Сиёсат

Баррасии даъвои Масъуд Собиров дар додгоҳ

05.07.2008

Баррасии додгоҳии шикояти раиси Ҳизби эътирофшудаи демократ Масъуд Собиров аз болои сарвари ҷиноҳи дигари ҳизб Сайидҷафъар Исмоновро оғоз шуд.

Оқои Собиров мехоҳад, ки тариқи додгоҳ барои зиёни маънавӣ аз оқои Усмонов 150 ҳазор сомонӣ ситонида шавад. Дар шикояти оқои Собиров, ки аз сӯи додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур баррасӣ мешавад, омадааст, ки Исмонов дар ҳама ҷо худро раиси Ҳизби демократ муаррифӣ мекунад, дар ҳоле ки фақат ӯ, яъне Собиров, раиси расман эътирофшудаи Ҳизби демократ аз сӯйи вазорати адлияи Тоҷикистон аст. Раиси дигари Ҳизби демократ Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ҳоло дар зиндон ба сар мебарад.

 

Дар ҳамин ҳол, Саидҷафъар Исмонов, раҳбари яке аз се ҷиноҳи Ҳизби демократи Тоҷикистон баррасии мунсифонаи шикояти Масъуд Собиров, сарвари расмӣ ва ҷиноҳи дигари ҳизб аз ӯ дар додгоҳро шубҳанок хонд. Вай тайи як тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳозир нашудани худи муддаӣ, раҳ надодани хабарнигорон ба толори додгоҳ, пушти дарҳои баста гузаштани раванди додгоҳӣ ва аз сӯйи додрас пурсида нашудани шоҳидон бар шубҳаҳои ӯ афзудаанд.

 

Дар шикояти Масъуд Собиров омадааст, ки Исмонов ҳама ҷо худро раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон муаррифӣ карда, қонуни Тоҷикистон «Дар бораи аҳзоби сиёсӣ»-ро нақз мекунад, дар ҳоле ки раиси расман дар вазорати адлияи Тоҷикистон сабти номшудаи Ҳизби демократ танҳо ӯст. Дар шикояти Собиров ҳамчунин омадааст, ки Исмонов дар ҳафтаномаи «Фараж» аз номи Ҳизби демократ мақола навишта, худро раиси ин ҳизб номида, мардуми Тоҷикистонро насиҳат  кардааст.

 

Дар навбати худ, Исмонов расонидани зиёни маънавиро ба Собиров такзиб карда, гуфт, расмияти Собировро ҳамчун раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон додгоҳҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур собит кардаанд, на аъзои ҳизби демократ. Вай афзуд, аз 35 узви садорате, ки Масъуд Собировро раиси ҳизб интихоб кардаанд, беш аз 20 нафар бо ӯянд ва ӯро раҳбари худ меҳисобанд.

 

Ин ҳам дар ҳолест, ки Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси ҷиноҳи дигари Ҳизби демократ дар зиндон ба сар мебарад ва муборизаҳо барои раёсати ҳизб баъди зиндонӣ шудани ӯ шурӯъ шудааст. Қарор аст рӯзи душанбе додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур қарори ниҳоии худро дар мавриди шикояти Собиров аз Исмонов ба тасвиб расонад.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-3 (of 3)
Ном: Ахмад аз: Кулоб
07.07.2008 09:05

Ин тоифа мулки Искандаровро то хануз кисмат мекунанд. Оини чавонмарди аз даст додаанд.


Ном: Умед Ҷайҳонӣ аз: Маскав
06.07.2008 02:57

Дуруд бар Озодиён ва озодагон!
Нахуст мехостам ёдовар шавам ки тоҷикон аз касе шикоят мекунанд на аз болои касе. Порсиро пос доред, расонанигорони арҷманд.
Дигар ин ки ин се "ҳизб" дар панҷ соли гузашта чи хидмате ба мардум кардаанд ки саҳафоти "Озодӣ" аз номи раисонашон лабрез шудааст?
Оё дар кишвари мо дигар хабаре нест ки ба ҷанҷоли "демократҳо" пардохтаед? ИН се кизб ҳам худро бадном кардаанду ҳам ормони мардумсолориро. Хоҳишмандам дигар аз онҳо ном набаред.


Ном: Zinda-dil аз: Dushanbe
05.07.2008 22:25

Dustoni ozodixoham. Salom.
Dar tamomi kishwarhoi dictaturi, hizbhoi muxolif hamesha dar hadafi hukumat qaror megirand. Hukumathoi ditaturi az qoidai "ixtilof biandoz to hukm kuni" istifoda mebarand. Misr dar in mawzu' bisyor sobiqa dorast...Shoyad Husni Muborak Rahmonro baaze nasihatho dar in bora karda boshad..
Hama medonand ki Jinohi Sobirow yak juz'e az hizbi khalqi demokratii hokim meboshad..Az inru wazorati 'adlia' (Adlia guftani on shoyad gunoh boshad) onro rasman e'tirof kardaast.
Nasihati man baroi jinohi Muhammad Ruzi Iskandarowi mazlum inast ki agar imkonash boshad in qaziaro dar mahkamahoi Engliston bikashonad, va hatman natijai digare xohad girift..Ya'ne dar onjo haq ba haqdor xohad rasid..

Шарҳҳо 1-3 (of 3)