Тоҷикистон

Парвандаи ҷиноӣ алайҳи Эшони Нуриддин

Нуриддини Тӯраҷонзода, маъруф ба Эшони Нуриддин, рӯҳонии саршиноси Тоҷикистон

28.11.2008

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон алайҳи рӯҳонии машҳур Нуриддини Тӯраҷонзода парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Эшони Нуриддин баъд аз хуруҷ аз бинои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар як сӯҳбат ба хабарнигорон гуфт, ин маротибаи саввум аст, ки ба ниҳодҳои тафтишотӣ даъват мешавад. Вай афзуд, ӯро ба нашри мавъизаҳое муттаҳам мекунанд, ки гӯё бо се банди қонуни ҷиноии Тоҷикистон мухолифат доштааст. Вай мегӯяд, ӯ он чиро мегӯяд, ки дар шариъат омадааст ва худованд иҷрои онро тақозо мекунад.

 

Эшони Нуриддин афзуд, маъмурони амниятӣ ба ӯ гуфтаанд, ки дар мавъизаҳои ӯ тарғибу ташвиқи зиддиқонунӣ ошкор шуда, дунявияти сохти сиёсии Тоҷикистон таҳти суол бурда мешавад. Эшони Нуриддин гуфт, мақомот мавъизаҳои ӯ, аз ҷумла дар мавриди ҳаром будани шароб ва зиноро муғойир ба қонунҳои давлати демократие чун Тоҷикистон арзёбӣ кардаанд. Вай афзуд, ҳамчунин мақомот ба ӯ гуфтаанд, ки мавъизаҳои ӯ оромиши ҷомеъаро барҳам мезананд ва боиси густариши тундгароӣ мешаванд.

 

Эшони Нуриддин ҳамчунин мухолифаташ алайҳи сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистонро рад карда, гуфт, аз иқдомоти раисҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди эълом доштани соли Имоми Аъзам, мавқеъгириҳои байнулмилалиаш дар мавриди исломро ҷонибдорӣ мекунад. 

 

Ба таъйиди Эшони Нуриддин мақомоти амниятии Тоҷикистон бар асоси як хулосаи коршиносии собиқ Кумитаи дини назди ҳукумати ин кишвар алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

 

Нуриддини Тӯраҷонзода, бародари Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода - яке аз чеҳраҳои сиёсии Тоҷикистон аст, ки дар мавъизаҳояш аз касодии ахлоқ, густариш ва гаравидани атбоъи мусалмони Тоҷикистон ба динҳои дигар интиқоди шадид мекунанд. Қаблан мақомоти Тоҷикистон наворҳои аудио ва видеоии онҳоро аз бозорҳои кишвар мусодира карда, амри маъруфи онҳо дар тӯю маросимҳоро низ манъ карда буданд. Дар Масҷиди Муҳаммадияи деҳаи Туркободи ноҳияи Ваҳдат, ки Эшони Нуриддин дар он имомхатиб аст, дар намози ҷумъа ҳазорон нафар аз навоҳии атрофи Душанбе ва вилояти Хатлон ҷамъ меоянд. 

 

Як корманди собики Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон, ки  гуфта мешавад дар омода кардани хулосаи коршиноси дар мавриди мавъизаҳои Эшони Нуриддинҷон саҳм гирифтааст, гуфт дар Тоҷикистон минбари дин аз сӯи бархе уламои ислом сӯйистифода мешавад ва дар ҳоли ҳозир, қавонини дин бо қавонини сиёсату иқтисод мувофиқат намекунанд.

 

Иддае аз коршиносон низ бар он назаранд, ки дар манзили сокинон ва бозорҳои кишвар мардум бештар ба шунидани амри маъруфи рӯҳониён рӯ овардаанд ва ин ҳол дар ҷомеъа рӯҳияҳои тундгароии диниро низ вусъат бахшидааст.

