Шанбе, Феврал 04, 2012 Соат ба вақти Душанбе 20:50

Ёрии фаннӣ барои сомонаи "Озодӣ"

Пурсишҳои маъмулӣ

Чӣ тавр метавон забти овозро дар сомона шунид?

Аксари барномаҳои садоӣ дар ин сомона корбаст шудаанд ва вобаста ба пайкарбандии компютери Шумо метавонанд, наворҳои MP3-ро дар шаклҳои гуногун бозӣ кунанд.

Агар Шумо корпояи Windows-ро истифода мекунед, барномаи садоии он бояд ба таври ҳатмӣ насб шуда бошад. Беҳтарин барнома дар ин маврид Windows Media Player 9 ва ё навтари он мебошад.

Агар Шумо аз Real Player истифода мекунед, бояд нусхаи 10 ё навтари онро ба кор баред.

Барои шунидан нармафзори махсус зарур аст. Барои ин метавонед, Real Player ё Windows Media Player-ро аз сомонаҳои марбут ба ин барномаҳо берун оварда, дар компютери худ пиёда созед.

Агар хатти пайвандии Audio-ро фишор додаму садое дарнаёмад, бояд чӣ кор кунам?
Агар нармафзори садо дар компютери Шумо нав ва фарогирифти он ба дараҷаи кофӣ паҳн аст, пас мумкин аст, ба табдили муқаррароти сипар (Firewall)-и худ ниёз доред, то ба вуруди маҷрои расонаӣ роҳ диҳад. Бадбахтона, ҳар мушкили мушаххас метавонад роҳҳои гуногуни ҳал дошта бошад. Агар дар корхонаед ва ё Интернет-кафе аз маъмури фаннӣ кӯмак гиред.

Сомона бо кадом "бинишвар"(browser) кор мекунад?
"Озодӣ" қариб бо ҳамаи бинишварон кор мекунад, аммо он дар Internet Explorer 7.x ва Mozilla Firefox 1.x ё 2.x ба беҳтарин шакл намудор мегардад.

Чӣ тавр мешавад сомонаи "Озодӣ"-ро ба сафҳаи оғозгар табдил дод?

Ҳаноми истифода аз Internet Explorer 6 ё навтар барои Windows

  • Феҳрасти "Tools"-ро боз ва "Internet Options-ро фишор диҳед.
  • Лавҳаи "General"-ро боз кунед.Дар қисмати болоии лавҳа бахши "Home Page" мавҷуд аст.
  • Дар рӯбарӯи "Address" нишонии http://www.ozodi.org-ро нависед.
  • Тугмаи "OK"-ро дар поёни лавҳа фишор диҳед.

Firefox 2.x барои Windows

  • Феҳрасти "Tools"-ро боз ва "Options-ро фишор диҳед.
  • Лавҳаи "Main"-ро интихоб кунед.
  • Дар хоначаи "Home Page" нишонии http://www.ozodi.org-ро бинависед.
  • Тугмаи "OK"-ро дар поёни лавҳа фишор диҳед.

Firefox 2.x барои MacOS X

  • Феҳрасти "Tools"-ро боз ва "Options-ро фишор диҳед.
  • Лавҳаи "Main"-ро интихоб кунед.
  • Дар хоначаи "Home Page" нишонии http://www.ozodi.org-ро бинависед.
  • Тугмаи "OK"-ро дар поёни лавҳа фишор диҳед.
Агар боз ҳам мушкиле доштед, луфтан дар бораи он ба мо бо имейл хабар диҳед.