Тоҷикистон

Посухи Раҳмонов ба номаи Тӯраҷонзода

Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон

20.11.2008

Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон, номаи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, узви Маҷлиси Миллӣ ва рӯҳонии маъруфи кишварро, ки масъалаи таҳқиру таҳвини Ислом дар китобҳои дарсии таърихро матраҳ кардааст, бидуни асос хонд.

Вай дар сӯҳбати вижааш ба Радиои Озодӣ гуфт, ин баҳси оқои Тӯраҷонзода бо ӯ ҳудудан ду моҳ боз идома дошт ва вазорати маориф тӯли ин муддат талош кардааст, ки нашри китобҳои дарсии таърихро дубора ба роҳ монад: “Мо дубора навиштани китобҳои таърихро супориш додем. Ин гапи Тӯраҷонзода ду моҳ пеш буд. Мо ҳамроҳашон низ як баҳси шифоҳӣ доштем. Ман ба он кас гуфта будам, ки мо аллакай дар ин маврид корро шурӯъ кардем. Ҳама чиз якбора намешавад. Мо аввал мактабро бо китоб таъмин кунем...”.

 

Дар номаи саркушодаи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ба унвони мақомоти расмии Тоҷикистон, аз ҷумла вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов ва мушовири давлатии раисҷумҳур Саймурод Фаттоев гуфта мешавад, ки аксар китобҳои дарсӣ, бахусус, китобҳои дарсии таърих дар макотиб нисбат ба арзишҳо ва муқаддасоти ислом таҳриф ва таҳқирро раво дидаанд.

 

Оқои Тӯраҷонзода мегӯяд, вай бо навиштани ин нома вазифаи шаҳрвандӣ ва мусулмонии худро иҷро кардааст. Зеро ба гуфтаи вай, чунин барномаҳои омӯзишӣ дар минбаъда барои азҳампошии ваҳдати мусулмонҳо бидуни таъсир нахоҳад монд: “Умедворам, ки сиёсати кишвар дар қиболи диндонорон тағйир карда бошад. Ҳарчанд ба ин бовар надорам. Агар вазорати маорифи Тоҷикистон барои ислоҳи ин камбуд дар барномаҳову китобҳои таълимӣ барои наврасон кӯшиш кунад, мо ҳам қаноматманд мешавем, ки сиёсат дар қиболи Ислом ва мусулмонҳо дар кишвар тағйир ёфтааст. Ва бо ин ҳол аз бародарони дигар ҳам даъват мекунам, ки ин гуна камбудҳоро бинанд, хомӯш набошанд”.  

 

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, узви Маҷлиси Миллии Тоҷикистон ва рӯҳонии маъруф

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар номаи худ бо овардани мисолҳои мушаххас аз саҳифаи ин китоби дарсии таърих, ки барои муҳассилини синфҳои шашум ва ҳафтум тавсия шудааст, мегӯяд, бештари муаллифони ин осори таълимӣ нисбати дини Ислом назари хайрхоҳона надоранд ва ҳанӯз таҳти таъсири иделогияи атеистӣ ба ҳаводис ва шахсиятҳои исломӣ муносибат мекунанд:

 

“Аввалан, дар ин китоб омадааст, ки дини Ислом гӯиё эҷоди шахсии Муҳаммад пайғамбар бошад. Дуюм, масъалаи хатарноке, ки дар ин китоб пайдо кардам, ин натиҷаи музокираву қарордод ва тавофуқи байни ашрофи Қурайш ва Муҳаммад пайғамбар аст. Ба навиштаи ин китоб ашрофи Қурайш ба Муҳаммад пайғамбар гуфтаанд, ки агар се талаби моро иҷро кунӣ, мо дини туро қабул мекунем. Ин қадар заҳрҳои қотил ва дурӯғ барои ақидаи фарзандони мо – мусулмонҳо дар ин китоби таърих аст, ки бовар кунед, дар замони Шӯравӣ низ ин гуна матолиб дар китобҳои дарсии мактабҳо набуд”.

Ҳоҷӣ 
Акбар Тӯраҷонзода, узви Маҷлиси Миллӣ ва собиқ қозии мусулмонҳои Тоҷикистон, дар охири номааш бо ироъаи пешниҳодоти мушаххас аз мухотабони худ хоҳиш кардааст, ки нашру чопи ин китобҳо аз сар гирифта шавад.

