Ҷавонон

Таронаҳои ғамангези Ҳабиб

26.06.2008

«Ояндасоз–мюзик»-ро аз тозаҳои эҷодии Ҳабиб Ҳакимов, ки рӯзҳои наздик маҷмӯъаи нави таронаҳои худро пешкаши ҳаводоронаш месозад, оғоз мекунем.

Бояд гуфт, ки ин албоми нахустини Ҳабиб хоҳад буд, ки дар алоҳидагӣ аз гурӯҳи «Фарзин» омода мешавад. Аҷиб ин аст, ки замоне Ҳабиб дар гурӯҳи «Фарзин» фаъолият дошт, кулли таронаҳояш дар сабки шӯх иҷро мешуданд, аммо ҳоло аз аксари таронаҳои ӯ ғаму ҳасрат эҳсос мешавад. Чаро чунин аст? Агар мехоҳед посух ба ин суол ва таронаи ҷадиди Ҳабибро бишнавед, аз тарафи рости ин сомона барномаи «Ояндасоз-мюзик»-ро бишнавед.

 

Таронаи дигаре, ки «Ояндасоз-мюзик» тақдиматон месозад аз Ғолибҷон, овозхони гурӯҳи «Эҳсон» аст, ки баръакси Ҳабиб пас аз ҳаёти пасипанҷарагӣ бо хушбинӣ ба ҳаёти муқарарӣ баргаштааст. Мухлисони Ғолибҷон хеле хуб дар ёд доранд, ки ӯ ду соли қабл барои ба қатл расонидани собиқ ҳамсараш зиндонӣ гардид ва ҳоло дар озидӣ ҳасту пайи эҷоди таронаҳои нав. Бояд гуфт, ки ӯ аллакай албоми ҷадидашро нашр кардааст. Ногуфта намонад, ки нахустин таронае, ки Ғолибҷон пас аз ба озодӣ баромаданаш эҷод кард «Салом модар» ном дорад, ки онро низ аз Ояндасоз мюзик бишнавед.

 

Имрӯзҳо таронаҳои дар васфи модар ватан ва Тоҷикистон хеле маъмул гаштааст ва хеле зиёд ба гӯш ҳам  мерасад. Чун мо дар арафаи иди Ваҳдати миллӣ қарор дорем, радиоиву телевизионҳои  маҳаллӣ ин намуди сурудҳоро хеле зиёд истифода мекунанд. Ба гунаи мисол яке аз таронаҳои маъмул аз Шӯҳрат Сайнаков аст.  

 

Аммо туҳфае,  ки ахиран аз водии Рашт бароятон овардем, таронаи ҷадидест дар мавзӯъи муҳоҷират. Дар он як овозхони ҷавон баръакси Шӯҳрат Сайнаков на Тоҷикистон, балки Русияро васф мекунад. Вай мегӯяд, «Русия поянда бод, хоҳи  шави бойбача, бо ман Русия бра». Фикр мекунем, шунидани ин тарона на танҳо барои мо, балки барои шумо низ ҷолиб аст.

 

То мулоқот дар «Ояндасоз-мюзик»!

 
 
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо 1-6 (of 6)
Ном: Хайдар Таваккалов аз: Хоруг
19.07.2008 09:58

Салом Шахло!
Бо итминон мегуям, ки ин икдоме,ки ба душ гирифтед оли чаноб аст.
Мусики бидуни забон, инсонхои новобаста аз нажод будан ба хам мепайвандад.
Афсус, ки он ашхосе ки истеъдоди мусикии онхо вучуди аст ба онхо кам ахамият дода мешавад. Бори дигар хотирасон мекунам, ки шумо барин рузноманигори асил ки ба нозикихои мусики пайхас рафтед сад ташаккур мегуям ва барои корхои ояндаи шумо дар ин чода комебихои бардавом таманно дорам.
Бо эхтиром
Хайдар


Ном: Шамшер аз: Душанбе
30.06.2008 09:22

На Эхсон в на Фарзин умуман хофиз нестанд. Онхо технологияхои замонавиро истифода бурда худро хофиз сохтаанд. Касе ки боре хондани ин гуна хофизхоро бо "овози" зиндаашон шунидааст, бори дигар хохиши шунидани онхоро надорад. Мутаасифона шунавандаи имрузаи мо хеле завки паст дорад.


Ном: Shohnazar аз: Rasht
27.06.2008 22:40

Salom
Man aslan gur 'farzinro'yake az behtarinho
medonistam va surudhiyashonro bisyor gush mekardam.Umed doram ki Habib in navbat kushish mekunad ki muhlisonashro chun guzashta tark nameguyad...Hudo ba shumo baror dihad...


Ном: sitora аз: dushanbe
27.06.2008 19:55

Ajib, pas az ba katl rasonidanu inson, ba Golibjon tanho 2 sol dodaand. In ast arzishi umri inson dar Tajikiston.


Ном: Suhrob
27.06.2008 16:21

Agar jomea uro kabul nakunad pas chi meshavad? U yak kismati jomea ast


Ном: Botur Kosimi аз: Istaravshan
26.06.2008 22:15

Ozodi, salom!

Khandaovar ast, ki in bacha az guruhi Ehson 2 sol pesh zanashro kushtaastu allakai ba ozodi baromada albomi "salom modar" tahiya kardaast. Uro jomea naboyad qabul kunad, vale shumo musohiba sokhted.;-)))

Шарҳҳо 1-6 (of 6)