Тоҷикистон

Салафия: Фитна ва ё эҳёи суннат?

28.12.2007

Муллозамон, ҷавони тақрибан 34 – солаи сарбараҳна, бо шурӯи адои намоз дастҳои худро ба тарафи шона ва сипас ҳарду дастро рӯи сина гузошта, зери лаб сура мехонд. Вай ҳангоми чаҳорзону нишастан дастҳои худро рӯи зону гузошта, гоҳо ангушти ишораашро низ боло мекард. Баъд аз адои намоз мисли дигар намозгузорон фотеҳа ва дуо накарда, аз сафи намозгузорон берун гардид. Вақте пурсидам, ки чаро пештар аз дигарон аз масҷид берун шуд, дар посух гуфт, ки вай пайрави салафия, як шохаи нави мазҳаби тасаннун, аст.

Тасаннун аслан соҳиби чаҳор шоха, аз ҷумлаи ҳанафӣ, моликӣ, шофеъӣ ва ҳанбалӣ мебошад. Аҳли суннат ва ҷамоа ба Қуръон ва аҳодиси пайғамбар эътиқод дошта, ҳамаи чор шохаи мазҳаби тасаннунро низ дуруст мешуморанд. Аксарияти кулли аҳли суннат дар Тоҷикистон ҳамеша пайравони мазҳаби Абӯ Ҳанифа будаанд.

Пас, аз фурӯпошии Шӯравӣ, дар Тоҷикистон роҳ барои фаъолияти мазҳабу шохаҳои мухталифи дигар низ бозтар гардид. Ба вижа, зуҳури равияҳои нави мазҳаби тасаннун боиси эҷоди баҳсу ихтилофот, бахусус дар маҳфилҳои мазҳабии Тоҷикистон ва аз ҷумла, дар масоҷиди ин кишвар шудааст. Навад дарсади аҳолии мусалмони Тоҷикистон аз мазҳаби тасаннун пайравӣ мекунанд, аммо дар даҳ соли ахир, пас аз фурӯпошии Шӯравӣ роҳ барои фаъолияти мазҳабу шохаҳои мухталиф боз гардид. Ба вижа, равияҳои мухталифе дар мазҳаби тасаннун арзи вуҷуд карданд, ки дар масҷиду нишасту бархостҳо ҳангоми адои шариат дучори баҳсу ихтилоф мешаванд. Таҳлилгарони умури дин, ҳарчанд пайдо шудани ҷараён ё шохаҳои наве дар мазҳаби тасаннунро ишколи фаръӣ арзёбӣ мекунанд, ба ҳар ҳол, дар мавриди пайомадҳои он хушбин ҳам нестанд.

Тӯли чанд соли ахир дар масоҷиди Тоҷикистон афроде ҳам пайдо шудаанд, ки оминро бо садои баланду даст рӯи сина намоз мегузоранд. Онҳо худро «эҳёгарони аҳли суннат» унвон кардаанд ва ҷараёни худро салафия. Ба қавли таҳлилгарон, пайравони шохаи салафия ҷавонони навпайдое ҳастанд, ки дар мадориси давлатҳое назири Арабистони Саудӣ ва Покистон таҳсил намудаанд, давлатҳое, ки мазҳаби салафия ба қадри лозимӣ нуфуз пайдо кардааст.

 

Адён дар Тоҷикистон: Ислом, насроният, яҳудия, зардуштия ...



Аҳли шиъа ва аҳли суннат дар Тоҷикистон



Аммо салафиҳои Тоҷикистон он қадар теъдоди зиёде ҳам надоранд ва ҳамагӣ се сол бад-ин сӯ фаъолият мекунанд. Онҳо дар Душанбеву Хуҷанд ва навоҳии тобеи пойтахти Тоҷикистон фаъол ҳастанд ва бино бар ихтилофу ғавғои худ салафиҳо аз будани худ дар кишвар дарак медиҳанд.