Бо дархости бархе аз хонандагон, ки хостаанд, бо номаи ҷаноби Тӯраҷонзода ошноии амиқтар дошта бошанд, мухтасари матни он ба ин баҳс замима шудааст.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-10 (of 54)
Ном: MAVLUDA аз: HISOR
29.11.2008 10:30

tashakur ustod...shumo ehsosi tanhoi nakuned.


Ном: Мухаммад аз: Душанбе
28.11.2008 11:31

Агар бини, ки нобиною чох аст
Агар хамуш нишини гунох аст.Домулло Турачонзода дар хакикат карзи фарзандиашро бо ин пешниходхои мукамалаш дар назди таърихи миллати точик ичро кард. У метавонист нагуяд. Вале у гуфт.Таърих борхо исбот кардааст, ки онхое, ки сухани хакро гуфтаанд, хамеша ба азоб умр ба сар бурдаанд. Чаро, ки сухани хакро на хама кудрати шунидан дорад. Турачонзода яке аз шахсиятхои бузург буда дар олами тамадуни исломй нуфузи калон дорад. Модои. ки чунин шахсиятхо сухани хакро мегуянд, мо бояд ин хатогихои китобро ислох кунем. Ин ислоххо ба хотири пос доштани дини мубини ислом аст. Ман хайронам чаро муаллифони китоб хамушанд. о вакте, ки мавзуро намедонед чаро ба навиштани он даст задаед. Ин корро харгиз накунед. Холо хам бошад хеч кас шуморо таги дор набурда истодааст. Аз хама мухимаш Шумо вазири маорифро, ки хеле кушишхо бахри рушду нумуи ин соха карда истодааст, ба тахкир андохтаед. Шарм намедоред.Пагох намегуянд, ки фалони ин китобро навишт. Баръакс мегуянд, ки хамон солхо вазири маориф ки буд, ки ба чунин хатогихо рох дод.


Ном: Мусалмон
26.11.2008 13:44

Ба Yusuf аз: Tajikistan.
Бародари азиз, Зуди Румиву, Бедилу, Хофизу, Беруниву дигарон, медонистанд, ки то ислом ки буданд. Онхо дини зардуштиро низ омухта буданд, дини насронирову бутпарастиро низ, ва хамчунин дини яхудиро. Барои хамин онхо хама ин кадар донову олим буданд. Онхо аз гузаштаи худ ру нагардондан, ин корро мо имруз мекунем. Алхамдулиллох ки мусалмонем, аммо чаро аз гузаштаи худ шарм дорем? Арабхо то ислом зинда ба зиндаи духтархои худро гур мекарданд. Аз ин ру намегардонанд ку.


Ном: ibni Rajab аз: hujand
26.11.2008 02:43

Avvalan ba hoji Akbar tashakuri zieod ba in gamhorihoi barodarona ba musulmononi Tojikiston dar haqiqat vazifai hudro ba jo ovardaast az Hudovand mepursam ki u ro dar guftani Haq hamehsa ustuvor bigardonad. va guftanieam ki har kaseki ba tagir dodani in barnomaho qodir ast boead dast giri kunad.


Ном: Khorog аз: Khorog
25.11.2008 21:42

Turajonzoda sredi Sunnitov edinstvenniy Ruhoni, kotoriy dumaet masshtabno i nakhoditsya vishe deleniya Islama na konfessii.


Ном: Кулоби аз: кулоб
25.11.2008 17:43

Хочи Акбари Турачонзода марди окилу доно хаст,ки ин масъаларо ба миён овардааст. Номи Домулло бояд дар катори кахрамонхои миллати точик бошад.
аз Парвардигор хохиш мекунем,ки ба Хазрат умри дарози бобаракат ато фармояд.


