Ҷаҳон

Куштори Беназир Бҳутто ва вокунишҳо

27.12.2007

Куштори яке аз мухолифони аршади покистонӣ Беназир Бҳутторо ҷаҳон шадидан маҳкум мекунад:

 

Навоз Шариф, яке аз мухолифи дигари аршади ҳукумати Покистон:

Ин на танҳо як рӯзи маҳзун аст, ин рӯзи сиёҳ аст, сиёҳтарин, ториктарин рӯз дар таърихи ин кишвар аст. Ҳодисае ақлбоварнокарданӣ ба вуқуъ пайваст, ҳодисае, ки фикри солим онро қабул карда наметавонад. 

Том Кейсӣ, сухангӯи департаменти давлатии ИМА:

Мо ин амалро маҳкум мекунем. Ин воқеа баёнгари он аст, ки ҳанӯз ҳам дар Покистон нафароне ҳастанд, ки суботу осоиштагӣ ва талошҳо ҷиҳати пешрафти демократияро  халалдор месозанд. 

Никола Саркозӣ, президенти Фаронса:

Ман ин амали нафратангезро шадидан маҳкум менамоям. Терроризм ва хушунат дар мубоҳисоти демократӣ ва ҷидоли идеяву барномаҳо ҷой надорад. Имрӯз, барои интихоботи қонунии Покистон беш аз ҳар вақти дигар лозим аст, то шароит барои чандандешӣ, амният ва шаффофият фароҳам оварда шавад. 

Дейвид Милибанд, вазири умури хориҷаи Бритониё:

Бо зери ҳадаф қарор додани Беназир Бҳутто, гурӯҳҳои экстремистӣ ҳамаи онҳоеро дар назар доштанд, ки дар равандҳои демократӣ дар Покистон саҳм мегузоранд. Онҳо (экстремистҳо) наметавонанд ва набояд муваффақ шаванд. 

Михаил Каминин, сухангӯи Вазорати умури берунаи Русия:

Мо ин амали террористиро маҳкум намуда, ҳамдардии худро ба пайвандон ва наздикони Беназир Бҳутто баён медорем. Мо умедворем, ки раҳбарияти Покистон қадамҳои зарурие ҷиҳати пойдории субот дар кишварашон бармедоранд.

Манҳоман Сингҳ, сарвазири Ҳиндустон

Нимҷазира бо марги ӯ (Беназир Бҳутто) пешвои барҷастаеро аз даст дод, ки барои демократия ва мусолаҳа дар кишвараш кор мекард. Тариқаи куштори ӯ ҳушдорест аз хатароти маъмулии ношӣ аз аъмоли ваҳшиёнаи террористие, ки минтақаи мо мувоҷеҳаш мешавад.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-2 (of 2)
Ном: ,,,,,,,,,,,,,,,,, аз: 111111111111
29.12.2007 10:23

чазои чунин шахс хамин аст


Ном: ,,,,,,,,,,,
29.12.2007 10:16

чунин ходиса шуданаш хатми буд

Шарҳҳо 1-2 (of 2)