Пахши зинда

Ҳоло дар амвоҷ

Ояндасоз

Барномаи оянда

БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

facebook 

mymailru

Баҳс

Саволи Шумо ба Нобовар Чаноров ва гурӯҳи "Шамс"

19.08.2009

Гуфтугӯҳои мустақими интернетии мо идома мекунанд. Рӯзи ҷумъаи 28-уми август овозхон ва оҳангсози саршинос Нобовар Чаноров ба намояндагӣ аз гурӯҳи "Шамс" меҳмони хонандагони сомонаи мо шуд.

Нобовар ба оҳангу таронаҳои мардумӣ умри дубора мебахшад ва сафарҳои ҳунарии ӯ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Фаронса, Италия, Испания, Белгия, Русия ва кишварҳои дигар истиқболи гарм ёфтаанд.

Пурсишу дархости худро барои гуфтугӯи интернетӣ, ки рӯзи ҷумъаи 28-уми август, аз соати 16:00 то 18:00 ба вақти Душанбе баргузор шуд. Матни ин пурсишу посухро дар идомаи ин сафҳа бихонед.

Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 6
Ном: адам аз: бартанг
19.08.2009 16:49
барои шумо ба кадом забон хондани суруд осон аст бо точики ё помири
Дар посух

Ном: Нобовар аз: Душанбе
19.08.2009 16:49
Дар аввал мехоҳам ба мухлисон ва ба хонандагони торнамои Озодӣ ташаккур бигӯям.

Ба суоли Шумо чунин посух медиҳам, ки барои ман ҳар дуи ин забон як ҳастанд ва ҳар ду забони ман ҳастанд ва бароям бо ин ду забон сурудан осон аст. Ман ин забонҳоро аз ҳам ҷудо намедонам, ҳар ду як ҳастанд барои ман

Ном: Sanam аз: tojikiston
19.08.2009 16:56
Nobovar,salom.Charo vaqthoi ohir dar tv kam mebaroed?
Дар посух

Ном: Нобовар
19.08.2009 16:56
Ман ба телевизион кам рафтаам, қариб нарафтаам. Танҳо дар соли 1997 рафта будам, вақте суруди аввалро сабт кардем. Дигар нарафтаам.

Дигар чизе ки дар ТВ намоиш медиҳанд, аз консертҳост. Ман сабтҳои нав надорам дар ТВ. Фикр мекунам, ки аз ин рӯ сабтҳои кӯҳнаро кам намоиш медиҳанд.

Ном: Сиёвуш аз: Душанбе
19.08.2009 17:08
салом ба Нобовар ва гурухи Шамс!
саволхои ман.
Шумо то кай моли гузаштагонро,ки вокеъан хам хуб эчод шудаанд месароед.
Дар эчодатон хама охангохои мардуми Бадахшонанд хеч нияти сурудани охангохи мардумии дигар минтакои Точикистонро надоред.
Дар Точикистон мируз аз нигохи Шумо сарояндае ё гурухи хунарие хаст ки дар сатхи байналмилали тавонад санъати точикро муаррифи кунад.
ташакур.
Дар посух

Ном: Нобовар
19.08.2009 17:08
1) Хуб аст, ки Сиёвуш ба эҷодиёти мо ин қадар аҳаммият медиҳад ва огоҳ аст. Ташаккур ба Шумо. Вале эҷодиёти мо на танҳо аз моли гузаштагон иборат аст. Аз эҷодиёти гузаштагон баҳра гирифтан кори хуб аст дар тамоми соҳаҳо. Моли гузаштагонро набояд фаромӯш кард. Мо моли гузаштагонро бо равиши нав истифода мебарем. Вале дар ҳамин ҳол, дар эҷодиёти мо сабтҳои нав низ ҳастанд.

2) Агар ба эҷодиёти мо камтар бештар диққат диҳед, мебинед, ки аллакай аз албоми аввал мо, гурӯҳи Шамс, ҳам аз ҷануб аст, ҳам аз шимол аст, то ҳатто аз услубҳои хурд истифода шудаанд. Масалан, суруди "Салому сад салом...", дар ин суруд ҳам аз услубҳои Хатлон ва Бадахшон бо микси аврупоӣ ба мухлисон пешкаш шудааст.

Сурудҳое, ки гурӯҳи "Шамс"-ро ба боло бардоштаанд, дар он сурудҳо аз тамоми минтақаҳои Тоҷкистон истифода шудаанд. Бодиққаттар бошед.

3) Бале. Ҳастанд сарояндаҳо ва чунин гурӯҳҳо. Ном намегирам, вале мегӯям ки ҳастанд. Танҳо бештар бояд кор кард ва пул лозим доранд. Аммо онҳое, ки чунин ҳунарро доранд, ҳастанд.

Ном: Doro аз: Khatlon
19.08.2009 18:36
Akai Nobovar, Shumo dar jodai hunar kiro ustodi khudaton hisob mekuned?
Дар посух

Ном: Нобовар
19.08.2009 18:36
Ман ҳунарро аз хонадони худ ёд гирифтаам, аз падари худам. Падари ман хеле хуб месароиданд, менавохтанд. Амӯям, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Муродбек Рамазонов ба ман бисёр чизҳоро ёд додааст. То ҳанӯзам устодони зиёд дорам, аз ҳар кас чизеро ёд мегирам.