Ном: душанбе аз: душанбе
25.11.2008 14:33

ТУРАЧОНЗОДА НАМУНАИ ОЛИИ МАРДИ МУСАЛМОН ДАР КАРНИ 21 АСТ. СИФОТАШ ИН АСТ КИ ДОНО АСТ МУТААСИБ ВА ЧОХИЛ НЕСТ. БО ТАХАММУЛ АСТ ПЛЮРАЛИСТ АСТ МАКОМИ ХЕШРО ДАР ЧАМЪИЯТИ ИНСОНИ МЕШИНОСАД. ТАОДУЛИ ДИН ВА ДУНЁРО ЭЪТИРОФ ДОРАД. ЗОХИР ВА БОТИНИ ИСЛОМРО АЗ ХАМ ФАРК МЕКУНАД.ЧАВХАРРО АЗ АРАЗ АВВАЛИЯТ МЕДИХАД. МАРДАК ХОНДААСТ ХУДОЧУ АСТ ХУРОФОТПАРАСТ НЕСТ. ХОЧИ МЕДОНАД МАЪНИИ ИН БАЙТРО:
ХОЧИ БА ДАРИ КАЪБАВУ МО ТОЛИБИ ДИДОР,
У ХОНА ХАМЕЧУЯДУ МО СОХИБИ ХОНА.
У ХОЧИЕСТ, МИЛЛАТИ ТОЧИКРО БА МАХАЛЛОТ ВА МАЗХАБОТ ТАБАКАБАНДИ НАМЕКУНАД. ЗИХИ ЭЙ МАРДИ ОКИЛ ЭЙ ЗОДАВУ ПАРВАРДАИ РУДАКИ,ФИРДАВСИ СИНОВУ САНОИ НОСИРИ ХУСРАВУ ХОФИЗ ВА ИКБОЛ. ЗИХИ ЭЙ МАРДИ ШАРИФ ЭЙ ТОЧИКИ АСИЛ.У ПАЙРАВИ МАЗХАБИ АКЛОНИИ ИСЛОМ АСТ. ДАР МАКОМИ ХЕШ КОИМ БИМОНИ ДАР БАНДИ ШАРИАТУ ХУРОФОТ МАШАВ ОЗОДА БИЗИ!!!

БАНДА РИСОЛАХО МАКОЛОТ ВА ВАЪЗХОИ ИШОНРО ХОНДАВУ ШУНИДА БАРОЯШ ИН ТАВСИФНОМАРО РАВО МЕБИНАМ.


Ном: Чонон аз: Душанбе
24.11.2008 21:52

Салому алайкум.
Хайрият хамин устод Турачонзода хаст, вагарнаин Шурои уламо парвое надорад, ки ба сари ислом чи омада истодааст. Ташаккур аз Хочи Домутто Турачонзода. Бахудо ашкхоям рехт, ки садои ин инсони бузург хамеша баланд аст, сараш хам хамеша баланд бошад!!!!!!!!!!!!!!!!!


Ном: Салимчон аз: Душанбе
24.11.2008 21:46

Домулло Турачонзода дар номаи худ хамаи гуфтахояшро бо мисолхо тасдик кардааст. Дар хакикат агар хамин китобхоро бачахои мо дар мактабхо хонанад ва исломро аз хамин китобхо ёд гиранд, ояндаи ин дин в аин миллат чи мешавад.
Ман пешниход мекардам, ки дар соли Имоми Аъзам китобхои дарси ислох шаванд ва ин нуктахои зиддиисломи, ки окои турачонзода онхоро зикр намудааст, аз ин китобхо хорич шаванд
Охир айб аст, ки 97 дарсади мардум мусулмон бошанду китоби дарсии мактаб исломро тахрифу тахкир намояд. Рахмат ба домулло турачонзода, ки хамчун вичдони бедори мусулмонони кишвар ин дафъа хам пеш аз хама садои хакикатро баланд кардааст.


Ном: Yusuf аз: Tajikistan
24.11.2008 18:54

Assalom. Ba barodar Ном: кудрат аз: тавилдарра чанобон оё таърихи хаккони бетахриф ва вокеъии ислом вучуд дорад? бигуед то хама бихонандаш. Bale Barodar Tarikhi Haqiqi dokhili Quron vujud dorad Metavoni khondanasha iftitoh kuni!