 

Дар ҳамин ҳол Эшони Нуриддинҷон мегӯяд, дар сурати идома пайдо кардани фишорҳои ҳукумат бар ӯ ва дар ҳоли маҳрум кардани ӯ аз минбараш Тоҷикистонро ба қасди Қазоқистон, ки он ҷо низ ҳаводоронаш зиёданд, тарк хоҳад кард.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-10 (of 93)
Ном: Шариф аз: Душанбе
04.12.2008 22:43

Дар остонаи Иди саиди Курбон ва дар остонаи зимистони сахт, ки масъалахои таъмини барк ва гарми пеш меоянд, хукумат бояд бештар вазъиятро ором кунад ва вахдатро таъмин намояд, зеро бухрони зимистон аз назари сиёси хам хатарнок аст. Вале дар ин шароит бо Эшони Нуриддин, ки маъруфтарин шахсияти кишвар аст, рубуру ва дар низоъ шудани хукумат ба нафъи амнияти милли ва суботи кишвар нест. Ин ба маънои камии саводи сиёси ва тадбиршиносии макомот аст. Аз обуруи болои Эшони нуриддин бояд истифодаи созанда шавад. Вале барои ин нияти нек ва хиради баланд лозим аст...


Ном: Мирзо аз: Сомониён.
04.12.2008 16:15

Бародарони ахли "Ислом" салом. Бидонед ки вазифаи муллову эшонхои сохиби минбар расонидани суханони хак ба мардум аст.Онхо бояд аз хеч чиз гайри худо натарсанд ва ба мардум фахмонанд ки халол чист ва харом чист,хак чист ва ботил чист.Чи хуб аст ва чи бад аст.Агар сохиб минбарон инро ба мусалмонон нарасонад пас чи фарк аз хамон чалла мусалмон ва хамон Мулло".
Якмисоли одди: Кори Амон раиси уламои Точикистон аст лек аз мардуме ки амри маруфу нахи мункарро мехоханд шунаванд гурезон мешавад!!!Муллои масчиди "Мавлоно якуби Чархи" таи 7 мох аст ки факат дар бораи Хазрати Юсуф хадис меорад росту дуруг.Лек дар бораи намозу руза метарсад ки хадис гуяд чунки аз вазифааш уро мумкин аст озод кунанд.
Лек донед ки он сохибминбарон фардо рузи киёмат пеши худо чавобгаранд аз он ки мардумро аз асоси "Ислом"хабардор карданд ё на.
Пас биёед мулохиза кунем Эшон рост мегуяд ё Дигарон.Эшон мегуяд: Халолро аз харом фарк кунед! Фахшу фохишаги накунед!Намоз хонед!Шароб нахуред!Дуруг нагуед.Духтарони худро нагузоред нимбарахна ба куча бароянд.Зино накунед! Хулоса мусалмон бошед!!! Агар у инро ба мардум нагуяд ки мегуяд: Магар "Кори Амон" магар "Муллои масчиди Мавлоно Якуби Чархи".Онхо бехтараш хомуш меистанду дар вазифахояшон меистанд
Лек Эшон аз "Курон" сухан мегуяд ва мардуми мусалмонро мефахмонад ки асоси "Ислом" чист.Магар ин бад аст.
Ононе ки тарафдори рафтани эшонанд ба фикрам на боре намоз хондаанду руза гирифтаанд ва намедонанд ки фарзандонашон шабхоро нимбарахна дар ДИСКОТЕКАВУ ФОХИШАХОНАХО руз мекунанд.Боз худро мусалмон мехисобанд.
Оё мусалмони пайравии Фарзу-суннат нест?
Пас фаромуш накунед ки агар мо пеши рохи ин хел уламоро гирем дигар касе намемонад ки исломро ба мардум тарбият дихад ва мардуми гумрох ба "Бехудои" ру меоранд.(Худованд ин рузро ба сари мо наорад!!)
Пас газаби ХУДОВАНД Точикистони моро рахои намебахшад.


Ном: Akbar аз: Petropavlovsk
04.12.2008 15:40

Mu muntaziri omadani Eshoni NURIDDINJON hastem dar Kzokiston, Mo hamamon uro saht dust medorem , dar Osyo monandi Eshoni Nuriddinjon OLIMI buzurg nest. Hudovand Nigah dor Boshad Piri Mora!