Зубайдуллоҳи Розиқ, коршиноси масоили дин, мегӯяд, ки пайравони салафия

 агарчӣ таърихи кӯҳан доранд, дар Тоҷикистон тоза пайдо шудаанд. Вай мегӯяд, ин шоха бо шохаҳои дигари мазҳаби тасаннун бархӯрди ҷиддӣ надоранд, яъне пайравони ин шохаи навпайдо бо пайравони шохаи ҳанафӣ бештар сари як суннат, усулҳои мустаҳаб ва одоби намозгузорӣ баҳс мекунанд, ки ба қавли оқои Розиқ ба дини Ислом ҳич таъсири манфие намегузорад:

«Инҳо фақат дар Тоҷикистони мо равияҳои нав ҳастанд. Бо истифода аз ҷанги дохилӣ ҷавонҳои мо ба кишварҳои хориҷ, аз ҷумла Саудӣ ва Миср рафтанд ва таълими исломӣ гирифтанд. Табиист, ки мазҳабҳои гуногун ба онҳо бетаъсир намондаанд. Аммо дар асл мазҳабҳои аҳли тасаннун он қадар зиддиятҳое надоранд, ки зиддиятҳои аслӣ бошанд. Ин зиддиятҳо зиддиятҳои фаръиянд. Ин аслан ба асли Ислом ҳич зарар надорад».

Аммо дар навбати дигар, оқои Розиқ ба пайдо шудани гурӯҳҳои нави мазҳаби тасаннун дар Тоҷикистон хушбин нест ва итминон дорад, ки дар сурати давомдор будани ин баҳсу кашмакашҳои мазҳабӣ, дар миёни аҳли суннат рахнае хоҳад гузошт:

«Ҳич кас холисона барои Ислом хидмат намекунад. Бубинед, Эрон дар Тоҷикистон таъсир дорад, аммо онҳо пайрави шиъа ҳастанд. Салафиҳои мо аз салафиҳои Саудӣ пайравӣ мекунанд. Ташайюъ ва салафиҳо он чунон бо ҳам душмананд, ки якдигарро ҳатто ба куфр маҳкум мекунанд. Қувваҳои берунае, ки мехоҳанд вазъи ҷомеъаро ноором созанд, метавонанд аз ин мухолифатҳо истифода кунанд».

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон низ ахиран бо нашри як китоб воқеъияти таърихии салафиҳоро баён кардааст. Дар китоб омадааст, ки ҳамагӣ ним аср пештар дар идомаи кӯшишҳои ибни Абдуваҳҳоб гурӯҳе бо номи «Муваҳҳидин» ва баъдтар бо номи «Муҳаммадийин» ва ё аҳли ҳадис арзи ҳастӣ карданд ва имрӯз худро «салафӣ» ё «асарӣ» мегӯянд.

Ҳарчанд хостем, бо масъулону пайравони ҷараёни салафия низ ин мавзӯъро матраҳ кунем, аммо эшон ҳозир нашуданд, ки сӯҳбат бикунанд.

Вале дискнавореро пайдо кардем, ки дар он домулло Муҳаммадӣ, раҳбари салафиёни Тоҷикистон, бо муллоҳои мазҳаби ҳанафӣ баҳс мекард ва иддао мекард, ки амали ҷавонони навпайдо ба ҳақиқати Ислом наздиктар аст. Оқои Муҳаммадӣ изҳор кардааст, ки салафиҳо мисли Ҳизбуттаҳрир аҳдофи сиёсӣ надоранд ва фақат ислоҳи усулҳои намозгузориро тақозо доранд. Домулло Муҳаммадӣ дар баҳси худ мегӯяд, ки салафиҳо иҷрокунандаи қавли пайғамбар ҳастанд, яъне аз рӯйи ҳадисҳои пайғамбар Муҳаммад кор мебаранд ва тасбиҳоту дуруду дуои баъд аз намози панҷгонаро қабул надоранд ва инро бидъат меноманд:

 

Домулло Муҳаммадӣ
 

«Муллоҳои мо аз пеши худ ҳарчи мегӯянд. Гоҳо ба ҷосусӣ моро муттаҳам мекунанд. Аммо ягон бор ба калисо нарафтаанд ва фаъолияти онҳоро назорат накардаанд. Бутпарастҳо омадаанд, ҳич кас ҳич чиз намегӯяд. Шиъаҳо омадаанд, ҳич кас ҳич чиз намегӯяд. Ёфтаанд фақат салафиҳоро маҳкум мекунанд. Оминро баланд гуфтан фитна аст, ё ҳазрати Абӯбакрро ҳақорат кардан? Оминро баланд гуфтан суннат ва ҳазрати Абӯбакрро ҳақорат кардан нишони фосиқии имони як инсон аст. Аммо Шумо рӯҳафтода нашавед, зеро мо чи қадаре рӯҳафтода бошем, ҳамон андоза зардуштиҳо, насрониҳо ва бутпарастҳо пеш мераванд».

Аммо Мулло Абдураҳим, як рӯҳонии маъруфи Тоҷикистон, ки чашм ба чашм бо домулло Муҳаммадӣ баҳс мекард, мегӯяд, ки салафиҳо аксаран дар масоҷид бо пайравони мазҳаби ҳанафӣ дастогиребон мешаванд ва намози онҳоро ғайрисуннатӣ арзёбӣ мекунанд. Вай таъкид мекунад, ки ин амали салафиҳо фитнае беш нест ва миёни аҳли суннат тафриқаандозӣ асту халос. Мулло Абдураҳим ҳамзамон ба нуктаи дигари ихтилофи салафиҳо бо ҳанафиҳо ишора мекунад, ки ин ҳам баёни хутба қабл аз шурӯъи намози ҷумъа ё одина аст. Ӯ мегӯяд, ки салафиҳо хутбаро дар намози ҷумъа қабул надоранд ва Имоми Аъзамро низ инкор мекунанд:

«Мутаассифона, салафиҳо даъворо дар масоҷид мебардоранд, дар масоҷиди ҳанафиҳо ва мегӯянд, ки эҳёи суннат мекунанд. Салафиҳо баёни хутбаро қабул надоранд ва мутаассифона, Имоми Аъзамро инкор менамоянд».

Дар Тоҷикистон танҳо Салафия ҷараёни нав набудааст. Солҳои қаблӣ, яъне дар оғози солҳои навадум ва баъд аз он, ҷараёни ваҳҳобия низ ба вуҷуд омада буд ва имрӯз ҳам дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон гоҳ-гоҳе пайравонаш садо баланд мекунанд. Бештари пайравони ин ҷараён боз ҳам ҷавонҳое ҳастанд, ки дар Эрону Арабистон таҳсил дидаанд. Ваҳҳобия дар заминаи мазҳаби ҳанбалӣ дар авохири асри ҳаждаҳ дар Арабистон пайдо шудааст. Бунёнгузори ин ҷараён ибни Абдуваҳҳоб аст, ки танҳо ибодат ва парастиши Худоро талқин ва дигар одатҳои аҳли суннатро инкор мекунад. Ақоиди пайравони ваҳҳобияро аксаран гурӯҳҳои ифротгаро низ баён кардаанд ва ба ин тартиб, ваҳҳобия он қадар мақому манзалате дар миёни аҳли тасаннун надорад.

Дар ҳамин ҳол, аз сархатиби масҷиди ҷомеъи Имом Тирмизии Душанбе Ҳамдиллоҳи Раҳимзода мепурсам, ки оё дарвоқеъ ихтилофу баҳсҳо миёни аҳли суннат вуҷуд дорад? Ва дар масҷиди марказӣ оё афроде ҳам ҳастанд, ки ба гунаҳои мухталиф намоз мегузоранд? Оқои Раҳимзода ин андешаҳоро рад намекунад, аммо афроди салафӣ ва пайравони дигар мазоҳибро дар баробари пайравони мазҳаби ҳанафӣ хеле кӯчак мехонад ва бидуни зарар:

