Ҷавонон

Мардикорон рӯ ба Укроин меоранд

30.06.2008

Муҳоҷирон тоҷик дар Укроин бо мушкилоте, ки мардикорон дар Русия мувоҷеҳанд, рӯ ба рӯ нестанд.

Муҳоҷирони тоҷик дар Укроин мегуянд, шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишвар аз сӯи пулис таъқиб намешаванд ва дар дарёфти сабти иқомат ва дарёфти дигар асноди зарурӣ барои кор дар ин кишвар ба мушкиле рӯ ба рӯ нестанд.

 

Муқарраб, як муҳоҷири тоҷик, ки дар шаҳри Харкови Укроин ба ҳайси соҳибкор фаъолият дорад, дар ин бора мегуяд: “Ман дар маркази тиҷории Барабашови шаҳри Харкови Укроин ба ҳайси соҳибкор фаъоият мекунам. Дар ҳоли ҳозир корамон каме мушкил шудааст. Ва ин тавр аст, ки мардуми ин ҷо мисли мардуми Маскав пули зиёд надоранд. Аммо дар инҷо иҷораи хона ва зиндагӣ арзон аст. Баъд ин ҷо боз як хубии дигар ин аст, ки ҳуқуқи инсонро дар ин кишвар риоят мекунанд. Барои мисол, пулиси ин кишвар аз дунболи ҳар мардуми ғайри укроинӣ намегардад. Ҳамчунин мардуми ин кишвар низ бе ниҳоят хуб ва меҳмондустдор ҳастанд. Вақте ки муҳоҷир вориди ин кишвар мешавад, ӯ барои худ асноди иҷозаи кор баъдан сабти иқомат мегирад. Ва пас аз ин ӯ метавонад, ба роҳати кор кунад. Гирифтани ҳамаи ин аснод кори осон аст.”

 

Вай ҳамчунин афзуд, ки барои фаъолияти муҳоҷирон дар ин кишвар  шароит муҳайё шудааст. Муқарраб мегуяд, аксари муҳоҷирони тоҷик дар Укроин дар бозорҳо кор мекунанд ва теъдоди ками муҳоҷирони тоҷик дар сохтмонҳои ин кишвар фаолият мекунанд. Вай ҳамчунин гуфт, аксари муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар бо хонаводаҳои худ зиндагӣ мекунанд:

 

“Бархе аз муҳоҷирони тоҷик аз бонкҳо қарз гирифта хона харидаанд. Ва тақрибан ҳамаи муҳоҷирони тоҷик дар Укроин соҳиби хона ҳастанд. Кори муҳоҷирон низ дар ин хуб аст. Аксари муҳоҷирони тоҷик дар бозорҳои ин кишвар кор мекунанд, теъдоди ками онҳо дар сохтмонҳо фаолият мекунанд. Ҳамчунин тоҷикон дар Укрон дар корхонаҳои давлати низ кор мекунанд.”

 

Дар Укроин муҳоҷирони тоҷик зиёд ҳастанд, аммо ба мисли муҳоҷирони Русия аз ҷамъияту созмонҳои худ бархурдор нестанд. Шаҳоб Саъдуллоев, як муҳоҷири тоҷик, мегуяд онҳо як замоне умеди як ҷамъияти фарҳангӣ сохтанро доштанд, аммо мутаассифона бо сабабҳои гуногун онҳо аз ташкили чунин ҷаъмият даст кашиданд. Оқои Шаҳоб далели ташкил нашудани ин ҷаъмиятро чунин тавзеҳ дод:

 

“Ҳадафи мо барои ташкили ҷамиятъ дар он буд, ки мардуми Тоҷикистонро ба мардуми ин кишвар ошно кунем. Ва мардуми тоҷик дар Укроин чуноне, ки дар Русия бо номи «Равшан»-у «Ҷамшуд» масхара мешавад, ёд нашавад. Кӯшишҳои мо барои он буд, ки  мардум, таърих, фарҳанги миллати моро мардуми ин кишвар бишиносанд. Мо аз ҷаъмияти «Пайванд»-и Тоҷикистон кӯмак хостем, аммо вақте, ки занг мезадем, он ҷо як нафар гуширо гирифта, худро ҷонишин муаррифӣ кард ва гуфт, шумо бояд худро дар Укроин нишон бидиҳед ва баъдан мо ба шумо кӯмак хоҳем кард. Вақте ки мо дидем, ки дар ин масъала ҳар як инсон тамаъ дорад, барои ҳамин мо аз ин кор дилсард шудем ва ин корро дигар то ахир давом надодем”.

 

Ба гуфтаи Шаҳоб Саъдуллоев, дар Укроин муҳоҷири тоҷик бо муҳри сарҳад метавонад то се моҳ бе сабтиномшавӣ ба сар барад ва асноди худро барои кор ва зиндагӣ дар ин кишвар дуруст кунад. Муҳоҷирони тоҷики муқими Укроин мегуянд, ҳоло дар ин кишвар пул пайдо кардан каме мушкил аст, аммо ба ҳар ҳол шумори муҳоҷирони кории тоҷик дар ин кишвар торафт бештар мешавад.   

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-9 (of 9)
Ном: Порсо аз: Маскав
18.07.2008 11:38

Офарин ба точикони сокини Укроин!!!
Ватан ончо бувад,ки озоре набошад,
Касеро бо касе коре набошад...


Ном: burusli аз: kulobjon
01.07.2008 21:46

oksir biyed jam shaved to kaimusofirat mekunem man dar indiy tu dar maskav digar dar amriko ush dar digar jo biyed barodaron jam shaved man aftai digar tjk meram shumoham biyed nasihati man baroi shumo barodaro agar nameoed bahudo shirk nakuned namozhoytonro bihoned arak nahured kalidi gunoho astzino nakuned ki hudo noroz meshavad dar amoni hudo


Ном: Zara аз: душанбе
01.07.2008 14:53

Суханхои гуфташуда дар бораи асосгузорони давлати Россия сад дар сад дуруст аст,зеро имруз махз чунин хислатои бад боиси бадбини ва дар хама сохахои чамъияти чудокунии миллатхои дигар дар Русия меафзояд, ки исботи ин аз расонахои харрузаи васоити ахбори омма маълум аст.


Ном: ГАРИБ аз: МАСКВА
01.07.2008 12:30

ОХИР БАС УКРАИННА ВА ДИГАР МАМОЛИКИ ГАРИБИ ТО БА КАИ ДАР МУЛКИ МАРДУМ
БИЁЕД ТО КИ ДАР ВАТАНИ АЗИЗ
ТОЧИКИСТОНИ ЗЕБОИ ХУДАМОН ЗИНДАГОНИ
КУНЕМ БАЛЕ ИНХАМ КУШИШИ РАХБАРОНИ
ДАВЛАТ ВА МАРДУМ АСТ ШОЯД КИ ВАТАНИ
ЗЕБОИ МО РУЗ ТО РУЗ БЕХ ВА ХУБТАР
ШАВАД АГАР ДАР АМРИКО БОШИ ОХИР ГАРИБИ
АЗ ВАТАН ДУР ПАРВАРДИГОРО ВАТАНИ МОРО СЕРИВУ АРЗОНИ ГАРДОН ТО КИ МО ГАРИБОН ХАМЕША ДАР ВАТАНИ ХУДАМОН БОШЕМ ОМИННННННННН ЁЁЁЁ РАБАЛЛЛЛЛ ОЛАМИН


Ном: Safarali аз: Kulob
01.07.2008 08:32

Банда то хол ба хорич сафар накардаасту вазъи мухочиаинро танхо аз забони худи онхо щунидааст, ман ба гуфтахои як нафар бахо дода наметавонам дар хамин маврид аз минтакаи мазкур як чанд мухочир маълумот медоданд барои чавонони дигар хело хуб буд.


Ном: Xusrav
30.06.2008 22:20

Barodar, gar xiradmandivu hushyor
Marav dar ghurbatu pandam nigah dor
Gharib ozurda boshad dar gharibi
Nadorad nazdi mardum qadru miqdor...


Ном: Мурод аз: Душанбе
30.06.2008 19:24

Хеч чои шубха нест. Сабаб дар он аст, ки Украина рохи демократияро интихоб кардааст ва дар камтарин вакт ба яке аз кишвархои пешрафта табдил меёбад. Агар дар мо хам хамин тавр мебуд, кисми зиёди хамватанон ба Ватан бар мегаштанд ва Точикистон низ бо суръати баланд инкишоф меёфт.


Ном: Давлатшо аз: Душанбе
30.06.2008 18:52

Салом! Ман хам мехохам ба Украина ба Кор равам. Собик муаллим хастам.Солам ба 54 расидааст. Оилаамон вазнин. Ман чи кор кунам?


Ном: Чанчолбек аз: Душанбе
30.06.2008 15:54

Дар хакикат холо Украина аз Россия хеле фарк мекунад. Украина давлати демократист ва Россия бошад зери диктатураи сохторхои кудрати карор дорад. Аслан, тахкурсии Россияро мугулхо гузоштаанд ва шояд аз хамин сабаб бошад, ки тамоми хислатхои бади чамъиятхои осиеиро дар Россия дидан мумкин аст.

Шарҳҳо 1-9 (of 9)