Тоҷикистон

Донишгоҳи тиббӣ баъд аз сӯхтор

Бинои Донишгоҳи тиббӣ пас аз сухтор

02.01.2008

Аз бинои кӯҳан ва бузурги Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, ки яке аз меъмориҳои нодири замони Шӯравӣ низ ба ҳисоб мерафту аз як бинои 3 ошёна иборат аст, имрӯз фақат деворҳои сиёҳшудаву валангор боқӣ мондааст.

Ҳоли ҳозир ин бинои харобгашта бо кӯмаки устодону донишҷӯён аз партовҳо пок карда мешаванд. Дар пайи таҳияи ин гузориш нахуст ба саҳни биное, ки толори зимистонаи варзишии донишгоҳ буда ва хеле серодам буд, ворид шудем. Ин бино каме дуртар аз бинои марказӣ, яъне бинои сӯхташудаи донишгоҳ қарор дошта, дохили он пур аз китобу мадорик буд, ки донишҷӯён онҳоро дар рафҳо мегузоштанд. Саломат Хайруллоева, мудири китобхонаи донишгоҳи тиббӣ, мегӯяд, ин китобу аснод ба ҳангоми сӯхтори бинои марказӣ аз суи наҷотдиҳандагон аз таҳхонаи он берун карда шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, баъд аз оташсӯзии ин донишгоҳ, ҳудуди 500 ҳазор китобу дастхат ва маводди бойгонии донишгоҳ ба толори варзишӣ интиқол дода шуданд. Ҳамакнун то барқарор шудани бинои нави донишгоҳ, толори варзишӣ  китобхонаи донишҷӯён хоҳад буд. Ба гуфтаи хонум Хайруллоева барои ҷобаҷогузории ин теъдод китобҳо ҳамарӯза беш аз 100 донишҷӯён ҷалб шуда, аз субҳ то бегоҳ кор мекунанд. Хонум Хайруллоева афзуд, "ҳар рӯз ба навбат меоянд. Имрӯз 100 нафар оварданд аз шӯъбаи тайёрӣ, онҳо китобҳоро дар рафҳо мегузоранд ва баъдан мо худ ба тартиб медарорем".

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи иддае аз донишҷӯён, онҳо ба далели набуди ҷои тадрис, ҳамарӯза дар кори барқарорсозии донишгоҳи худ саҳм мегиранд. Як нафар донишҷӯ гуфт, "ҳозир китобу ҷиҳози донишгоҳро ба дигар бино мекашем. Хайр чи кор кунем, дигар ҷои хондан нест. Беҳтараш сари вақт кашем, ҷо ба ҷо кунем ва таҳсиламонро идома диҳем".

Ҳамзамон ба гуфтаи масъулини донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, дар кори ҷобаҷогузории китобҳо ва поккуннии донишгоҳи сӯхташуда аз донишгоҳҳои дигари кишвар, назири донишгоҳи миллӣ, донишгоҳи  славянӣ ва техникӣ низ донишҷӯён ҷалб шудаанд. Вазорати маорифи кишвар муваззаф шудааст то моҳи августи соли равон бинои харобшудаи Донишгоҳи тиббиро дубора бозсозӣ кунад. Ва ба фармони раиси ҷумҳури кишвар сохтмони нави Донишгоҳи тиббӣ аз тарҳи пешинаи он беҳтар ва қавитар бояд сохта шавад.

Аммо то замони баркарор намудани сохтмони ин донишгоҳ донишҷӯэни он дар куҷо таҳсили худро идома хоханд дод? Убайдулло Қурбонов, раиси донишгоҳи тибии Тоҷикистон, мегӯяд, дар бинои марказӣ ва харобгардидаи донишгоҳ ҳамагӣ 7 шӯъба фаъолият мекард ва чун ҳоло мавсими таътил фаро расидааст, мушкили набуди ҷой барои таҳсил чандон эҳсос намешавад. Аммо дар мавсими дуввуми таҳсил, ба гуфТАИ, омӯзгорон ва донишҷӯён  таълиму тадриси худро дар биное идома медиҳанд, ки ҳоло вазорати омӯзишу парвариши кишвар барои онҳо дар маркази Душанбе пешбинӣ кардааст.