Шарҳҳо 1-10 (of 54)
Ҳаҷми матн
Аз номаи ҷаноби Тӯраҷонзода

"Аввалин китобе, ки мехос­там дар ин мавзуъ ба он таваччух намоем, китоби дарсии «Таърихи умумй. Таърихи асрхои миёна. Китоби дарси барои синфи 6» (Интишороти «Сарпараст», Душанбе, 2005) аст, ки аз тарафи муаллифон Т.Зиёев ва Р.Шарифов навишта шуда, онро Мушовараи Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон барои чоп ва таълим тавсия кардааст. Китоб асосан таърихи давлатхо ва тамаддунхои чахонро ба таври умумй таълим медихад ва бахшхои 11 то 16 он (сахифахои 49-80) ба таърихи дини Ислом ва давлатдории мусулмонон дар асрхои аввали исломй бахшида шудааст.

Дар ин боб Паёмбари Худо хамчун «асосгузори дини нав» муаррифӣ гашта, амрхои Худованд, ки ба у аз тарики вахйи илохй расидааст, бар хилофи хакикат, ба хонанда хамчун «пешниходҳои» шахсии худи Мухаммад(с) шарх дода мешаванд. Масалан, аз чумла, омадааст: «Мухаммад(с) ба туфайли пешниходоти инсондустонаи худ боиси таваччухи кабилаи Курайшихо ва кабилахои дигари араби Макка гардид», «Мухаммад (с) пешниход кард, ки хар кас бояд дахяки даромади худро ба бечораю бенавоён садака кунад.» (с.49). ё, «Мухаммад(с) пайгамбар ин вазъро ба назар гирифта, пайгамбарони яхудия ва масехиятро хам пайгамбарони мусулмонхо эълон карда, худро пайгамбари охирин номид».

Чунин даъвохои бофта тахрифи ошкоро дар хакки Ислом ва Пайрамбари бузургвори он аст! Агарчи муаллифон дар радифи номи Мухаммад (с) истилохи «пайгамбар»-ро истифода мекунанд, аммо наход худашон нафахмида бошанд, ки маънои «пайгамбар» паёмовар ва расонандаи паёми Худованд аст? Агар Хазрати Мухаммад (с) ин ахкомро ба гуфтаи муаллифон, «бо дар назар гирифтани вазъ» аз пеши худ бофта бошад, пас чй гуна у пайгамбари Худо мебуд? Мувофики фармудаи Куръони карим, ки акидаи мусулмо­нон дар асоси он шакл гирифтааст, Паёмбари Худо хеч, чизеро дар Ислом аз пеши худ ворид накардааст, балки паёми Худо­ванд ва ҳукми илохиро ба мар­дум расонидааст. Чуноне ки Куръони карим дар ин бора сарохатан шаходат медихад: «Ва мо янтиту анил хаво ин хия илло вахюн юухо» (Ва (Паёмбар) чизе аз пеши худ намегуяд ва ва харчй туфтааст, вахйи Худованд аст). (Сураи «Ан-начм», ояхои 3 ва 4). Ин нукта фарки асосии дин аз дигар таълимоти ахлокиию маънавй ва ичтимоию сиёсиест, ки инсонхо аз фикри худ эчод кардаанд.

Дар сахифаи 51-ум бошад, муаллифон се масъалаи усулии исломро, ки дар натичаи вахйи илохй ба Паёмбар (с) амр шудааст, ба хонандагон хамчун натичаи музокира ва карордоду тавофуки байни ашрофи курайш ва Мухаммад(с) таълим медиханд: «Ашрофи чурайшихои Макка ... иброз доштанд, ки Мухамамд(с) се талаби онхоро ичро кунад: 1) Шахри Мака маркази дини ислом бошад. 2) Хонаи Каъба ва Санги Сиёх, мукаддасоти ислом эълон карда щавад. 3)3иёрати Мака, ё худ адои марсими хач барои хар як мусулмон хатмй гардад. Пайгамбари ислом ин пешниходоти курайшихоро кабул кард. Баъди ин курайшихо ва кабилахои дигари Макка дини исломро кабул карданд.» Мувофики ин даъвои муаллифони китоб, дар таълимоти Ислом макоми мукаррам доштани шахри Макка, чойгохй мукаддаси Каъба ва рукни панчуми Ислом карор гирифтани хачч на аз тарафи Худованди Мутаъол, балки дар пайи як шартномаи сиёсй байни мушрикони Макка ва Мухаммад(с) кабул гаштааст.

Ин тавр ба хонандаи хурдсол накл кардани таърихй Ислом на танхо дуруги махзу тахрифи ошкорои таъриху таълимоти ис­ломй, балки болотар аз хама, инкори ошкорои мохияти осмонии динй мубини Ислом мебо­шад, ки барои мусулмонон харгиз кобили кабул нест. Мувофики акоиди исломй ва тибки назари тамоми мазхабхои фикхии исломй, аз чумла мазхаби ханафй, касе чунин акида дошта бошад, умуман мусулмон хисоб намешавад, зеро манбаи илохй доштани як рукни асосии Ислом, яъне хаччро инкор кардааст.

Чунин нигохи гайрикасбй, гайриилмй ва зиддиисломй ба таълими масъалахои марбут ба таърих ва арзишхои исломи дар китоби дарсии «Таърихй дин» низ мушохида мешавад. Ин китоб барои синфхои 7-у ми мактабхои миёна тавсия шуда, аз суй муаллифон Х.Рахимзода ва С.Ахмедов таълиф гаштааст. Чун бахши калони ин китоб (с.49-156} ба шархи таъриху таълимоти Ислом бахшида шудааст, ин чо имкон дорем, ки даххо галатхои таърихию мантики ва аз тарафи муаллифон истифода шудани афсонаю ривоятхи исроилиёт, адабиёти фолклорй, гайриилмй ва аз назари сарчашмахои исломй номуътабарро мисол оварем.

Вале бо максади кутох намудани матн факат бо мисоле кифоят мекунем: Масалан, дар сахифаи 59-уми китоб ходисаи аз чониби Худованд ба хазрати Мухамамд(с) нозил шудани вахн чунин оварда шудааст: «Як шаб, ки дар гор хобида буд, фариштае пеши вай омад ва гуфт: «Ба номи парвардигори ту, ки инсонро офариду ба у чизхоеро омухт, ки намедонист-. Эй Мухаммад, ту расули худой ва ман хам фариштаи у Чабраил». Мухаммад аз хоб тарсида бедор шуд, касеро надид, аммо суханхое, ки шунида буд дар хотираи у накш баста буданд.» Ва поинтар омадааст: «Пас аз ин ходиса вахй ба Паёмбар(с) мунтазам нозил мегашт ва ба ин тарин китоби Куръон фарохам меомад ва дини навдини ислом ташаккул меёфт». Ба ин восита муаллифон ба хонандаи мактаб таълим медиханд, ки Куръон ба Мухаммад(с) хангоми хоб нозил мешудааст ва ин китоб «ба ин тарик,» навишта шудааст.

Ин даъво тухмат ба Куръон ва тахрифи махзи хакикати вахйи илохй мебошад. Аввалан, тибки санадхои муътабари таърихй ва, аз чумла, тибки хадисхои сахех ва шаходати даххо сахобагони бузурги Пайгамбари Худо, вахйи илохй ба чаноби Пайгамбар(с) на дар холати хоб, балки дар бедорй мерасид ва Ишон онро огохона дармеёфтанд. Ин аст акидаи мусулмонон дар ин масъала. Аз ин ру, маълумоти овардаи муал­лифон тахрифи ошкорои вокеияти таърихист.

Сониян, ин гуна тасвир кардани манзараи вай чунин маъно медихад, ки Куръон ва Ислом хамагй натичаи хобу хаёли Мухаммад(с) "мебо­шад, зеро муаллифон овардаанд, ки «Мухаммад аз хоб тарсида бедор шуд, касеро надид, аммо суханхое, ки шунида буд дар хотираи у накш баста буданд.» Чунин фикр комилан му­холифи таълимоти Ислом ва эътикоди мусулмонон мебошад. Масъулони мухтарам, бародарони гиромй! Хамин тавр, баррасии бисер мухтасари махтаво ва дидгохи хамагй чанд китоби дарсии мактабй нишон дод, ки дидгохи аксари муаллифони онхо ба масъ­алахои марбут ба Ислом ва арзишхои исломи асосан гайри­касбй, гайриилмй, тахрифшуда ва дар аксари мавридхо гаразнок, тухматомез, зиддиисломй ва тахкиромез мебошад."