Шанбе, Феврал 04, 2012 Соат ба вақти Душанбе 21:34

Тозатарин видео

Берунорӣ

Ба овозаҳо бовар мекунед?

Овоза хабари тасдиқнашудаест, ки бо гузаштан аз даҳон ба даҳон бузургтар шуда, сарчашмаи он пинҳон мемонад. Овоза метавонад, ба инсон осеб расонад, вале ҳамзамон имкон дорад, ӯро машҳуру матлуб кунад...

Матолиби ҳамсон

Идома

 

Нигористон “Имом омад!”

Рӯзи 1-уми феврал дар Теҳрон солгарди 33-юми бозгашти Оятуллоҳ Хумайниро бо як маросими аҷибе таҷлил карданд. Дар ин маросим ба монанди 1-уми феврали соли 1979 як сурати қоғазии Имом Хумайниро аз ҳавопаймо фароварданд ва ӯро издиҳоми бузург “пешвоз” гирифт. Ин маросим бахше аз Даҳаи Фаҷр буд. Даҳаи Фаҷр 10 рӯзест, ки аз бозгашти имом Хумайнӣ дар 1-уми феврали соли 1979 то пирӯзии инқилоби исломӣ дар 11-уми феврали ҳамон сол гузашт...

Видео Ваҳм, ошуфтагӣ ва нобоварии ҷавонони тоҷик

Ҷавонони ҳозира ором нестанд, мегӯяд яке аз ҳамсӯҳбатони мо дар хиёбони Душанбе. Зеро ба қавли ӯ мушкилоти зиёди ҷомеа ба равони онҳо таъсир гузоштааст...

Видео Рӯҳонии шаманро ба додгоҳ кашидаанд

Рӯҳонии саршиноси "тенгриизм, ҷунбиши динии тоисломӣ, Кубанчибек Тезекбоев дар додгоҳ ба ангехтани бадбинии динӣ ва мазҳабӣ айбдор шудааст. Дини қадимии шаманизм дар байни ақвоми туркнажод, аз ҷумла қирғизҳо то омадани Ислом густариш дошт. Вақтҳои охир "тенгрипарастӣ", ки зиндагии ҳамсоз бо табиатро таблиғ мекунад, эҳё мегардад ва сабаби танқиди сахти рӯҳониёни Ислом қарор мегирад.


Видео

Видео Артиши Сурия ба канораи Димишқ ҳамла кард

Нерӯҳои давлати Сурия шӯришиёнро дар наздикии Димишқ ҳадаф қарор доданд ва канораҳои шарқии пойтахтро дубора зери назорат дароварданд. Даргириҳо дар ин ҷо ду рӯзи охир идома дошт. Аз шурӯи нооромиҳо бори аввал аст, ҷанг ба Димишқ ин гуна наздик омадааст.

Видео Ба адолати додгоҳӣ бовар доред?

Имрӯз кам касеро мешавад пайдо кард, ки ба адолати додгоҳӣ дар Тоҷикистон бовар дошта бошад. Гувоҳи он муроҷиат ва номаҳои бешумори шаҳрвандон ба номи раисиҷумҳури Тоҷикистон, созмонҳои байнулмилалӣ ва нашрияҳои кишвар барои додхоҳӣ аст...


Видео "Фирори мағзҳо"-ро чӣ гуна пешгирӣ кунем?

Солҳои ахир дар баробари муҳоҷирати корӣ шумораи афроде, ки зиндагиву кор дар хориҷ аз Тоҷикистонро ихтиёр мекунанд, меафзояд. Пеш аз ҳама онҳое барои зиндагии доимӣ дар кишварҳои хориҷӣ мемонанд, ки донишу ҳунар ва ихтисос доранд...

Видео Иҷораи замин ба чиниҳо

Тоҷикистон садҳо гектар замин дар ноҳияҳои ҷанубии худро ба кишоварзони чинӣ ба иҷора хоҳад дод. Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ин заминҳо ба истилоҳ заминҳои "партоб" мебошанд. Аммо сокинон мегӯянд, ба иҷора додани замин ба чиниҳо тасмими хубе нест. Шумо чӣ мегӯед?


Видео Одатҳои нописанди Шумо

Инсонҳо ҳамеша аз кадом як хислату рафтор ва одатҳои худ норозӣ ҳастанд. Одатҳое, ки на танҳо барои худи он фард, ҳамчунон барои дигарон низ номақбул аст. Ин хислату одатҳо албатта заъфи инсон аст ва тарк кардани он хеле сангин ва ҳатто номумкин мебошад. Ин чӣ одатҳое ҳастанд? Шумо кадом одати худро дӯст намедоред ва хостори гум карданаш ҳастед? Роҳгузарон дар ин видео хислату одатҳои номақбули худро фош карданд. Оё шумо ҳам одату рафторе доред, ки барои худатон мақбул нест?

Видео Оё ҳуқуқи муаллиф ҳифз мешавад?

Дар Тоҷикистон нусхабардории китоб, копихонии тарона ва аз роҳи тақаллуб дастрасу фурӯхтани филм як амри маъмулист. Аммо дар кишварҳои дигар ин гуна "дуздӣ" метавонад паёмади нохуш дошта бошад. Ба назари Шумо, чаро?


Бойгонии видео

Матлаби бештар