«Солҳои ахир баъзе бародароне ҳам пайдо шудаанд, ки дар баъзе масоили ҷузъӣ миёни ҳам ихтилоф доранд. Дар масҷиди мо ҳам як гурӯҳи бародарон оминро баланд мегӯянд, ё дастҳоро болои сина мегиранд, ки ин мухолифи шартҳои Имоми Аъзам аст. Тӯли солҳои зиёд, ки мардуми Тоҷикистон ба яккамазҳабӣ одат кардаанд, ин падида дар байни мардум як нороҳатиро ба бор меорад. Вақте оминро баланд мегӯянд, ё дастро болои сина мегузоранд, албатта, нофаҳмиҳо ба вуҷуд меояд, ин ки худ гуноҳ аст. Аммо ба ҷуз пайравони салафия ягон шохаи дигар дар масҷиди мо нестанд».

Пайдо шудани ҷараёнҳои нав, амсоли ваҳҳобия ва салафия, ки гӯиё ихтилофу баҳсҳои миёни аҳли суннатро дар Тоҷикистон тезутундтар мекунанд, натанҳо уламои исломӣ, балки намозгузоронро низ дар ташвиш гузоштааст. Мусалламан бисёриҳо аз амали салафиҳо ва дигар гурӯҳҳои навпайдои мазҳаби тасаннун дар Тоҷикистон ангушти ҳайрат мегазанд. Бо ин вуҷуд, ҳамаи ин ҳайратзадаҳо ихтилофу баҳсҳои гурӯҳҳои навпайдоро амали кӯчак мепиндоранд.

Бемуболиға, ҳоло дар як масҷид одамон ба се-чор навъ намоз адо мекунанд. Якеи онҳо пайрави мазҳаби ҳанафӣ, дигаре ваҳҳобияву моликия ва дигаре салафӣ. Ва аммо таҳлилгарон мегуянд, дар Тоҷикистон ки як кишвари деморкатӣ ва дунявй мебошад, шохаҳои мухталифи суннат ҳадафи сиёсй ва дар амалҳои худ ангезаи сиёсӣ надоранд ба ҷуз ҲизбуТаҳрир.

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз 2 сол пеш мазҳаби салафияро аз ҷумлаи омилҳои хатарзо барои амнияти миллии кишвар унвон карда буданд. Вале тавре ба назар мерасад, алайҳи пайравони ин равия дар Тоҷикистон кадом маъракаи густардаи таъқибу боздошт, чуноне ки бар зидди аъзои Ҳизби Таҳрир ва ё ҳаракати исломии Узбакистон ба роҳ андохтаанд, дида намешавад.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-10 (of 656)
Ном: mujib аз: tjk
28.02.2008 23:06

DAR JAVOBI SUOLI SOMONAYI OZODI,KI /SALAFIYAT:FITNA YO EHYOYI SUNNAT/JAVOBI MAN:FITNA.


Ном: FARUKHJON аз: ISFARA
22.02.2008 22:15

---Bo salom,barodar ABDULLO ,ba nazari man khub ast javobi barodari mo-ALAVIRO dar hamon safhayi khudash bidihand, va mo khud injo bahsi khudamonro doshta boshem,in ba khotiri muroot namudani tartibu nazm dar bahsamon ast,va illo baroi man hej farqe namekunad,chun suoloti barodar ALAVI suoloti man hastand,pas khub bud megufti javobi barodar FARUKH va ALAVIRO bidihed,chun man har ruz mioyam ba umede ,ki barodaron nazarashonro gufta boshand,ammo khabare nest.Namedonam dusti mo- Abuanas kujo shuda boshad,hamintavr AHMAD....Khudoyo, har jo hastand hofizashon boshi,Omin.


