Пахши зинда

Ҳоло дар амвоҷ

Ояндасоз

Барномаи оянда

БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

facebook 

mymailru

Муҳаммадраҳими Сайдар (20.01.1952 -- 03.01.2010)

Ҳамкори мо, хабарнигори Радиои Озодӣ дар Русия, Муҳаммадраҳими Сайдар шоми якшанбеи 3-вуми январ дар синни 57-солагӣ дар бемористони шаҳри Тулаи Русия аз ҷаҳон чашм пӯшид. Хабари шум дар ҳоле расид, ки зиёда аз ду моҳи охир Муҳаммадраҳим аз бемории диабети қанд азият мекашид ва дар бемористон зери назари пизишкон буд. Идома

Яке аз ҳазорон дарди Сайдар

Октябр 08, 2009

Марги миллат аз мурдани забон ибтидо мегирад

Забони модарии худро гум кардани ҳазорон бачаи тоҷик дар Русия андӯҳи ғамбор барои донишмандони муҳоҷири тоҷик дар ин кишвар шудааст. Профессори забоншиноси тоҷики муқими Маскав Боғшоҳи Лашкарбек ин равандро фоҷеъаи миллӣ мешуморад ва мегӯяд, ҳар қавме, ки забони худро аз даст дод, оянда нахоҳад дошт, дар ҳоле ки забон нирӯи фарҳангӣ ва шиносномаи миллат аст. Идома

Феврал 14, 2004

Шумораи тоҷикони муқими Русия афзудааст

Дар гузориши расмии Кумитаи давлатии омори Русия дар робита ба натиҷагирии саршумории соли 2002-ум гуфта мешавад, шумораи тоҷиконе, ки шаҳрвандии Русияро пазируфтаанд, аз 40 ҳазори соли 1989 дар соли 2002 то 120 ҳазор афзоиш ёфтааст. Идома

Марсия

Дар сӯгвории Устод Муҳаммадраҳими Сайдар


Дар мазори мо «ғарибон» не чароғе, не гуле,
Не пари парвона сӯзад, не садои булбуле.
                                               Махфӣ

Сад оҳу дареғ ровии ин маҳфили мо рафт,
Ногуфта ҳазорон сухани меҳру вафо рафт,
Дар ғурбату дар беватанӣ софу адо рафт,
Бо рангу рухи зарди зарандуда азо рафт,
Аз Ғарм сафар карду ба Раштони бақо рафт,
Озодсухангӯи дилу гӯшу садо рафт.

Он ёр, ки дидору дилаш давлати мо буд,
Неку сухану нек раву нек садо буд,
Дар илми маониву адаб дидабаро буд,
Дар ҳар хабараш васфи ғарибони Худо буд,
Дарди дили сад ҳамватани бесару по буд,
Сад захм дар он дидаву дил аз бари мо рафт.

Ӯ булбули саргаштаи сад боғу чаман буд
Ҳар ҷо ки сафар кард дилаш сӯи Ватан буд,
Ӯ марди ба фарҳангу ба номусу ба фан буд,
Ҳар рӯз ба сад хотира фарёд расан буд,
Озурда дил аз рӯзи ғарибони ватан буд,
Ҳоло ки ба анҷоми сафар сӯи Худо рафт.

Сайдар, ки дараш Шаҳринави қалъаи Исток,
Ӯро, ки «Сияҳ об» бипарвардаву ин хок,
Инҳо ҳама имрӯз ба дарди дили ғамнок,
Ёрону бародар ҳама бо синаи садчок,
Сад оҳу фиғон аз дили ёрон ба дили пок,
Сад дод, ки доди сухани сулҳу сафо рафт.

Он марди хирадпеша хирадпора забон дошт,
Дур аз Ватани хеш «ПАЁМ»-е зи Каён дошт,
Озурдаву ранҷуру хазон кори замон дошт,
Ҳар рӯз зи асрори ҷаҳон гуфту гумон дошт,
Дар сад дилу сад дидаи ҷомиа макон дошт ,
Бе савмааву ҷомиа бо дасти дуо рафт.

Муҳаммадназар Мирзода ш.Санкт-Петербург 04.01.2010

Қироати марсия бо садои худи муаллиф.

Аксҳои ками Сайдар

























"Танҳо садост, ки мемонад..."