Ном: BDULLO аз: EGPT
04.12.2008 15:14

ABDULLO AZ: EGPT SALOM HAMVATANON IN QAZIYAERO KI AMNITATI TJ. PESH GIRIFTAST MEKHOHAD BO IN SABABHO SADI ROHI ISLOM SHAVAD,BAHONA JUYI BO BAZE SABABHOI BE ASOS, IN NISHON DIHANDA AZ ONAST KI ISLOMRO BA VAJHI SAHIH NAFAHMIDAND VA IN AMAL GHAER AZ BEDOR SOZII MUSASMONON VA ZIYOD GASHTANI FITNA DIGAR CHIZE NAMEORAD. AVALAN NABOYAD FAROMUSH KARD KI SOHIBI IN DIN XUDO HAST,VA DIGAR IN KI E. NURIDDIN MASDARI ISLOM NEST, KI BO AZ BAEN BURDANI U SABABI KHALOSI BOSHAD,AGAR TAJRIBAI HAYOT NADORED NAZAR BA TARIKH KUNED, VAQTEKI FIRAVNRO KHABAR DODA SHUD AZ TIFLEKI SABABI AZ BAEN BURDANI TAKHTI U MEGARDAD AMR BA QATLI TIFLHO KARD VA XUDOVAND MUSORO DAR KHONAI KHUDI U NASHU NAMO DOD. VA KHUDOVAND HEJGOH JOMIARO KHOLI AZ VORISONI PAEGHAMBAR NAMEGUZORAD IN DOIHO NA IN QURON FARDO HUJJAT VA SHOHID AST BAR BOLOYI DUSHMANONI XUDO, XUDO HOFIZ.


Ном: Абдуллох аз: Москва
04.12.2008 01:15

Ассалом ба хама миллати ислом. худоро шукр ин хел пешво дорем ки сухани хакро ба мардум мерасонад.Домуло шумо аз ин фишорхо хаста нашавед худован нигохбони шумост.


Ном: Ozodi аз: Minsk
03.12.2008 23:20

In feodaloni kommunist va in mullohoi islomi holi mardumro taboh kardaand.
Inho az yakdigar hej farqe nadorand.

haqi siyosii mardum dar afgoniston, pokiston ,Iron ,ki kishvarhoi islomiand har soat poimol meshavad, inson az ozodandeshi kullan mahrum ast.
Magar az in islom ibrat bigirem,ki inson haqi hej nav` ozodii siyosi nadorad.


Ном: muslim аз: ardi alloh
03.12.2008 22:24

BA NOMI XUDOVANDI BAXSHANDA VA MEHRUBON
BOVAR KUNED EY MUSULMONHO INXEL MUSIBAT BORI AVVAL NEST IN XEL MUSIBAST BA SARI HAMMAI PAYONBARON VA DUSTONI ONHO OMADABUD MAN BA HAMUN NAVISANDAI BA NOMI Ном: Antirish аз: Dushanbe GUFTANIAM BO YAK SALLAVU YAK JELAK ODAM MULLO NAMESHAVAD LEKIN MULLOHOI MISLI ESHONI NURIDDINJON KAM YOBAND LEKIN IKTISODI TOJIKISTON DA DASTI MULLOHO NESTAS DA DASTI VAZIRONU RAISONEKI A SAR TO MO HORA XURAN BA HAMIM SABAB IKTISODI TOJIKISTON BA DARAJAI PASTAS HAMUN MULLOHOIEKI TU MEGUI HAMMAASHON MEDONAD VA MEGUYAN KI PORA HAROMAST YAGON RAISI RASSIYARO DIDENKI PORA MEGIRIGTABOSHAD HATTO BAROI HAJRAVI PORA TALAB MEKUNAN BO KUMITAI DIN BUDAS ESHONI NURIIDDINJON ZIDDI HAMIN XEL ODAMO MEBUROMAD INSHOALLOH ESHON BE HEJ KUJO NAMERAVAD XUDOVAND IN XEL ODAMONRO XOR NAMEGARDONAD


Ном: Не
03.12.2008 18:15

Assalam, man mekhostam fahmam oyo hukumat muqobila bo kiro dorad Ijozati Araqu Zino Muqobila bo Alloh ast nA bo Ishoni Nuriddinjon. Vassalam


Ном: Дилшод аз: Дахана
03.12.2008 17:33

Ин кори дуруст нест вай ба мусулмонхои Точикистон панд мегуяд


Ном: забоншинос аз: Dushanbe
03.12.2008 09:56

Salom istifodabarnadagoni website ozodi
Бузугдошти соли Имом Абуханифа,Рудаки ва амсоли ин шахсиятхои фарханги ва тарихии кишварамон кадаме ба суи фардои нек ва рушди фарханги хакикии чомиамон мебошад.Аммо бехтироми ва озор шокирдон ва мухлисони чунин шахсиятхои бузургамон мугоийр ва тазод ба еъломи бузургдошти Имом Абуханифа,Рудаки ва дигарон мебошад ки дар рушди фарханги ва иктисодии кишварамон халал ворид хохад кард.

Шарҳҳо 1-10 (of 93)