Фарҳанг

Таърихи арчаи солинавӣ (Видео)

25.12.2007

Таърихи арчаи солинавӣ, бино ба бархе маъхазҳо, ба Мисри қадим, ба даврони ҳукмронии фиръавнҳо мекашад. Аммо дар Мисри қадим дар рӯзҳои ҷашну маросим одатан дарахтони зайтунро оро медодаанд.

Арчаҳои солинавӣ нахуст дар Аврупо дар авоили асри 16 пайдо шуданд. Ибтидо арча ва ё санавбари солинавиро аврупоиҳо бо себу шириниҳо ва шамъҳои фурӯзон оро медоданд. Нахустин бор бозичаҳои солинавиро бар шохаҳои арча дар ҳамон асри 16 дар Саксония, вилояте дар қаламрави Олмони кунунӣ овехтаанд.

Анъанаи таҷлили соли нав дар зери дарахти арчаро ба Русия Пётри кабир дар охирин соли асри 17 овард ва бори нахуст иди солинавро тибқи тақвими масеҳӣ дар Русия бо қарори подшоҳ, соли 1700 ҷашн гирифтанд. Аммо ба сурати густарда ва бебозгашт таҷлили соли нав дар зери арча дар Русия аз миёнаҳои асри 19 анъана шуд. Ба истиснои ду фосилаи кӯтоҳ дар асри 20. Аввалан, дар солҳои ҷанги якуми ҷаҳон, вақте Синоди калисои православии Русия арчаи солинавиро ҳамчун анъанаи олмонӣ манъ кард. Ва баъдан дар солҳои 20-ум, ки давлати вақти шӯравӣ арчаи соли навро аз ҷумлаи боқимондаи урфу одатҳои динӣ ва чизи носозгор бо низоми атеистӣ ё худ бехудоии шӯравӣ эълон  карда буд.

Вале дар арафаи соли 1936 арчаи солинавӣ дар Шӯравӣ дубора эҳё карда шуд, вале бо истиснои ҳама ҷузъиёти мазҳабиии хоси ин арча.

Аҷиб ин аст, ки Дед Мороз ва Снегурочка ё худ Бобои барфӣ ва Барфак, ки мардуми мо дигар соли навро бидуни ҳузури ин ду нафар тасаввур карда наметавонанд, дар қаламрави Шӯравӣ дар соли наҳси 1937 иҷозати амал пайдо кардаанд. Анъанаи ба хонаҳо даъват кардани Бобои барфиву Барфак вале аз солҳои ҳафтодуми асри пор оғоз шудааст.
    
 

Арчаи солинавӣ дар маркази шаҳрҳои бузурги дунё одатан аллакай як моҳ қабл аз Соли нав гузошта мешавад. Имсол арчаи асосии Русияро, ки 35 метр қад дорад,  дар майдони Сурхи Маскав аллакай рӯзи 23 ноябр насб карданд. Аммо ин арча сунъӣ буда, ҳамон арчаест, ки соли гузашта дар майдони Собори Кремлин насб шуда буд. Бар иваз, ин бор ба Кремлин аз ҷангали Подмосковйе  як арчаи зинда овардаанд.

Дар Порис, пойтахти Фаронса инак соли 27-ум аст, ки анъана шудааст, то дар арафаи Мавлуди Масеҳ ва Соли нав ҳамаи 320 дарахти заранг дар дувуним километр тӯли саҳрои Елисей – хиёбони марказии Порисро бо чароғҳои солинавӣ зиннат диҳанд. Ин бор ба хотири сарфаи нирӯи барқ шаҳрдории Порис дарахтҳои маркази шаҳрро бо чароғҳое оро дода, ки нирӯи хеле ками барқ масраф мекунанд. Интизор меравад, ки масрафи барқ акнун 3 маротиба коҳиш ёбад. Вале дар иваз шумори чароғҳо дар саҳрои Елисей 5 маротиба афзуда, ба як миллион адад расида ва ин миллион чароғи солинавиро имсол ҳунарманди маъруфи фаронсавӣ Ванесса Парадӣ рӯшан кардааст.

Дар яке аз марказҳои ҷавоҳирфурӯшии Токио, пойтахти Ҷопон муҷассамаи тилоии Санта Клаус, муаннаси ғарбии Бобои барфиро дар маърази тамошо гузоштаанд. Ин муҷассама 20 кило вазн ва 41 сантиметр қад дошта, арзишаш 1 миллиону 750 000 доллар баровард шудааст.

Дар шаҳри Лима, пойтахти Перу, кишваре дар Амрикои Лотинӣ арчаи солинавиро аз 3 000 навъи картошка дуруст кардаанд. Дар маҷмӯъ, барои сохтани ин ба истилоҳ арчаи солинавӣ 98 кило картошка сарф шудааст. Перу гӯё мехоҳад бо ин иқдом ин иддаоро, ки мегӯянд, картошка маҳз аз ҳамин сарзамин бархостааст, собит кунад.