Январ 22, 2010

Нишасте дар зодрӯзи Сайдар Видео

Радиои «Озодӣ» бо мусоидати Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон дар Душанбе аз зодрӯзи Муҳаммадраҳими Сайдар, хабарнигори радиои «Озодӣ» ва нависандаи шириёбаёни тоҷик таҷлил кард. Идома

Январ 20, 2010

Шоми ёдбуди Муҳаммадраҳими Сайдар Акс ва садо

Дафтари Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили ёдбуди журналист ва нависанда Муҳаммадраҳими Сайдарро ба муносибати зодрӯзаш баргузор карданд. Идома

Январ 08, 2010

Ёдбуди Муҳаммадраҳими Сайдар ва Маҳин Гурҷӣ Акс ва садо

Дар бинои марказии Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ дар шаҳри Прага маҳфили ёдбуди хабарнигори Бахши тоҷикӣ Муҳаммадраҳими Сайдар ва корманди Радиои Фардо Маҳини Гурҷӣ, ки бо даргузашти нобаҳангоми худ, дили ҳамкоронро хун карданд, баргузор шуд. Идома

Тоҷикистон ва Русия

Муҳоҷирони тоҷик

[11.02.2004] Куштори Хуршедаи нуҳсола дар Санкт-Петербург
[14.02.2004] Шумораи тоҷикони муқими Русия афзудааст
[02.06.2004] Нисои дардманд, вале муштоқи зиндагиро наҷот диҳед Садо
[08.07.2004] Печидагиҳои сиёсати муҳоҷиратии Русия Садо
[25.09.2004] Занони тоҷик дар муҳоҷирати иқтисодӣ
[30.09.2004] Нотифоқии ҷомеъаҳои тоҷик дар Русия Садо
[03.10.2004] Чеҳраи ҳафта: "Созмонҳои тоҷикии Русия" Садо
[17.03.2005] "Биҳишти нақд"-и мардуми Осиёи Марказӣ дар Маскав
[29.04.2005] Боздошти се милисаи Русия бо айбномаи рабоиши муҳоҷирони тоҷик
[26.08.2005] Мақоми қонунӣ ба тоҷикони Маскав
[25.10.2005] Ҳалокати як муҳоҷири дигари тоҷик дар Тула
[19.03.2002] Котенков мегӯяд: "Манзурам мушаххасан тоҷикон на, балки онҳоест, ки дар кӯчаҳо гадоӣ мекунанд"
[19.04.2002] "Сартарошида"-ҳои Маскав ба хориҷиён таҳдид мекунанд
[06.04.2003] Мақомоти вилояти Астрахан мегӯянд, қатори Душанбе-Астрахан барои онҳо дарди сар меорад
[25.04.2003] Дар шаҳри Кирови Русия як тоҷик кушта шуд
[27.05.2003] Полиси Русия як муҳоҷири тоҷикро кушт
[10.06.2003] ФСБ шаҳрвандони Тоҷикистонро боздошт кард
[02.07.2003] Панҷоҳ зани "бандӣ"-и тоҷикро раҳо карданд
[11.07.2003] Сарсониву саргардонии беш аз 300 муҳоҷири кории тоҷик дар Кемеровои Русия
[13.07.2003] Дар Русия 40 ҳазор тоҷик зиндонӣ аст
[15.07.2003] Муҳоҷирони тоҷикро аз Омск берун мекунанд
[29.07.2003] Мурофиаи қотилони муҳоҷирон ба таъхир афтод
[31.07.2003] Аз КАМАЗ боз 200 кило ҳероин ёфтанд
[11.08.2003] Сафари бонувони ҳуқуқшиноси тоҷик ба Маскав
[21.09.2003] Як тоҷик дар Ижевск боздошт шуд
[23.10.2003] Боз як гуруҳи дигари муҳоҷиронро меронанд
[23.11.2003] Душанбе ба ёди муҳоҷиронаш афтидааст
[29.11.2003] Номаи нави муҳоҷирони кории тоҷик ба раҳбарони Тоҷикистон

Фарҳанг ва ҳунар

Хотираҳо

Номаҳои ҳамдардӣ

Блогистон

Аксҳои наве аз Муҳаммадраҳими Сайдар Нигористон

Имрӯз чанд акси Муҳаммадраҳими Сайдар ба дасти мо расид ва хотираҳои...

Идома
Муҳаммадраҳими Сайдар, акс аз хазина

Блогистон

Ӯ худ буд

Муҳаммадраҳими Сайдар, нависанда ва рӯзноманигори тоҷик дар синни...

Идома

Тоҷикистон

Бигзор, то бигирям...

Бо сипосгузорӣ аз ҳама Шумо, хонандагон ва шунавандагони арҷманд.

Идома

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил