Баргузидаҳо
Ҷанги Ғазза
681 тобут
Тоҷикистон - 2008
Радио
Ҷадвали пахш
Дар бораи "Озодӣ"
Обуна
Баҳсҳо
Тамос
Панҷшанбе, Январ 08, 2009 Соат ба вақти Душанбе 05:19
Хона
Хабарҳо
Тоҷикистон
Минтақаҳо
Ҷаҳон
Сиёсат
Иқтисод
Ҷавонон
Фарҳанг
Варзиш
Подкаст
RSS
Пахши зинда
Дархости
Барномаи имрӯз
Ёрӣ
Video
Рӯзи Ошӯро
Бахшҳои Озодӣ
رادیو فردا
راديوى آزادى
RFE/RL
Радио Свобода
Иқтисодиёт
Лағви қарзи IMF чӣ хоҳад дод?
27.12.2005
Вазорати иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон қарори Сандуқи байналмилалии пул (IMF) дар мавриди беэътибор донистани қарзи ин кишварро як иқдоми муҳим дар роҳи коҳиш додани мизони фақр дар Тоҷикистон арзёбӣ кард. Ин вазорат гуфт, намояндагони Сандуқи байналмилалии пул дар дидорҳои худ бо мақомоти Тоҷикистон мавзӯи эҳтимоли бахшидани қарзи 99 миллиондолларии ин кишварро баррасӣ карда буданд.
Масъули дафтари матбуоти вазорати иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон Ғафур Расулов дар робита ба ин мавзӯъ мегӯяд:
«Ин сабукӣ имкон медиҳад, Тоҷикистон маблағеро, ки барои баргардондани қарз бояд медод, барои беҳбуди вазъи иҷтимоӣ сарф куна. Чунки кишвари қарздор барои саривақт баргардондани вом кӯшиш мекунад ва дар ин сурат барои рушди соҳаи иқтисод ва иҷтимоиӣёти кишвар маблағ кам монда, дар роҳи иҷрои барномаҳои иқтисодӣ мушкил эҷод мешавад.»
Дар ҳамин ҳол намояндагии IMF дар Душанбе, бо пахши як баёнияи матбуотӣ хабар дод, ки яке аз сабабҳои бахшидани қарзи Тоҷикистон ин буд, ки ин кишвар дар чанд соли ахир тавонистааст, дар ислоҳоти иқтисодӣ, аз ҷумла беҳтар кардани нишондодҳои макроиқтисодӣ муввафақ шавад.
Сармад Ҳаваҷӣ - раҳбари намояндагии Сандуқи байналимилалии пул дар Тоҷикистон мегӯяд:
«Сандуқи байнамиллалии пул барои он ба Тоҷикистон ҳаққи суҳулияти қарзро дод, ки ин кишвар дар сиёсати макроиқтисодии худ ба натиҷаҳои назаррасе ноил шуд. Ҳукумати ин кишвар тавонист, дар иҷрои барномаи коҳиши фақр пешрафтҳо кунад. Ва умедворем Тоҷикистон захоири иқтисодии худро барои иҷрои бомуввафақияти Барномаи Ҳазора истифода хоҳад кард. Ва ин сабукӣ, ки ба Тоҷикистон дода мешавад, имкони хуберо фароҳам мекунад, ки Тоҷикистон масоили мухталифи иҷтимоиро беҳбуд бахшад. Сандуқи байналмилалии пул дар оянда низ бо Тоҷикистон ҳамкорӣ хоҳад кард ва барои беҳбуди иқтисод ва суботи иҷтимоӣ дар ин кишвар саҳми худро мегузорад.»
Мақомоти вазорати молияи Тоҷикистон низ мегӯянд, бо лағви қарзи IMF маҷмӯи қарзи хориҷии ин кишвар 99 миллион доллар каср хоҳад шуд. Қарзи Тоҷикистон аз кишварҳои дигар ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ 918 миллиону 430 ҳазор доллари Иёлоти Муттаҳидаро ташкил медиҳад. Тоҷикистон аз Сандуқи байналмилалии пул то кунун беш аз 100 миллион доллар қарз гирифтааст.
Иштирок:
Дар бораи иштирок
Ҳаҷми матн
Чоп кунед
Ба дигарон фиристед
Тозатарин матолиб
Моҷарои газ дар Аврупо
Мушкилот ва ояндаи соҳаи пахтакорӣ
Дархости ҲНИТ барои иҷозаи тазоҳурот
Латукуби хабарнигори Озодӣ дар Кӯлоб
Қирғизистон муҳоҷиронро ба ватан мехонад
Пурхонандатаринҳо
1.
"Мисс Душанбе" Нигина Назарова
2.
Куштори ваҳшиёнаи ноболиғон
3.
Тоҷикистон дар соли 2008
4.
Заминларза Душанберо такон дод
5.
Заминларзаи нахустин дар соли 2009