Шанбе, Феврал 04, 2012 Соат ба вақти Душанбе 21:35

Тоҷикистон

Даргузашти Муҳаммадраҳими Сайдар

Ҳамкори мо, хабарнигори Радиои Озодӣ дар Русия, Муҳаммадраҳими Сайдар шоми якшанбеи 3-вуми январ дар синни 57-солагӣ дар бемористони шаҳри Тулаи Русия аз ҷаҳон чашм пӯшид. Хабари шум дар ҳоле расид, ки зиёда аз ду моҳи охир Муҳаммадраҳим аз бемории диабети қанд азият мекашид ва дар бемористон зери назари пизишкон буд.

x
Ҳаҷми матн - +
Як соли гузашта низ чанд бор ҳафтаҳое аз шиддати беморӣ ранҷ мебурд ва бо вуҷуди беморӣ ва дархости ҳамкорон, ки бо муолиҷа машғул бошад, талош мекард, хабарҳои муҳими Русияро дар барномаҳо ва сомонаи мо пӯшиш диҳад. То ин беморӣ вай аз пуркортарин хабарнигорони мо буд ва дар Русия рӯйдоди муҳими марбут ба Тоҷикистон ё муҳоҷирони тоҷик набудааст, ки аз диди журналистии ӯ канор монда бошад.

Муҳаммадраҳим дар соли 2001 ба Радиои Озодӣ пайваст ва таҷрибаи ғановатманди худро аз давраи кораш дар Радиои Тоҷикистон, шӯъбаи насри маҷаллаи "Садои Шарқ" ва ҳафтаномаи "Паём"-и чопи Маскав бо худ овард. Вай дар ҳоле ҳамчун хабарнигори Радиои Озодӣ дар Русия ба кор сар кард, ки дар ҷараёни таҳия ва нашри ҳафтаномаи тоҷикии "Паём" дар Маскав бо доираҳои васеи тоҷикони Русия ва мақомоти марбутаи Русия ошноӣ пайдо карда буд ва аз аҳволи муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар огоҳии дасти аввал дошт. Дар солҳои баъдӣ ба чандин шаҳру рустои Русия сафар кард ва аз он ҷо гузоришҳои пурмӯҳтаво ва амиқ таҳия кард.

Муҳаммадраҳими Сайдар хабарнигоре буд, ки мо ахбори расонаҳои ҳамагонии Русияро бо ӯ меозмудем. Борҳову борҳо шудааст, ки гузоришҳои Сайдар ахбори расонаҳои русиро рад кардаанд ва ба хабарҳо ҷузъиёту паҳлуҳои нав ворид намудаанд. Ҳамчун тоҷик ва шахси ватандӯст, вай аз бархӯрди васоити ахбори оми Русия ба тоҷикон азоби рӯҳӣ мекашид, бо манобеъи хабарии Русия вориди баҳс мешуд, ба марги муфоҷои муҳоҷирони тоҷик ашк мерехт, аммо дар гузоришҳои худ бетарафона, ростбинона аз воқеъият сухан мегуфт.

Бемории Муҳаммадраҳим аз замони ҷанги солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон сарчашма мегирад, зеро шахси бениҳоят ҳассос ва одил буд. Вай дар таҳия ва таҳрири китоби машҳури Бӯрӣ Карим "Фарёди солҳо" саҳм гирифтааст ва ҳақиқати он ҷангро ба хубӣ медонисту ин ҳақиқатро аз миёни дилу ҷонаш гузарондааст. Сайдар ҳамчунин яке аз нависандагони хушсалиқаи Тоҷикистон буд. Ҳарчанд достону ҳикоёти кам нашр кардааст, дар ҳар яки онҳо истеъдоди нодири ӯ дурахшидааст ва ӯ тавонистааст, бо аввалин достонҳояш мавриди баррасии танқиди адабии Тоҷикистон қарор бигирад ва ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шавад.

Даргузашти ҳамкори азизамон, хабарнигор ва нависандаи саршиноси тоҷикро ба аҳли хонадон, хешу наздикон ва ҳамаи шунавандагону хонандагонаш таслият мегӯем.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо. Сафҳаи аз 4
    Баъдӣ 
Ном: Далер аз: Маскав
04.01.2010 02:25
Бисьёр одами хуб буд, Худованд чояшро чаннат бигардонад, Омин....
Дар посух

Ном: Abdulloh аз: Kulob
04.01.2010 14:30
Inna lillohi va inna ilayhi rojiun

Ном: ashk аз: chashm
04.01.2010 04:47
assalomu alaukum!
Chi fojiayi gushnoshunidanie!! Va man hayronam ki charo az diabet ?okhir aksari mardumi giriftori qand zindagii oromu mu´tadil dorand ,va albatta bo insulin va diet metavonand umri khudro daroz kunand.Va ammo charo akoyi Saudar (khudo biomurzadash) natavonist umri daroz binad? eshon hatman stressi ziyod va yo ghizoyi sari vaqtu bo rezhim nadoshtaast , ki medonad....Ba har surat chi shud yo charo in tavr shud, javobguyi in suol holo in dunyoyi foniro padrud guftaast.voqean ham u javonmarde bud, ki hamesha dar borayi muhojirin qissa mekardu ,dar khushii onho mekhandidu dar margashon girja.Vale aknun khudi u dar gharibi jon ba jabbor supurd , khudo rahmatash kunad, va khonayi akhiratashro obod gardonad, omin.
U Iskandari 2 yumi (manzuram az Iskandari Khatloni ast) tojik bud,ki dar ghurbat ba dunyo khomushon raft.
Ba hama kheshonu taboroni u sabri jamil mekhoham.
Saburiro pehsayi khud kuned, va az khudovand hidoyat talab kuned,ki in dunyo guzarost...guzaro..




