Euro-2008: Итолиё ба бозиҳои чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт
18.06.2008
Дар Австрия ва Швейтсария даври ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Аврупо-2008 ҷараён дорад.
Баъди ба бозиҳои чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтани дастаҳои мунтахаби миллии Португалия, Хорватия, Ҳуланд, Испания, Туркия ва Олмон ин ҳуқуқро тими Итолиё ба даст овард.
Қаҳрамони феълии футболи ҷаҳон – Итолиё, ки дар бозии даври севум Фаронсаро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод, бо 4 имтиёз ва таносуби тӯбҳои 3-4 тавонист дар гурӯҳи «С» баъди дастаи Ҳуланд (9 имтиёз, таносуби тӯбҳояш 9-1) мақоми дувумро касб намояд. Дастаҳои дигари ин гурӯҳ Руминия (2 имтиёз, 1-3) ва Фаронса (1 имтиёз,1-6) аз ҳуқуқи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум шуданд.
Дар гурӯҳи «D» Испания бо 6 имтиёз (6-2) дар ҷои аввал мебошад. Шветсия (3-4) ва Русия (2-4) бо 3-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои дувуму севум қарор доранд. Юнон хол надорад ва сарфи назар аз натиҷаи бозии охиринаш бо Испания (18-уми июн) аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум шудааст. Тақдири роҳхати дувум аз ин гурӯҳ 18-уми июн дар бозии байни Русия ва Суэд (Шветсия) ҳал хоҳад шуд.
Гурӯҳи «A»
Гурӯҳи «B»
Гурӯҳи «C»
Гурӯҳи «D»
Ҷой | Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И |
1. | Испания | 2 | 2 | 0 | 0 | 6-2 | 6 |
2. | Шветсия | 2 | 1 | 0 | 1 | 3-2 | 3 |
3. | Русия | 2 | 1 | 0 | 1 | 2-4 | 3 |
4. | Юнон | 2 | 0 | 0 | 2 | 0-3 | 0 |
Бад-ин тартиб аз 31 бозии даври ниҳоии Ҷоми Аврупо-2008 то имрӯз 22 бозӣ баргузор шуд. Футболбозон ҳамагӣ 52 гол ба самар расондаанд. Давид Виля (Испания) бо 4 гол мисли пешин беҳтарин нишонзани мусобиқот ба шумор меравад.
Бар асоси низомномаи мусобиқот аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба бозиҳои чаҳорякниҳоӣ (19-ум - 22-вуми июн) роҳ меёбанд. Дар ин давр Португалия бо Олмон, Хорватия бо Туркия, Ҳуланд бо дастаи дувуми гурӯҳи «D» (ё Шветсия ё Русия) ва Испания бо Итолиё рақобат мекунанд.
Бозиҳои ниманиҳоӣ рӯзҳои 25-ум ва 26-уми июн сурат мегиранд. Бозии ниҳоии Ҷоми Аврупо-2008 29-уми июн дар варзишгоҳи Эрнст-Хаппели шаҳри Вена, пойтахти Австрия, баргузор хоҳад шуд.