Ном: Alisher аз: Dyshanbe
21.02.2008 15:56

Ассалому алайкум боздидкунандагон ва ширкаткунандагони сомона!
САЛАФИҲО (ё ҳамон ваҳҳобиҳо) ба хотири качфаҳмияшон, зиёрати қабри ПАйғамбар(с)-ро “ширк” медонанд ва мегўянд: чун Пайғамбар(с) аз дунё рафтаанд (дағалтараш: мурдаанд) бинобар ин, зиёрати қабри он ҳазрат дигар маъно надорад (Дар ин мавзўъ сухан зиёд аст ва мо вориди он намешавем). АММО ЯК ЧИЗИ БИСЁР ХАНДАОВАРРО дар Мадинаи Мунаварра, дар сари қабри Пайғамбар(с) ИМРУЗҲО МУШОҲИДА МЕКУНЕМ:
Вақте шумо дохили Масҷиди Расулуллоҳ (с) мешавед, як бому ду ҳаворо тамошо мекунед: ҳар гоҳ хоҳем, ки бо Пайғамбари Акрам (с) гуфтугў карда он ҳазратро зиёрат кунем, милисаҳои салафи-ваҳҳоби мегўянд:
-“Он ҳазрат аз дунё рафтаанд ва ҳеч чизро намефаҳманд ва гуфтугўи шумо фоидае надорад”.
Вале ҳар гоҳ агар баланд сўҳбат карда фарёд занем, мегўянд:
-“Мутобиқи ояти шарифаи ﴿لا تَرفَعُوا أَصْوَاتَکُمْ فَوْقَ صَوْتِ النَّبِیّ﴾
Яъне: “садоятонро аз садои Пайғамбар (с) баландтар накунед” (сураи Ҳучурот ояти 2), ҳақ надоред назди қабри Пайғамбар (с) доду фарёд занед ва бо овози баланд суҳбат намоед, зеро он ҳазрат ҳозиру нозиранд ва садо баланд кардани шумо беодоби ва беэҳтироми аст” (Ачибаш ин аст, ки ин ояти шарифа дар болои қабри ПАйғамбар навишта шудааст).
Касе нест, ки аз он милисаҳои салафи-ваҳҳоби савол кунад:
-Агар Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) зинда аст, чаро намегузоред, ки зиёраташ кунем ва ба ў тавассул намоем ва табаррук чўем? Ва агар мурда аст ва (наузу биллоҳ) ҳеч чизро намефаҳмад ва намешунавад, пас чаро намегузоред, ки овозамонро дар пеши ў баланд кунем? Ба рости, агар Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) аз дунё рафтааст ва дигар чизеро намефаҳмад ва намешунавад, пас чаро мо ҳаққи баланд сўҳбат карданро дар назди қабраш надорем?


Ном: Abdullah аз: Tajikistan
21.02.2008 14:06

Ассалому Алайкум ... Бародарони Исломи , Акнун, ба Бародар Алави Чавоб бинависед то джавоби ин бародарро надихед шояд мавзуъи нав интихобаш мушкил шавад, зеро бо нуктае ишора кардааст, ки мухим ва зарур аст....


Ном: Farukhjon аз: ISFARA
19.02.2008 01:01

Bo salom khidmati duston.Umedvoram ,ki muvaffaq boshed.----Ammo barodar AHMAD,lutfan kame sabr kun to buzurgtarhoyat kadom bahsro intikhob mekunand,ongoh mo dar borayi on va oyaye ki gufti nazaramonro bidihem.AZ in ru boyad kame sabr kard to javobi baqiyayi duston chi ast.Kadom mavzuro intikhob mekunand-MUTA yo TAVASSUL.-------Ammo barodar ABU ABDURAHMON,taajub mekunad,in yak moh ,ki meshavad va in hama dalel ,ki baroi amsoli tu ovardaem,hamuzam nafahmidayi nazari barodar FARUKHJON va ABUANASRO ??? Akhiran nazari Oyatullo Makorimi SHeroziro nakhondi ,ki mavridi tayidi barodar ABDULLO ham shudaast,ammo tu kujoi kori ??? Barodar,roh dur va masoil farovon ast,agar inguna pesh biravem ba joye nakhohem rasuid...


Ном: Abu Abdurrahmon аз: kanada
18.02.2008 16:26

SALOM BARODAR ALI az tjk tu bo barodarat FURUKH aval binavised ki mi itiqod doremki harkas quronro tahrif guyad kogir meshvad mutobiqi oyati quron bad moham aqidai shumora nisbati quron bayon kunem.


