Ҷавонон

Ҳаёти ҷавонони Рашт: меҳнат дар чор фасли сол

24.06.2008

Ҷамолиддин, як сокини 18-солаи ноҳияи Нуробод, пас аз хатми мактаби миёна ҳавои таҳсил дар донишгоҳро напарварида, мардикориро пеша кардааст.

Ҳоло вай дар сохтмони бинои нави ҳукумати ноҳия кор мекунад ва ҳар моҳе аз 600 то 800 сомонӣ ҳаққи музд мегирад. Ин ки вай таҳсилро идома намедиҳад сабаб дорад: таъмини ҳашт нафар узви хонавода маҳз ба души ӯст.

 

Ҷамолиддин, мегӯяд, «зиндагӣ маҷбур кардааст, кор мекунам. Ман ҳашт нафарро таъмин мекунам. Одатан пулам барои хурока сарф мешавад».

 

Дар ноҳияи Нуробод ҳудуди 24 ҳазор ҷавони аз 14 то 30-сола ба сар мебарад ва ағлаби онҳо муҳоҷирати кориро ихтиёр кардаанд. Сатҳи пасти зиндагӣ ва мушкилоти фаровони иҷтимоӣ ба шумори аъзами ҷавонон имкони идомаи таҳсил дар донишгоҳҳои олиро намедиҳад. Ба гуфти масъулини ноҳия, як гурӯҳи ҷавононе, ки дар деҳот боқӣ мондаанд, ба кишоварзӣ, чорводорӣ ва сохтмони роҳҳо машғуланд.

 

Ҷамолиддин мегӯяд, бисёре аз ҳамсолонаш чандон хоҳиши дар сохтмонҳои маҳаллӣ кор карданро надошта, кушиш мекунанд бо ёфтани имконоти мусоид роҳ сӯйи Русияро бигиранд. Вай меафзояд, «400-450 сомонӣ маош мегиранд, аммо ин ба зиндагии хуб намерасад. Дар Русия азоб ҳам кашанд, вале онҷо пулаш хуб аст, музди хуби меҳнат мегиранд».

 

Рӯзгори ҷавонони ноҳияи Рашт аз ҷавонони Нуробод қариб, ки фарқ намекунад. Дар деҳот ҷавонписарон ангуштшуморанд ва аз субҳ то шом иҷрои корҳои сангини хоҷагӣ ба души кудакону духтарон аст. Ағлаби кӯдакон таътили тобистонаро на дар истироҳатгоҳҳо, балки дар заминҳои кишт ва чарогоҳҳо сипарӣ мекунанд. Ҷамъоварии ҳезум ва омодагии пурра ба зимистони шадид яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи онҳост.

 

Ноҳияи Ҷиргатол дар 280-километрии шаҳри Душанбе қарор дошта, дар он 58 000 нафар ба сар мебарад, ки 68 дарсадашро қирғизҳо ташкил медиҳанд. Мардуми ин минтақа ғолибан ба ҳам омехта, насли нави тоҷику қирғизро ба дунё овардаанд. Дар ноҳия кӯдакон ба ду забон таҳсил ва муошират мекунанд. Шуғли аслии мардуми ноҳия алалхусус кӯдакон картошкапарварӣ аст. Тибқи мушоҳида, нигоҳубин ва парвариши заминҳои картошка пурра ба души наврасон буда, онҳо нозукиҳои кори худро хуб омӯхтаанд.

 

Шумори зиёди кӯдакону ҷавонони водии Рашт, ба вижа духтарон, аз зиндагии худ розиянд ва хушбахтии худро танҳо дар оиладор шудан мебинанд. Аммо онҳое, ки дониши хубтар доранд ва ё имкони ҳадди ақал боре аз пойтахт дидан карданро доштаанд, орзу доранд, ки дар донишгоҳҳои олӣ таҳсил ва ё таътили худро дар истироҳатгоҳҳои тобистона сипарӣ кунанд.

 

Аммо феълан барои аксари онҳо ин орзуе беш нест ва мусоҳибони мо дарк мекунанд, ки бо фарорасии тобистон мавсими кории онҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ оғоз мешавад ва ба ғайр аз меҳнат онҳо дигар интихобе надоранд.

 
 
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо 1-4 (of 4)
Ном: Yasmin аз: Rasht
09.07.2008 16:44

Garm yake az nohiyahoi zebotarin hast!
chashmahoi bosafo bodu havoi foram !
mardumi mehnat dust! ........


Ном: Umida аз: Dshanbe
09.07.2008 16:37

salomu alakum hamvatanon!!
mardumi nohiyai Rasht mardumi bonangu nomus hast, bud, va memonad!
az khudovand umed doram ki mardumi Rashton zamin hejgoh khoriro namebinad chunki risku ruzi in mardum benihoyat ziyod hast !
Garm bihishti rui zamin ast!!!


Ном: Shokir аз: Dushanbe
25.06.2008 01:55

Rashsti man,obodu zebo meshavad


Ном: Shohnazar аз: Rasht
25.06.2008 01:37

Salom alaikum
Zindagi majbur mesozad ki javonon tarki vatan karda bo azobu mashakati ziyod dar garibi kor mekunand.
Ammo man az on hursandam ki alakai dar noh Rasht har yak oila kushish mekunad, ki akalan yak farzandashro ba digar taraf yane na ba horija baroi kor balki ba sui tahsil rohsipor mekunand,badi hatmi maktab

Шарҳҳо 1-4 (of 4)