Ва аммо баландтарин арчаи солинавӣ шояд арчаи 76-метриест, ки дар Порто, бузургтарин шаҳри бандариии Португалия гузоштаанд. Танҳо барои ороиши ин арча 1 миллион чароғаки солинавӣ истифода шудааст.

Ва аммо мегӯянд, муҳим ин нест, ки арчаи кӣ дар соли нав баландтар, чароғонтар ва ё қиматтар аст? Муҳимтар аз ҳама, хушиву хурсандии онҳоест, ки дар атрофи ин арча гирди ҳам омадаанд ва соли навро истиқбол мегиранд.

 

Соли нав муборакатон бод, хонандаи азиз!

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-9 (of 9)
Ном: Manuchehr
31.12.2007 17:26

Durud hamvatanon. Idi Soli nav ki az mo nest onro biyoed rad kunem. Chi ki az mo nest ba mo nest. Jashnohi islomiham az mo nabudand va ba mo az madaniyati arab (ghair) omadaand. Biyoed inhoro ham rad mekunem. Mullo Dilovar gued, ki tarzi fikr ronii man durust ast?


Ном: said аз: qurgan
31.12.2007 12:54

salom BA (ABDULLO ) avvalo maryam (modari iso alayhim salom ) bad-nom nabud sababi baromadanash az ahlash in yak fojeae bud ba mardum . Duvuman санавбар ё сузанбарг dar arabistoni saidi nest . behtarash inast-ki ba meguyandho bovar nokarda kallai khudro kor farmo bo ehtirom Dustat Said.


Ном: nuriddin аз: tajikistan
29.12.2007 17:17

asalomu alaikum e ahli tojikavvalan man salomi hudanro ba shumo mehoham birasonam va guftaniam ki in soli nave ki shumo jashn megired ba rodaron va modaroni tojik in az mo nest kase ki in idro jashn megirad az mo nest shumo chihel muslmoned ki inro jashn megired kase in idro jashn megirad pa


Ном: sobir
28.12.2007 22:20

Vale tajlil az Soli Nav dar Tojikiston boyad ba dur az mas'alai mazhab barrasi shavad. Soli navi melodi baroi tojikho bahonae digar baroi shodist. Bozgasht ba 1400 sol pesh hargiz nishonai peshraft nest, Dilovar. Az Ozodi xohishi mo in ast, ki navori videoii behtare tahiya kunandu in jo biguzorand, ki sharmovar naboshad. Agar xudatonro sazovori nomi Ozodi medoned, in payomro chop kuned.


Ном: sobir
28.12.2007 22:19

Vale tajlil az Soli Nav dar Tojikiston boyad ba dur az mas'alai mazhab barrasi shavad. Soli navi melodi baroi tojikho bahonae digar baroi shodist. Bozgasht ba 1400 sol pesh hargiz nishonai peshraft nest, Dilovar.


Ном: sobir
28.12.2007 20:24

Archsi solinavi rabte ba Misri Boston nadorad. Xudi shumo ham megued, ki onho daraxti zaytunro oroish medodand va archa zaytun nest. Millathoi qadimi hama ba nav'i xosse az daraxtho ehtirom meguzoshtand, misli in ki eronihoi pesh az islom daraxti sarvro aziz medonistand. Koj yo ba guftai shumo, archa dar miyoni qavmhoi germanik azizu muhtaram bud va pesh az masehiyat ham in ehtirom marsum bud. Ammo naxustin bor on dar soli 1539 dar Kalisoi Jome'i Strasburg baroi tajlil az melod (na mavlud)-i Maseh guzoshta shud. "Archai solinavi" ham iborati ghalat ast. Chun koji krismasiro na ba xotiri soli nav, balki ba xotiri melodi Maseh meguzoshtandu meguzorand. Pesh az pardoxtan ba yak mavzu' boyad peshinai onro faro bigired, to ba xonandagon ittilo'i ghalat nadihed.


Ном: Беном
28.12.2007 08:50

Мегуянд, ки Марям аз бадноми гурехта, зери дарахти санавбар ё сузанбарг Исоро ба дунё меорад ва эътикод ба дарахти арусшуда аз хамин чост.


Ном: abdullo аз: salom
28.12.2007 04:33

ba nomi khudo barodar dilovar, gapi shumo durust ast, lekin bo shartu shurut,in ham boshad dar holeki musalmon soli navro behtar az islom yo akoidi islom donad va onro ba niyati mukadas doshtan peshvoz girad va tahkiri idini mubini islom kunad.


Ном: dilovar
26.12.2007 10:07

asalomu alikum varahmatuloh E mslmonoi tojik xtona mslmon megiren chiba ki ruzi tavlidi paigambari xtona kaid nameknen amxeli mslmonen shmo valohiki kasam kaseki solinav mekna vai umati paigambar nest (Muhamadi mustafo s)kaseki solinav mekna badi solinav baromadan kalimasha ai sarinav arzakna zandoshtabosha zansha aisari nav niko kna Valohiki nikoh brida meshavad allohu akbar asalomu alikum

Шарҳҳо 1-9 (of 9)