Ном: Abu Abdurrahmon аз: kanada
18.02.2008 16:22

salom barodarho:barodar FARUKH mo muntaziri javobi tu hastemki peshnihodi barodar ABDULLOH RO HAL KUNED.


Ном: Alisher аз: Dyshanbe
18.02.2008 16:17

Ассалому алайкум боздидкунандагон ва ширкаткунандагони сомона. ИБНИ ТАЙМИЯ ва ИБНИ АБДУЛВАҲҲОБ , ки сардор ва поягузори САЛАФИЯ-ВАҲҲОБИЯ мебошанд, Худовандро чисм (ба руси: материя, тело) медонанд ва зоти поки Аллоҳро ба чизҳои чисми ташбеҳ (монанд) мекунанд. Дар таърих омадааст, ки ИБНИ ТАЙМИЯ ба хотири эътиқод ба тачсиму ташбеҳ, зиндони шудааст. Дар инчо гўшае аз суханони олимони диниро дар бораи "эътиқоди Ибни Таймия ба чисм (материя, тело) будани Худованд" мехонем:
1-Қози Субки мегўяд: "Аҳли тавҳид иттифоқ доранд, ки Худованд дар чиҳати хоссе нест, аммо баъзеҳо монанди Ибни Таймия ин боварро надоранд" (Табақотуш-шофиия, ч.9 саҳ.43).
2-Шайх Муҳаммад Абўзуҳра мегўяд: "Салафиҳо мўътақиданд, ки ҳар чи дар Қуръон ва ривоёт дар бораи сифатҳои Худованд омадааст, таъвилпазир нестанд, балки ҳамаашро бояд бар зоҳираш ҳамл кард... Ибни Таймия ҳам ҳамин боварро дорад" (Таърих-ул-мазоҳиб-ил-исломия, ч.1 саҳ.233).
3-Шайх Салим Албишри, раиси собиқи донишгоҳи Алазҳари Миср, мегўяд: "Аз чумла касоне, ки Худовандро дорои чиҳат медонад Ибни Таймияи Ҳанбали аст" (Фурқон-ул-Қуръон, Қазоъи, саҳ.72).
4-Ибни Ҳачари Ҳайтами мегўяд: "Ибни Таймия дар бораи Худованд иддиои чиҳат ва чисмоният кардааст" (Алчавҳар-ул-муназзам).
5-Дар китоби "Таърихи Абилфидоъ" воқеаҳои соли 705 ҳичрии қамари омадааст: "Ибни Таймия аз Димишқ ба Шом фиристода шуд ва чунки вай эътиқод ба чисму чисмонияти Худованд дошт, дар зиндон ҳабсаш карданд".


Ном: Абдусамад аз: Кулоб
18.02.2008 12:06

Бародар АбуАнас аз: муҳоҷир шумо дар номаи 15.02.2008 03:19 гуфтед:"он мурда агар коре карда метавонист дар зиндагияш бароӣ худаш мекард бародари азиз" ин чо савол аст, ки агар шахси мурда коре карда наметовонист чаро ту хангоми хондани дурудҳо мегуед "Асалмуалайка айханнбию ва рахматуллохи ва баракотуҳ" магар Паёмбари Худо(с)аз дунё нарафтааст??? чаро ту ба инсони мурда салом медихи??? бародарони хақчу як каме диққат кунед ва фареби бародар абуансро нахурде


Ном: Abu Abdurrahmon аз: kanada
17.02.2008 09:48

salom ba hama: BARODAR FARUKH VA ABU ANAS SHUMO AVAL BA KHOHISHI BARODAR ABDULLOH AZ DUSHANBE ZUDTAR JAVOB GUED BAD AZ ON BAHSRO IDOMA DIHED.KHOHISH MEKUNEMKI ZUDTAR PESHNIHODI ABDULLOH RO DAR TAHRIFI QURON JAVOB GUED.KHOSATAN BARODAR FARUKH MUNTAZIRI JAVOBI YU HASTEM.

Шарҳҳо 1-10 (of 656)