Ном: Хабиб аз: Русия
19.08.2009 18:45
Имруз берун аз Точикистон груххое фаъолият доранд, ки ( албатта зери назорати раведкахои хоричи) точикони бадахшонро "мы памирцы" гуфта аз дигар точикон чудо месозанд. Агар хар яки мо худро - памирец, гармец, согдиец, кулябец, бигуем пас фардо аз точику Точикистони хурдакаки мо чи хохад монд? Андешаатонро дар ин бора фахмидан мехостам.? Дар амони Худованд бимонед!
Дар посух

Ном: Нобовар
19.08.2009 18:45
Афсӯс мехӯрам, аз ин ки то ҳанӯз ҳам дар миёни мо ин гуна гапҳо ҳастанд. То чӣ андоза ин гуна корҳо дар зери разведкаи хориҷӣ ҳаст, ман дарак надорам. Он ки касе худро "памирес", "кулябетс" ё ки "согдиетс" мегӯяд, шаҳодат аз пастии он одам аст. Танҳо ҳарфе, ки нисбат ба ин одамон дорам, афсӯс аст.

Ном: Adiba аз: Dushanbe
19.08.2009 21:43
Nobovarjon avvalan salomi maro qabul kuned.
sawoli man chunin ast: 5 nafar odamoni mashuri dunyoro nombar kuned, ki bo onho suhbat kardan mekhohed?
Дар посух

Ном: Нобовар
19.08.2009 21:43
Ташаккур, Адиба. Мехостам, пас аз чунин суол бо худи Адиба сӯҳбат кунам.

Хуб, посух ба суоли шумо, мехостам бо Стинг сӯҳбат бикунам, ба пояи сӯҳбати Пауло Коэлйо бишинам. Афсӯс, ки шодравон Лоиқ Шералӣ дигар дар қайди ҳаёт нестанд, вагарна мехостам аз сӯҳбати устод низ баҳравар шавам.

Мехостам, бо падарам сӯҳбат бикунам, ки пас аз ин ҳама корҳое, ки то имрӯз анҷом додаам, ба ман чӣ мегуфт....Афсӯс, ки ин номумкин аст.

Ном: Suhrob аз: Rasht
19.08.2009 22:57
Salom Nobovar
Shumo kadom khislati khudro namepisanded?
Zinda boshed
Дар посух

Ном: Нобовар
19.08.2009 22:57
Воалейкум салом, Сӯҳроб.

Ҳарчанд номи ман Нобовар аст, вале ин маънои нобоварро надорад. Зудбовар ҳастам ва ин хислатам ба ман маъқул нест. Бисёр бовар мекунам.

Хислатҳои зиёди дигар низ дорам, ки ба ман писанд нестанд.

Ном: X
20.08.2009 04:50
Salom barodar. mekhostam bifahmam ki dar kadom sait mo metavonem hamai surudhoi shumoro paydo namoem?
Дар посух

Ном: Нобовар
20.08.2009 04:50
Мо сайти махсуси гурӯҳи "Шамс"-ро надорем ва сайти махсуси Нобовар Чаноров низ мавҷуд нест. Танҳо дар ЮТюб ва дигар сайтҳои мусиқии тоҷикӣ сурудҳои моро пайдо карда метавонед

Ном: далер. аз: н Рудаки
20.08.2009 08:09
Шумо хам худро дар хорич аз Точикистон "Памирец" муаррифи мекунед ё мегуед точикам.
Шумо хам дар туихо хизмат мекунед агар ха хакки хизмататон чанд сомони хаст.
Дар посух

Ном: Нобовар
20.08.2009 08:09
1) Ман ба хориҷа бисёр сафар мекунам. Фикр мекунам, аз миёни ҳамаи ҳунармандонамон бештар ман сафар мекунам. Ва то он дараҷа бефарҳанг ва бемаданият нестам, ки дар он ҷо гӯям, ман "памиретс". Ба ҳар ҷое, ки рафтаам, дар ҳар ҷое, ки сидиҳои мо сабт мешаванд, дар он ҷо навишта шудааст: "Группа, Шамс. Таджикистан".

Шумо агар дар интернет ҳар ҷо ҷустуҷу мекунед, дар ҳама торнамоҳои хориҷӣ навишта шудааст, группа "Шамс", Таджикистан. Дар як сайти фаронсавӣ навишта шудааст, "Шамс" - Битлзи Тоҷикистон".

2) Бале, дар туйҳо баромад мекунем, ҳунарманд бояд дар миёни мардум бошад. Хушбахтона, маро ба туйҳо ба тамоми минтақаи Тоҷикистон, ба шимолу ҷануб, русу узбак моро даъват мекунанд ва мо хидмат мекунем. Худоро шукр мегӯям, ки моро дӯст медоранд ва мо онҳоро дӯст медорем.

Ном: замира
20.08.2009 13:29
Замира аз Душанбе
Албоми нави Шумо кай мебароядэ
Дар посух

Ном: Нобовар
20.08.2009 13:29
Одатан, дар як албом гурӯҳҳо 10-12 суруд таҳия мекунанд.
Дар албоми мо бошад 21 суруд аст, агар диққат дода бошед, яъне як албоми мо баробар ба ду албоми маъмулӣ аст....Ман гуфта наметавонам, ки мо кай албоми нави худро мебарорем. Чаро? Зеро, вақте мо суруди нав мехонем, ки агар он дар албоми нав бошад, пас аз чанд муддат ин сурудро дар албоми кӯҳна суруди 22-юм карда, ба фурӯш мебароранд...
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 6

Тозатарин матолиб

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил