Минтақаҳо

Дом ба ҷои дон

29.01.2008

Сардиҳои шадиди имсола ба зиндагии ҳайвоноту паррандаҳо низ латма ворид сохтааст.

Шоҳидони зиёде талафоти ҳайвонот, хусусан паррандаҳоро дар кӯҳистон таъйид карда мегӯянд, сардиву гуруснагӣ онҳоро дар мубориза барои зинда мондан ноком гардонидааст. Исматулло, ном сокини Рашт чанде пеш ҷасади чанд кабӯтарро зери барф дида буд.

Насриддин Касирови омӯзгор низ ҷасадҳои гунҷишкҳоро ёфтааст. Омӯзгор Касиров бо таассуф иброз медорад, дар ин сардиҳо паррандаҳову ҳайвонот ба кумаки инсон ниёз доранд. Ӯ гуфт, аммо чунин кумак аз ҷониби ниҳодҳои ҳифзи муҳити зист ва афроди алоҳида дида намешавад.

Ҷаноби Касиров мегӯяд, бар иловаи сардиҳо, таъқиби инсонҳо низ ҷони паррандаҳоро дунболгир мебошад. Ӯ мегуяд, одамон ба ҷои он ки ба ин парандаҳо дон бипошанд, ғамхорие зоҳир бикунанд, баръакс, ба паррандаҳо дон не, балки дом мемонанд. Насриддин Касиров бо таъкиди он ки ин паррандаҳо зиндагонии инсонро рангин сохта зебо мекунад, ба ҳифз ва кумак ба онҳо даъват мекунад.

Бобои Сӯҳроб, мусафеди раштӣ бар ин назар аст, ки бояд масъулин дар ҳимояи паррандаҳо талош бикунанд. Вай бо ёдоварӣ аз ду даҳсола пеш гуфт, маҳз тавассути идораҳои дахлдор ва дӯстдорони табиат ин гуна иқдомот руидаст гирифта мешуд. Бобои Сӯҳроб аз як раиси фурудгоҳи Рашт, ки рус будааст, ҳикоят мекунад, ки зимистонҳо бо автомобили худ ба даштҳои кабкон гандум мебурд, то кабкҳо аз гуруснагӣ намиранд.

Дар ҳоле, ки замони Шӯравӣ ҳамасола аз ҷониби бахшҳои ҷангалпарварии минтақа даҳҳо тонна коҳу гандум барои зимистонгузаронӣ ва ҷилавгирӣ аз маргу мири паррандагону ҳайвоноти кӯҳӣ захира мешуд, феълан, кумитаҳои ҳифзи муҳити зисти ин минтақа мегӯянд, чунин имконотро дар ихтиёр надоранд. Масъулини ин соҳа ба Радиои Озодӣ гуфтанд, танҳо ба ҳангоми гирдоварии ҳосили ҷангал як қисмате аз себу чормағз, ангату хуч ва амсоли ин меваҷотро барои паррандагону ҳайвонот во мегузоштаанд.

Илова бар мушкилоти паррандагон, ҳайвоноте чун гург, хук, рӯбоҳ аз гуруснагӣ ба хотири пайдо кардани луқма дар ин чиллашбаҳои зимистон ба деҳоти кӯҳистон поин мешаванд. Ин аст, ки тибқи гуфтаи сокинони маҳаллӣ, ахиран, як бабри кӯҳӣ, ки шуморашон дар кӯҳистон хеле кам боқӣ мондааст, ба ҳангоми омадан ба деҳот он ҷо кушта мешавад.   

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-4 (of 4)
Ном: MR
31.01.2008 19:54

Dar bandi jaholat joni bechora haivonot aftidaand...


Ном: Бургутали аз: Душанбе
30.01.2008 10:19

Дар Точикистони имруза на факат парранда, балки чони инсон як тини пучак арзиш надорад.


Ном: гариб аз: масква
29.01.2008 19:44

мехохам ба парандахои худованд рахм шавад


Ном: фаридун аз: масква
29.01.2008 19:43

бояд инсон гамхори парндахо бошад

Шарҳҳо 1-4 (of 4)
Ҳаҷми матн