Ном: Pushyoni аз: Norge
04.01.2010 05:02
Inna lillohi va inna ilayhi rojiun. Khohishmandem, hamdardii moro ba ahli khonadoni marhum birasoned. Matolibashonro hama vakt mekhondam. Vokean in ruydodi shum baroi mo talafoti kalon ast. Makonashon jannat-ul-firdavs boshad.

Ном: Sattor аз: Dushanbe
04.01.2010 07:19
Hamdardii moro kabul kuned va ham hamdardii mo shunavandagonro ba ahli khonavodai Муҳаммадраҳими Сайдар birasoned, tashakkur.

Ном: Насибҷон аз: Алмаато
04.01.2010 10:56
Ин хабари ҷонкоҳ дили мо, дӯстон ва ҳампешагонро реш кард. Зеро Муҳаммадраҳим инсоне буд накӯхислату меҳрубон ва ватандӯсту инсонпараст. Бо ӯ ман ҳанӯз аз даврони ҷавонӣ, солҳои 70 –и садаи гузашта ошно будам ва маҳз чунин хислатҳои наҷиби инсониаш, ки баъдтар дар навиштаҳояш низ бозтоб ёфтааст, маро бо вай қарин карда буд. Вале ба асари рӯйдодҳои шуми солҳои 90 мо ҳама пароканда шудем ва дигар дидори ин азиз муяссарам нашуд. Мо танҳо тавассути телефон ва нома бо ҳам иртибот доштем. Ва имрӯз ин хабари ғамангез …Муҳаммадраҳим бештар дар ғами Ватан ва мардуми диёри хеш буд ва ин ғам ӯро аз байни мо бурд. Тавре ки аз чунин ғам қаблан азизонамон устод Тоҳири Абдуҷаббор, Аслиддини Соҳибназар, Имомназари Холназар, Маҳмадалии Давлат ва даҳҳои дигар ин дунёи бевафоро падруд гуфтанд ва гӯиё Шайх Саъдӣ дар ҳаққи ин ашхос фармудаанд: «Ман аз бенавоӣ наям рӯйзард, Ғами бенавоён рухам зард кард». Вале номи ин ашхосе, ки дар ғами мову шумо буданд, то ба садсолаву ҳазорсолаҳо боқӣ хоҳад монд. Зеро тавре бузургон гуфтаанд, инсон меравад ва аз вай ба ҷузъ ном чизе намемонад ва номи онҳое мемонад, ки дар андешаи мардум буданд на дар ғами ҷоҳу мол ва пур кардани ҷайби хеш.
Ҳарчанд дар ин лаҳзаҳои душвор худ ниёзманди тасаллият ҳастам, вале боз ҳам ба аҳли хонаводаву пайвандони ҳамкори азизам, адиб ва журналисти боистеъдод Муҳаммадраҳими Сайдар ва ҳамкорону дӯстон ва ҳама ватанпарастони тоҷик изҳори тасаллият мекунам ва барояшон сабри ҷамил орзу дорам ва аз даргоҳи Худованд мехоҳам, ки ҷои ин азиз дар ҷаннат бошаду рӯҳаш ҷовидонӣ.

Ном: Одил аз: Точикистон
04.01.2010 11:00
Худо рахматаш кунад ва дар рахмати худо бошад...

Ном: Амин аз: Кулоб
04.01.2010 11:07
Худо, рухи озурдаашро, ки аз озурдагии мухочирони кори хамеша намеосуд, дар охират осуда гардонад. Як инсони хамеша дар такопуву чустучу ва арзу ниёзшунави мухочирон буд. Дуо мекунем, ки Худо чояшро чаннат гардонад. Омин!

Ном: Одил аз: Точикистон
04.01.2010 11:11
Ман аз марги нобахангоми яке аз шахсиятхои бузурги миллат хелло андухгин шуда аз даргохи худованд, ба хешону наздикони мархум сабри чамил хохонам.

Ном: Шоҳмансур аз: Эрон
04.01.2010 11:21
Сайдар андешаи рўшан буд.Солҳое,ки хабарнигори Садои Хуросон дар Маскав буд,боре радио ўро барои боздид ба Эрон даъват намуд.Тули муддате,ки дар Машхад бо ў ҳамроҳ будам,чанд хислати хубашро дарёфтам -беиддао,фурутан,андешаманд ва ,миллатдўст.Гузашта аз ҳамаи инҳо Сайдар инсони ворастаю сарбаланде буд.Падарам,ки муддате бо ў дар радиои чумҳури кор карда буд,борҳо аз ў зикри чамил мекард.Ман хондани ҳикояҳои ўро хеле дўст медоштам,чунки талош мекард ҳарфу нуктаи наву тоза гўяд ва рисолати як нависандаро хуб дарк менамуд.Худо раҳматаш кунад.Ба хонаводааш аз номи худаму падарам арзи таслият мекунам. Шоҳмансур

Ном: Tojik Sufi аз: TW
04.01.2010 11:55
HUdovandi buzurg joyashro jannat gardonad , voqean habarnigori hub bud.
Mo niz hamdardi bayon mekunem.
Назарҳо. Сафҳаи аз 4
    Баъдӣ 

Назари Шумо чист?

... ... ...

Писандидаҳо

Мавҷномаи мо