Сиёсат

М. Ҳимматзода: "Тарҳи қонуни дин мухолифи конститутсия аст"

12.12.2007

Ахиран, лоиҳаи Қонун дар бораи озоди виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ миёни аҳли назар ва донишмандон баҳсу баррасиҳои мухталифро ба бор овард. Гурӯҳе бар ин ақидаанд, ки тарҳи мазкур як низоми нави муносибати давлат бо динро ба танзим даровардааст, аммо бештари онҳое, ки ҳамарӯза иртиботи мустақим бо масҷид ва созмонҳои диниро доранд, ин тарҳро талоше барои тангтар кардани ҳалқаи фаъолияти муассисаҳои динӣ ва таҳти назорати давлат даровардани онҳо арзёбӣ мекунанд. Мусоҳибаи ихтисосии Абдуқаюми Қаюмзод, хабарнигори радиои «Озодӣ» бо Муҳаммадшарифи Ҳимматзода-раҳбари рӯҳонии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили ин ҳизб дар Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон.

Бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки тарҳи омодашудаи Қонун дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ як низоми нави муносибати давлат бо динро ба танзим дароварда ва принсипи адами дахолати давлат ба умури динро аз байн бурдааст. Шумо дар ин бора чи назар доред?

Мутобиқи лоиҳаи пешниҳодшуда бардошти ман он аст, ки принсипи адами дахолати тарафайн дар умури якдигар аз байн меравад. Дар ин ҷо адами дахолати ташкилотҳои динӣ дар умури давлат маълум аст, инро конститутсия-Сарқонуни Тоҷикистон таъйид ва сабт кардааст. Аз он бармеояд, бояд, ки дар давлати дунявӣ давлат низ дар умури дохилии ташкилотҳои динӣ дахолат надошта бошад. Яъне, ҳамин адами дахолати тарафайн дар умури якдигар бояд ба таври мутабодил бошад-аз ду ҷониб. Валекин, агар ин лоиҳаи қонун амалӣ шавад, яъне, мудохилаи аз ҳад зиёд дар тамоми ҷузъиёт умури ташкилотҳои диниро барои мақомоти давлатӣ, зинаҳои мухталифи мақомоти давлатӣ таъмин мекунад, ки ин ба назари ман мухолифи принсипи адами дахолати тарафайн дар умури корҳои дохилии якдигар мебошад.

Оё бо қабули тарҳи мазкур фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон чи гуна сурат хоҳад гирифт? Зеро бархе аз донандагони ҳуқуқ мегӯянд, ин тарҳ фаъолияти аҳзоби диниро номумкин мегардонад, бад-ин маъно, ки ҳизб наметавонад идеологияи диниро ба сифати идеологияи худ муаррифӣ кунад.   

Аслан, ман ин тавр бардошт накардам аз ин банди лоиҳаи қонун.  Фаъолияти аҳзоби сиёсиро қонун дар бораи аҳзоби сиёсӣ таъйин мекунад. Аз тарафи дигар, фаъолияти ҳизби сиёсии характери динӣ дошта дар ҶТ кафолати конститутсионӣ дорад. Дар ин лоиҳаи қонун ишора ба он аст, ки ҳизбҳои сиёсӣ дар фаъолияти худ аз идеологияи динӣ истифода бурда наметавонанд. Албатта, ҳеҷ ҳизби сиёсӣ бидуни идеология фаъолият карда наметавонад. Чун Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ҳамчун ҳизби сиёсии харакатери динӣ дошта эътироф мекунанд ва ин ҳизб мутобиқи оинномааш фаъолият мекунад, бо меъёрҳои конститутсия мувофиқ аст, пас чаро вай аз ин идеологияе, ки дорад, истифода накунад. Гузоштани ин банд дар қонун, агар инро дар назар дошта бошанд, ки фаъолияти ҳизби характери динӣ дошта мамнӯъ мешавад, ин ба конститутсия мухолиф аст. Агар инро дар назар дошта бошанд, ки ҲНИТ дар фаъолиятҳои худ аз идеологияи динӣ истифода бурда наметавонад, ин ҳам мухолифи талаботи қонуни асосӣ аст, ки чунки ҲНИТ ҳизби харакатери динӣ дошта аст ва идеологияаш ҳам идеологияи динист.

Шумо дар бораи мухолифатҳои тарҳи қонун бо қонуни асосӣ ишора кардед ва оё  боз чи гуна мухолифатҳоро метавон бо қонуни асосӣ ном бурд?

Дар як моддаи лоиҳаи ин қонун омадааст, ки ташкилотҳои динӣ барои баргузор кардани маросимҳои динӣ ва дигар ҷамъомадҳо, мисле, ки қонун дар бораи танзими роҳпаймоиҳо тақозо мекунад, бояд иҷозаи қаблӣ аз мақомот дошта бошанд, ки чунин талабот бо талаботи конститутсия мухолиф аст. Чунки дар конститутсия омадааст, ки шаҳрвандон метавонанд маросимҳои диниро дар якҷоягӣ ва ба шакли танҳоӣ озодона баргузор кунанд. Пас, баргузории маросимҳои диниро, бидуни ин ки аз кадом мақомоте иҷозати қаблӣ дарёфт кунанд, розигӣ ба даст биёранд, бояд анҷом диҳанд. Валекин агар ин лоиҳа ба ин шакл қабул шавад, пас ин мухолафат ба он меъёрҳои сарқонун дорад.

Яке дигар аз навоқисе, ки коршиносон дар ин лоиҳа таъкид кардаанд,  муносибати духӯра ё бархӯрди дугоник ба тарзи таълиму тарбия дар макотиби дунявӣ ва динӣ мебошад, яъне, дар ин лоиҳа таъкид шудааст, ки фаро гирифтани кӯдакон бо таълимоти динӣ бояд бо хоҳиш ва иҷозаи худи кӯдакон сурат бигирад. Ин дар ҳолест, ки таълим дар мактаби дунявӣ ҳатмист.

Табиист, ки ин ҳам мухолафат дорад ба анъанаҳо ва суннатҳои гузаштаи мо ва урфу одатҳои миллии мо ва ҳам бо мантиқ ва ақл. Зеро агар тифли мактабхонро ихтиёр ба дасти худ гузошта шавад, бозиро авлотар медонад аз рафтан ба мактабу машғул шудан ба хондан. Вақте ҳар падару модар ва ҳар оила мехоҳад, ки фарзандаш мадраса бихонад, мактаб бихонад, соҳиби илму маърифат шавад, пас бояд ӯ ихтиёр кунад, на ин ки хондан ба ихтиёри тифл гузошта шавад. Агар рафтан ба мадраса ё мактаб ба ихтиёри тифл гузошта шавад,  тифл на мадрасаро мехоҳад ва на мактабро, балки мехоҳад, ки соатҳо ва рӯзҳои дароз дар кӯча бозӣ кунад. Бозиро авлотар медонад аз рафтан ба мактаб ва мадраса.

Оё метавон гуфт, ки ҳоло давлат талош дорад, нуфузи рӯҳониёнро дар ҷомеа коҳиш диҳад ва ҷилавгирӣ шавад аз нуфузи исломи сиёсӣ?   

Албатта давлат кӯшиши зиёд дорад, ки нуфузи диндоронро дар ҷомеа маҳдуд 

"Давлат кӯшиш мекунад, ки пеши роҳи нуфузи дин ва рӯҳониён гирифта шавад дар ҷомеа. Валекин ин иштибоҳ ва ғалат аст"

кунад. Ва ҳатто баъзеҳо ҳам дар он қонуне, ки қабул шуд, барои танзими расму анъана - аввал мардум нияти хайр доштанд ва гумони нек ҳам доштанд, ки қонун ба фоидаи мардум аст, валекин баъдтар мардум дарк карданд, ки қабули он барои маҳдуд кардани нуфузи диндорон нигаронида шуда будааст. Давлат  кӯшиш мекунад, ки пеши роҳи нуфузи дин ва рӯҳониён гирифта шавад дар ҷомеа. Валекин ин иштибоҳ ва ғалат аст. Иштибоҳу ғалат барои он аст, ки низоми атеистии  шӯравӣ ин корҳоро кард ва натиҷаи дилхоҳ ҳам надод.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-7 (of 7)
Ном: Sarghalta
26.12.2007 17:00

in loihai qonun faqat az nuqtai nazari yak guruh siyosatmadoroni tangnazat nawishta shudaast. Zero dar in loiha na rasmu oin wa sunnatim mazohibi mukhtalifi sokini Tojikiston wa na sokhtori tashkilotii tashkilothoi mukhtalifi dini ba nazar girifta nashudaast. In qonun baori jomea demoktati qobili qabul nest wa tashakkuli jomeai shahrwandiro mahdud sokhta huquqhoi oziddi wijdonro mahdud mekunad. Agar dar chunin shakl qabul karda shawad, boyad unwoni in qonun digar shawad wa kalimai ozodii wijdon az on komilan badoshta shawad.


Ном: islom
16.12.2007 13:35

salom in qonun ham bo hadafi ejodi mahdudiyat baroi din va dindoron ast vale khudovand vaada dodaast va vaadaash haq ast ki naqshahoi kofiron va munofiqonro naqshi bar ob mekunad. mo ba in harfi khudo imon dorem. in bor ham tarrohon in naqsha juz badnomi nafee nakhohand burd.


Ном: firuz аз: cairo
14.12.2007 02:45

salom barodaroni giromi,ozodi din ozodi mardum ast, in anana ho farhangi millati most harki ba in dushmnai dorad yane ba farhangi mo dushmani dorad, mardumi tojik musalmon and harki mekhohad khidmati in millat kunad khidmati islom kunad harki dushmani ba islom mekunad ba in millat dushman ast, in hama khotiri ba dast ovardani du tanga az amriko va dushamnoni din ast in kumakhoye ki ba tojikiston meoyand oyo be ivazand? mardumi mo gunahgor nestan zero az pushti luqmai non megardan to shikami khudro ser kunand ammo dushman az in qonunho istifoda mekunad khudoyo in mardumi tojik az in gaflatash kai bedor meshuda boshad ....


Ном: Ahmed аз: Dushanbe
13.12.2007 18:47

salom alikum barodaroni giromi va khonandagoni saiti radyoi ozodi man chinin guftaniyam ki inkhel kason hejvaqt dar dini mubini islom khidmat nametonnad bukunannd bal ki zarari khudro rasondaand bened nuri vaqti markash afsus khurd ki charo khidmati nakardam ba khalqi tojik va dini mubini islom va ba shumo maalum hast ki himazoda az dastash hej chiz nameoyad, inho hamashon dinashonro ba chorsum daavlat furkhtabudaand alon omaand davoi islom dorand.


Ном: Беном
13.12.2007 14:58

Ба номи Худо салом Аз шумо кормандони Радиои Озоди ташакур мекунам ин бахсе хеле хуб ва чолиб мебошад. Албатта малум аст, ки Двлати Точикистон Талош мекунад, ки монеияти кунад аз рушди дини Ислом вале тачриба нишон додааст, ки хар касе монеи Ислом шудааст ба натичае нарасидааст. Бо эхтиром Абдусамади Карим


Ном: orash аз: kalkhozobod
13.12.2007 04:21

SALOM MARDUMI SHARIF VA RUSHANFIKRI TOJIK VA DASTANDARKORONI RADYOI OZODI TASHAKKURI ZIYOD BAROI BAHSI IN MAVZUI DOG BA DARKHUR ZINDA BOSHED BAROSTI IN QAVONIN AZ AVVAL TO BA HOZIR MUKHOLIFI DIN VA OZODIHOI VIJDON AST VA HAMESHA SAI DORAND TO JILAVI DINRO BIGIRAND MAN DAR TAAGUBAM KI DIN BAROI INHO CHI ZARAR OVARDA BOSHAD? OYO KHUDRO MUSALMON VA MUSALMON ZODA NAMEDONAND? OYO HANGOMI TAVALLUD,KHATNA,IZDIVOJ,NIKOH,MURDAN,JANOZA,KHUDRO MUSALMON MEGIRAND VA CHARO DAR ASL BO IN DIN INQADAR ZIDAND PAS ZIDED AZ ISLOM KI NAFRAT DORED ONRO INQADAR NAZORAT MEKHOHED BARED VA NAFASKASHIDAN NAMEKHOHED KI ON OZOD NAFAS KASHAD PAS ELON KUNED KI MO ZARDUSHTEM YO MUSALMON NESTEM TO MARDUM BIDONANND VA DIGAR AZ SHUMO HEG TAVAQUE NADOSHTA BOSHAND KOR BA OSONI HALI KHUDRO MEYOBAD VA DIGAR BA SHUMO KASE KOR NADORAD? VA AGAR NE? PAS CHARO INQADAR AZ ISLOM BADATON MEOYAD VALE AZ YOD NABARED KI OKHIR HAMAI MOVU SHUMO BANAZDI KHUDO BOZ KHOHEM GASHT VA OKHIRUL AMR DIN NAZDI KHUDO VA HAMAGON ISLOM AST PAS BA GONI KHUD GABR NAKUNED VA BO KHUDO VA DINI U SHUKHI NAKUNED KI U PODSHOHI HAMA PODSHOHON AST KHUDOYO HAMAI IN SARDORON VA NAMOYANDAGONE KI HAMAI ONHORO MARDUMI MUSALMONI TOJIK NAMOYANDAI KHUD QABUL KARDA AND HIDOYAT BIKUN VA DAR ONHO AMONATE KI DAR DUSH DORAND ADO KUNAND PESHI MARDUM VA KHUDO PIRUZU KOMYOB BOSHED ILTIMOS ONRO SONSUR NAKUNED AGAR MEKHOHED VOQEAN BAHSI OZOD BOSHAD CHUN IN DARDI HAMA MARDUMI MUSALMONI TOJIK AST DUOGUI SHUMO ORASH DUSTDORI IN MILLAT VA DINI IN MILLAT


Ном: Salim
12.12.2007 23:13

Salom barodaroni giromi dar sahifai ozodi va khonandagoni giromi dar haqiqat sukhanoni ustod Himmatzoda (khudovand ba u shifoi ojil ato namoyad) durustand , zero dar in muddate ki in qonunho ba tasvib rasidand mo mebinem ki faqat mahfilhoi diniro tang va hatto bastand , ammo mahfilhoi fisqu fasod konsertu araqnushi va ghayraro kase peshgiri namekunad,, inchunin dar borai kudakon ki onho bo ikhtiyori khud boyad darsi dini khonand , in ham az ruyi aqlu mantiq nest zero chikhele ki ustodi muhtaram farmudand kudak hejvaqt darskhoniro ikhtiyor namekunad khoh dini boshad e dunyavi ,,zero u ehtiyoj ba rohnamoii padaru modar va barodaru khohar dorad, va dar okhir mo milati tojik musulmonem charo bo inguna qonunhoi ghayri mantqi mardumi musulmonro mekhohand az islom dur sozand , vale khudovand meguyad: mekhohand nuri khudovandro khomush kunand vale khudovand nuri khudro pahnu purra mesozad agarchande (mukholifoni u )nakhohand bo ehtirom barodari shumo

Шарҳҳо 1-7 (of 7)
Ҳаҷми матн