Мақомоти расмии донишгоҳ мегӯянд, донишгоҳ бар асари сухтори бинои марказии он ба бештар аз 500 ҳазор сомонӣ, муодили тақрибан 150 ҳазор доллари амрикоӣ хисорот дидааст. Ин дар ҳолест. Ки то ҳанӯз мақомоти кишвар иллатҳои сар задани оташсӯзии бузург дар бинои донишгоҳи тиббии кишварро дақиқ накардаанд.

Ба гуфтаи онҳо, то ҳанӯз як кумисиюни махсус ҷиҳати омӯзиши он машғули кор будааст. Феълан барои муаян намудани сабабҳои сӯхтор ҳамарӯза гурӯҳ – гурӯҳ донишҷӯён мавриди бозпурсии масъулини вазорати умури дохилаи кишвар қарор мегиранд. Вале бархе аз кормандони хадамоти оташнишонӣ фарзияи маъмул - истифодаи бухориҳо дар утоқҳои биноро пеш меоранд, ки гӯиё сабаби рух додани ин ҳодиса шудааст.

Бинои марказии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Сино дар соли 1939 бунёд гардида, ахиран дар пайи як оташсӯзӣ ба як вайрона табдил ёфт. Имрӯз бархе аз донишҷӯёни ин донишгоҳ гоҳе нимшухиву нимҷиддӣ мегӯянд, ки сухтор баҳонае гардид, ки донишгоҳи онҳо дубора ва бо шкғеваи мудерн сохта мшавад.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-10 (of 10)
Ном: madina
30.01.2008 13:32

salomu alaykum!!!! donishgohro biguzor ustodoni pora khur obod kunand chunki yak zachotu ekzaminro ba mablagi 50$ dolar ziyod pul talab mekunand savod dori nadori pula bior meguyand, khudojon ba hamai movu shumo nishon dod ki yak ruz ne yak ruz khonai on pora khuron ba misli donishgoh mesuzad !!! dar amoni khudo.


Ном: Manuchehr
09.01.2008 04:03

Ba ABDULLOH ABDULLOZODA, taqsir gappi shumo alhol ki durust boshad. Inhoro ba unvoni ki gufted? Ba kulli khalq va yo ba rohabru hukumat? Ma'ni hijob (gunohi sodirshuda) az tarafi hukumat piyoda shuda boshad, charo binohoi shakhsiyashonro nasuzondaast? Tiri khudo khato raftaast magar?! Man in tadbiri khudoro nafahmidam. Hama nozu kaifiyatro ba hokimon - jazoi gunohashon bar sari khalq mezanad?!! Okhir az hamin sukhtor boz aksariyat farzandi mardumi oddi ranj mebarandu boz ''hijobkashon'' dast dar ''sukhtori Illohi'' garm mekunand...


Ном: adili
08.01.2008 11:56

Рахмат ба оне ки дар ин кор кумаки худро сахм мегузорад,хусусан бар студентон аз дигар донишгох омада ки дар баробари дарс боз сахми худро гузоштаанд.Ва рахмат ба Хайруллоева сахми худрогузошт


Ном: muhammad аз: donishjy
05.01.2008 19:24

salom dustoni aziz va barodaroni mehrubon. holo az in donishrohi mutabar khalos shuded. aknun bigired bishined dar khonahoton khob kuned bikhured oddikh kuned. khijolat namekashed shumon az in kor. tamom jahon dorand ilm meomuzand shumon mekhoben. baroi bozsozii in binoi my'tabar kumak kunen khele savob dorad dustoni aziz va mehrubbon


Ном: АБДУРРАХМОН аз: ШАХРИНАВ
04.01.2008 00:24

БА ФИКРИ МАН ДАВЛАТ ИНРО БОЯД БО ТЕЗИ БАРКАРОР КУНАД ЗЕРО ДОНИШГОХИ ТИББИ ЯГОНА ДОНИШГОХЕСТ. БА ИН КОР ЯГОН ОДАМИ БОВАРИНОК МАСЪУЛ ШАВАД КИ МАБЛАГХОИ ЧУДОШУДАРО НАХУРАД МАН МЕДОНАМ КИ КАДОМ МАБЛАГЕ КИ АЗ ТАРАФИ ДАВЛАТ БАРОИ ЯГОЧО ЧУДО КАРДА МЕШАВАД ЯК ФОИЗИ МУАЙЯНАШ БА КИСАИ ХАМОН ОДАМЕКИ БА ОН КОР МАСЪУЛ ШУДААСТ МЕРАВАД


Ном: Abu Abdurrahmon аз: kanada
03.01.2008 16:00

salom ba hamai barodaroho:va salomi khususi ba sui barodarABDULLOH AZ ABDULLOZODA rahmat ba padaru modari tubore javonmad ki in sukhanhoi haqiqiro az dilat barovardivu javobi asosiro baroi khohar HUSNOR va digar kasoneki dar in savol fikr mekunand dodi.salomat boshi barodari aziz.bo ihtiromABU ABDU RAHMON AZ KANADA.


Ном: abdulloh аз: abdulozoda
03.01.2008 13:47

har chi u az moli dunyo dosht dod xitai balxu buxoro dosht dod txti somon dosht dod tojikistonam chun modaram va in donishgoh chun uzve az azoi man bud sad afsus zarbi xudo sado nadorad vakto ki zad davo nadorad shumo sababi cuxtori donishgohro mexohed sababi in suxtor xudi vazorati maorifand xudo meguyad va kist az xudo rostguy ta yuriduna an yutfiu nurallohi vallohu mutimmu nurihi va lav kariaahal korifun shoir dar sharhi in oyat megytad charogero ki ezid bar furuzad har on kasa puf kunad rishash bisuzad in nsababi man kardani ahkomi xudo bud ki ba shumo ijozat dod ki ahkomi xudoro hijobi islomiro man kuned oyo az xudo nametarsed holi in baloi avale ki bar sari shumo omad va bo sababi shumo mo niz markazi ilmu donishro az dast dodem in sababi zulmi shumo bud mo niz ba in sharik budem shumo ki bo hukmi xudo ba jang buromaded va ba uxtaron namemoned ki bo hijob ba dars oyand chashed in xasorati xudro man boz megyuam holi in az sad ayake az balohoi xudo bud baroi hamin agar bar xilofi xukmi xudo mebaroed ba 99 diagar tayori bined va 1000 digar dar oxirat shumoro intizor ast


Ном: HUSNORO
03.01.2008 11:06

Ман донишчуи ДДОТ ба номи С.Айни мебошам.Ман мехостам фахмам,ки сабаби асосии сар задани ин фалокат дар чи бошад?


Ном: ahmad аз: kulob
03.01.2008 02:29

SALOM barodaroni giromi :albatta agar hukumatdoroni zolimi mo yak moha puli duzdiyashoro barorand in donishgon rost meshavad.lekin zolimho mekhuradu boz studenthoi kambaqal puljam mekunad.in yak sharmandagi baroi hukumati mo ast.neki on khurdagihoi zolimo az sarshon memonad khudo khohad. salomat boshed.


Ном: Asad аз: New-York
03.01.2008 01:11

Ba andeshai man, dar Tojikiston afrodi ziyode hastand, ki khudro mutakhasis mehisobandu dar asl donishgohi tibbiro khub yo in, ki purra tamom nakardaand. Ba'd az nazorati kunjkovonai Korupsiya tarsida ba'ze nokhalafon arkhivi donishgohro otash zadand. Shoyad khato kunam.

Шарҳҳо 1-10 (of 10)