таҷлили 70 -солагии Бозор Собир дар даст надорад.

 

Ба ҳамин тартиб, ҳафтодумин зодрӯзи Бозор Собир дар Тоҷикистон дар ҳеҷ маҳфил ҷашн гирифта нашуд. Коршиносон сабаби дар Душанбе таҷлил нашудани 70-солагии Бозор Собирро ба мусоҳибаҳои ихтисосии вай бо нашрияҳои мустақили Тоҷикистон марбут медонад, ки дар онҳо ҳукумати Тоҷикистон бо шеваи шадид танқид мешавад.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-10 (of 10)
Ном: iltimos inro khoned аз: Dushanbe
25.11.2008 18:16

Salom hamvatanoni aziz,,,
ba fikri shakhsii man B Sobir ba gaphoi khud ahammiyat nadoda suhbat mekunad , man dar yak guzorishi televizioni mushohida kardam ki B Sobir baze az shuaroi mo ro past zada va onhoro hamchun kashok nomid, va dar borai ashori vay man rozi nestam chunki Lenin ro az khudovu paygambaronash va Firdavsi ,Sino ,Somoni, va gayra bolo donistast ,, man az majallai SSR ashorashro khondam,,,


Ном: Abd
24.11.2008 19:09

Assalomu Alaykum. Muhtaram Preziden az minbar Nomi Khudo mebarad in boshad astagfirulloh chiho meguyad. agar khudo namebud yo murda bud in Harakoti osmonu zamin va tartiboti tamomi sayoraho az kujoboqi memondand.


Ном: Nematullo аз: Dushanbe
23.11.2008 11:46

Фикр мекунам, ки бас аст таърифу таъсифи Б.Собир. Ин шахс шоири шоистаи Точикистон нест.
Бо кадом шеърхояш таърифаш мекунед?
Шеъри "Худо кайхо мурдааст", ё "Худо накардааст, бо паёмбарони муъчизакораш, он чи Ленин кард". Мо худро бо сари баланд мусалмон мехисобему шерхои Б.Собир - ро хонда маззамат мекунем. Оё ин дуруст аст?
Аз ин бадтараш дигар нест...
Ба гуфтахои ин шахс дар Точикистон на адабиёт мондаасту на шоиру ва гайрахо...
Рудаки,Сино, Фирдавси ва гайрахо дар Б.Собир ба кадри шапкаи падари бузургвораш Ленин, намеарзидааст...
Чи лозим дар Точикистон Б.Собир ва монанди инхо


Ном: Davron аз: Uzbekiston
21.11.2008 18:30

Bozora sherasha ma'nesha odama fahmidagisha nest


Ном: siraj аз: pomir
21.11.2008 15:04

salom va badan mexoham shoere besyor xube Tojikamro ba zodruzash tabrek guyam...ruze tavaludat muborak ustode aziz...dar har joe boshe xub boshe sehatmand boshe va doemo xursand va dar amone Xudovand boshe.roste,kasone ki olemon va buzurgone qavmro ezzatu hurmat namekunand onho hargez oyandae xubro namebenand.Hazrate Muhammad meguyad...olemon voresone payombaronand...dar har joe olemonu shoeronu va buzurgone qavm qadr shudand on qavm ba yak martabae buzurge noel shudand va onone ki en tabaqae xube mujtamaro qadr nakardand doemoy hamesha dar azobe shekanjae dunyo gereftorand va fekr mekunam dar oxerat ham podoshe amalshon hamenxel meboshad.


Ном: loik аз: dushanbe
21.11.2008 11:48

Салом .ма фикр мекунам ки бозор собир аз нафароне мебошад,ки мисли кудак аст.олим будан осон аст аммо одам будан душвор.мамлакат зебо бошад обод бошад сериву пури бошад баъд мамлакат ватн хисоб мехурдааст.даркор нест бозор собир барин шоирон.


Ном: Субхон аз: Душанбе
21.11.2008 11:09

Ман фикр намекунам, ки Бозор Собир ба Ватан баргарданд. Зеро Эшон аз шароити зиндагони дар Точикистон хабар доранд ва хусусан шароити зисту зиндагонии зиёиён ва кумаку дастгири нисбати онхо, хам чониби давлат ва хам аз чониби чомеъа.
Дар мавриди тачлили расмии 70-солагии шоир ба акидаи Абдуғаффор Абдуҷабборов, раиси дастгоҳи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон рози хастам.


Ном: 001 аз: 002
21.11.2008 10:38

Ba fikram vazorati farhag meguyad:boyad qahr namekard.


Ном: Дилшод аз: ДУШАНБЕ
21.11.2008 08:47

МАН УМЕДВОРАМ, КИ ШОИРИ ВАТАНДУСТИ МИЛЛАТИ ТОЧИК БА ТОЧИКИСТОН БАРМЕГАРДАД. ОН СУХАНОНЕ, КИ ДАР РУЗНОМАХО ХОНДАМ БОВАР НАДОРАМ, КИ БОЗОР СОБИР ГУФТА БОШАД............


Ном: bandai xydo аз: dubai
20.11.2008 22:16

bale xelo xyb gyftan barodari islomi turajonzoda .dar borai tarixi islom dar kitobxoi darsi navishtan xub meshud az iak hand ruhonii islomi maslihatu va fikrxoi sahehashonro dar bar megiriftan hunki dar in zamon dyshmanoni islomva bidatxo xelo ziedand.xudovand tojikiston va musalmononi asili in carzaminro az baloxoi zaminiu osmoni nigahbon boshad omin.

Шарҳҳо 1-10 (of 10)
Ҳаҷми матн